https://sputnik.tj/20250528/vazironi-difoi-spad-naqshai-hamkori-nizomir-tasvib-1067500045.html
Вазирони дифои СПАД нақшаи ҳамкориҳои низомиро тасвиб карданд
Вазирони дифои СПАД нақшаи ҳамкориҳои низомиро тасвиб карданд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Бишкек ҷаласаи Шӯрои вазирони дифои кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъи (СПАД), аз ҷумла бо ҳузури вазири дифои Тоҷикистон баргузор шуд
2025-05-28T16:49+0500
2025-05-28T16:49+0500
2025-05-28T16:49+0500
дар тоҷикистон
спад
бишкек
амният ва мудофиа
ҷаласаи вазирони мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/1c/1067498022_0:32:1280:752_1920x0_80_0_0_a3f4160fdf65df5f5ada1b74c700857a.jpg
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Вазирони дифоъи кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) дар ҷаласаи Шӯрои вазирони дифои ин созмон тарҳи ҳамкориҳои низомиро тасвиб карданд.Консепсияи мазкур ба давраи ҳамкорӣ барои солҳои 2026-2030 рабт дорад, хабар медиҳад дафтари матбуоти вазорати дифои Қирғизистон.Бояд қайд кард, ки ҷаласаи мазкур дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор шуд.Дар ин чорабинӣ вазири дифои Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода ширкат дошт."Дар ҷаласаи Шӯрои вазирони дифои СПАД "Нақшаи рушди ҳамкориҳои низомии кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ барои солҳои 2026-2030" баррасӣ ва тасвиб шуд", - омадааст дар хабар.Илова бар ин, вазирони дифоъ фаъолияти нерӯҳои дастаҷамъии Созмонро, ки бояд бомуваффақият ба чолишҳо ва таҳдидҳо дар минтақаи масъулияти СПАД муқовимат намуда, омодагии ҷангӣ ва маҳорати нирӯҳои ин иттиҳодияро такмил диҳанд, баррасӣ карданд.Гуфта мешавад, ки дар ин ҷаласа дар бораи бархӯрдҳои бунёдӣ барои таҳкими амнияти дастаҷамъии ин созмон, беҳбуд ва рушди ҳамкориҳои низомӣ миёни кишварҳои узви СПАД, такмили низоми идоракунӣ, омодасозии муштараки нерӯҳои амниятии дастаҷамъӣ ва дороиҳо таъкид шудааст.Дар нишасти вазирони дифои кишварҳои узви СПАД дабири кулли СПАД Имангалӣ Тасмағамбетов, вазири дифои Русия Андрей Белоусов, роҳбарону намояндагони вазоратҳои дифои Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон, инчунин намояндагони котиботи ин созмон ва Ситоди муштарак ширкат доштанд.
https://sputnik.tj/20250519/spad-sozish-dushanbe-bishkek-subot-osiyo-markazi-musoidat-1067386442.html
бишкек
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/1c/1067498022_92:0:1237:859_1920x0_80_0_0_517263b6c4cb33d241d8b1db4aace0fa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, спад, бишкек, ҷалса, вазири дифоъ, ҳамкорӣ, тасвиб
тоҷикистон, спад, бишкек, ҷалса, вазири дифоъ, ҳамкорӣ, тасвиб
Вазирони дифои СПАД нақшаи ҳамкориҳои низомиро тасвиб карданд
Дар Бишкек ҷаласаи Шӯрои вазирони дифои кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъи (СПАД), аз ҷумла бо ҳузури вазири дифои Тоҷикистон баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Вазирони дифоъи кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) дар ҷаласаи Шӯрои вазирони дифои ин созмон тарҳи ҳамкориҳои низомиро тасвиб карданд.
Консепсияи мазкур ба давраи ҳамкорӣ барои солҳои 2026-2030 рабт дорад, хабар медиҳад дафтари матбуоти вазорати дифои Қирғизистон.
Бояд қайд кард, ки ҷаласаи мазкур дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор шуд.
Дар ин чорабинӣ вазири дифои Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода ширкат дошт.
"Дар ҷаласаи Шӯрои вазирони дифои СПАД "Нақшаи рушди ҳамкориҳои низомии кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ барои солҳои 2026-2030" баррасӣ ва тасвиб шуд", - омадааст дар хабар.
Илова бар ин, вазирони дифоъ фаъолияти нерӯҳои дастаҷамъии Созмонро, ки бояд бомуваффақият ба чолишҳо ва таҳдидҳо дар минтақаи масъулияти СПАД муқовимат намуда, омодагии ҷангӣ ва маҳорати нирӯҳои ин иттиҳодияро такмил диҳанд, баррасӣ карданд.
Гуфта мешавад, ки дар ин ҷаласа дар бораи бархӯрдҳои бунёдӣ барои таҳкими амнияти дастаҷамъии ин созмон, беҳбуд ва рушди ҳамкориҳои низомӣ миёни кишварҳои узви СПАД, такмили низоми идоракунӣ, омодасозии муштараки нерӯҳои амниятии дастаҷамъӣ ва дороиҳо таъкид шудааст.
Дар нишасти вазирони дифои кишварҳои узви СПАД дабири кулли СПАД Имангалӣ Тасмағамбетов, вазири дифои Русия Андрей Белоусов, роҳбарону намояндагони вазоратҳои дифои Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон, инчунин намояндагони котиботи ин созмон ва Ситоди муштарак ширкат доштанд.