https://sputnik.tj/20250615/tarikhsozi-judokoron-tojik-qahramoni-jahon-1068141922.html
Таърихсозии Эмомалӣ ва Ҷебов дар Қаҳрамонии ҷаҳонии ҷудо
Таърихсозии Эмомалӣ ва Ҷебов дар Қаҳрамонии ҷаҳонии ҷудо
Sputnik Тоҷикистон
Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо-2025 аз 13 то 20 июн дар Будапешт идома дошта, пас аз рақобатҳои инфиродӣ бо Чемпионати ҷаҳон байни дастаҳои омехта баргузор... 15.06.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-06-15T11:55+0500
2025-06-15T11:55+0500
2025-06-15T12:01+0500
дар тоҷикистон
дзюдо
навигариҳои варзиши тоҷикистон
қаҳрамонии ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/05/1067223001_0:160:3074:1889_1920x0_80_0_0_5d522f6a5529da49651caba36d6c9345.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо ду медал ба даст оварданд. Ҳамин тавр, тими яккачини кишвар дар рӯзи дуюми мусобиқа соҳиби нуқра ва биринҷӣ шуд. Эмомалӣ Нуралӣ бо қувваозмоиҳои шоиста то ба финал расиду нуқраро ба даст овард. Ӯ дар даври аввал озод буд ва дар марҳалаҳои баъдӣ рақибонаш Нието Чинор аз Испания, Важа Маргвелашвилӣ аз Гурҷистон ва ҳамватанаш Обид Ҷебовро шикаст дод.Дар финал дар вазни то 66 кило ӯ бо рақиби қавии ҷопонияш Такеока Такешӣ вохӯрд, аммо дар ниҳоят аз шикаст хӯрду мақоми дуюмро гирифт. Обид Ҷебов (-66 кг) низ баромади ҳангомасоз дошт. Ӯ дар рақобати аввалина намояндаи Маҷористон ва дар даври дуюм варзишкори русиягӣ Рамазон Абдуллоевро шикаст дод.Дар даври чаҳорякниҳоӣ паҳламони тоҷик яке аз устураҳои ҷудои Ҷопон Хифуми Абэро аз пой даровард, ки ҳангомасоз гардид. Ҷебов тавонист шашсола ғалабаҳои пайдарҳами Хифуми Абэро поён диҳад. Зеро Абэ дар ин муддат ду бор Қаҳрамони Олимпиада, чаҳор бор Қаҳрамони ҷаҳон ва 12 маротиба ғолиби мусобиқаҳои Grand Slam шуда, шикастро надида буд.Дар нимфинал ӯ бо ҳамватанаш Эмомалии Нуралӣ шикаст хӯрд ва барои медали бинҷӣ ҳарифи номдори фаронсавияш Валид Кярро мағлуб кард ва соҳиби зинаи сеюм шуд.Маврид ба зикр аст, ки то кунун дар ҷунин мусобиқа Тоҷикистон танҳо ду биринҷӣ дошт, якеро Расул Боқиев соли 2007 дар Рио-де-Жанейро ва Сомон Маҳмадбеков соли 2024 дар Абу-Даби ба даст оварда буданд.Эмомалӣ аввалин нуқраро дар чунин мусобиқоти бонуфуз ва Ҷебов сеюмин нуқраро ба кишвар меоранд.Бар асоси эълони баргузоркунандагони чорабинӣ дар дар баробари бурд Эмомалии Нуралӣ ҳамзамон соҳиби 15 ҳазор евро ва Ҷебов 8 ҳазор евроӣ мешаванд.
https://sputnik.tj/20250428/judokoroni-tojik-qahramoni-judoi-osiyo-medal-1067149681.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/05/1067223001_172:0:2903:2048_1920x0_80_0_0_39d25a0b702e1104671b43478ac766f5.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, дзюдо, навигариҳои варзиши тоҷикистон, қаҳрамонии ҷаҳон
дар тоҷикистон, дзюдо, навигариҳои варзиши тоҷикистон, қаҳрамонии ҷаҳон
Таърихсозии Эмомалӣ ва Ҷебов дар Қаҳрамонии ҷаҳонии ҷудо
11:55 15.06.2025 (Навсозишуда: 12:01 15.06.2025) Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо-2025 аз 13 то 20 июн дар Будапешт идома дошта, пас аз рақобатҳои инфиродӣ бо Чемпионати ҷаҳон байни дастаҳои омехта баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо ду медал ба даст оварданд.
Ҳамин тавр, тими яккачини кишвар дар рӯзи дуюми мусобиқа соҳиби нуқра ва биринҷӣ шуд.
Эмомалӣ Нуралӣ бо қувваозмоиҳои шоиста то ба финал расиду нуқраро ба даст овард. Ӯ дар даври аввал озод буд ва дар марҳалаҳои баъдӣ рақибонаш Нието Чинор аз Испания, Важа Маргвелашвилӣ аз Гурҷистон ва ҳамватанаш Обид Ҷебовро шикаст дод.
Дар финал дар вазни то 66 кило ӯ бо рақиби қавии ҷопонияш Такеока Такешӣ вохӯрд, аммо дар ниҳоят аз шикаст хӯрду мақоми дуюмро гирифт.
Обид Ҷебов (-66 кг) низ баромади ҳангомасоз дошт.
Ӯ дар рақобати аввалина намояндаи Маҷористон ва дар даври дуюм варзишкори русиягӣ Рамазон Абдуллоевро шикаст дод.
Дар даври чаҳорякниҳоӣ паҳламони тоҷик яке аз устураҳои ҷудои Ҷопон Хифуми Абэро аз пой даровард, ки ҳангомасоз гардид.
Ҷебов тавонист шашсола ғалабаҳои пайдарҳами Хифуми Абэро поён диҳад. Зеро Абэ дар ин муддат ду бор Қаҳрамони Олимпиада, чаҳор бор Қаҳрамони ҷаҳон ва 12 маротиба ғолиби мусобиқаҳои Grand Slam шуда, шикастро надида буд.
Дар нимфинал ӯ бо ҳамватанаш Эмомалии Нуралӣ шикаст хӯрд ва барои медали бинҷӣ ҳарифи номдори фаронсавияш Валид Кярро мағлуб кард ва соҳиби зинаи сеюм шуд.
Маврид ба зикр аст, ки то кунун дар ҷунин мусобиқа Тоҷикистон танҳо ду биринҷӣ дошт, якеро Расул Боқиев соли 2007 дар Рио-де-Жанейро ва Сомон Маҳмадбеков соли 2024 дар Абу-Даби ба даст оварда буданд.
Эмомалӣ аввалин нуқраро дар чунин мусобиқоти бонуфуз ва Ҷебов сеюмин нуқраро ба кишвар меоранд.
Бар асоси эълони баргузоркунандагони чорабинӣ дар дар баробари бурд Эмомалии Нуралӣ ҳамзамон соҳиби 15 ҳазор евро ва Ҷебов 8 ҳазор евроӣ мешаванд.