https://sputnik.tj/20250529/muloqot-khosa-rustam-putin-muhojirat-targhib-farhangi-rusi-1067545688.html
Мулоқоти хосаи Рустам бо Путин: Аз муҳоҷират то тарғиби фарҳанги русӣ
Мулоқоти хосаи Рустам бо Путин: Аз муҳоҷират то тарғиби фарҳанги русӣ
Sputnik Тоҷикистон
Масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва равона сохтани талошҳо барои ҳалли ҷанбаҳои ҳалталаби ин соҳа яке аз мавзӯъҳое буд, ки президенти Русия ва мири Душанбе онро... 29.05.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-05-29T12:34+0500
2025-05-29T12:34+0500
2025-05-29T12:34+0500
дар тоҷикистон
русия
рустами эмомалӣ
владимир путин
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/1d/1067539888_0:0:2885:1623_1920x0_80_0_0_354e991fb804ec778e94ced2b4e94af1.jpg
ДУШАНБЕ, 29 мая — Sputnik. Рустами Эмомалӣ раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон ва мири шаҳри Душанбе зимни сафари расмӣ ба Русия бо президенти ин кишвар, Владимир Путин дидору мулоқот баргузор кард.Дар ин бора дафтари матбуоти Маҷлиси миллӣ хабар дод.Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот Рустами Эмомалӣ нахуст паёму таманниёти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба раисиҷумҳури Русия расонда аз сафари ахири кишвардори Тоҷикистон ёдовар шуд ва онро натоиҷи онро бобарор анрзёбӣ кард.Ҳамчунин мири пойтахт барои дастгириву таваҷҷӯҳи Русия дар амалӣ гардидани ду лоиҳаи муҳим дар Тоҷикистон, ки яке Театри давлатии русии ба номи Маяковский ва дигаре Маркази кӯдакони болаёқати "Сириус" мебошад, ба Владимир Путин изҳори миннатдорӣ намуд.Манбаъ меафзояд, дар вохӯрӣ маҷмӯи доираи васеи масъалаҳои ҳамкории шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия баррасӣ карда шуд.Аз ҷумла масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва равона сохтани талошҳо барои ҳалли ҷанбаҳои ҳалталаби ин соҳа мавриди барасии ҷонибҳо қарор гирифт. Путину Рустам инчунин ба масъалаи омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистон ва тарғиби фарҳанги русӣ мубодилаи афкор намуданд.Гузашта аз ин, тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсат, тиҷорату иқтисод, фарҳанг ва ҳарбӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.Вазъи ноустувори Афғонистон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ низ аз мадди назари Путину Рустам канор намонд.Дар ҳамин ҳол, раиси палатаи парлумони болоии Тоҷикистон бо раиси Думаи давлатии Русия, Вячеслав Володин низ мулоқот анҷом дод.Зимни мулоқот ҷонибҳо ба тавсеаи робитаҳои байнипарламентии Маҷлиси миллӣ ва Думаи давлатӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.Дар самти ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ҷалби бештари сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, бахусус, дар бахшҳои тиҷорат, сохтмон, нақлиёту телекоммуникатсия, саноат, энергетика ва кишоварзӣ зарур дониста шуд.Масъалаҳои танзими муҳоҷират ва тавсеаи равобити фарҳангию гуманитарии байни ду кишвар аз мавзуъҳои дигари суҳбат буд.Ёдовар мешавем, Рустами Эмомалӣ рӯзи 28 май бо сафари расмӣ озими Маскав шуд, Ӯро дар ин сафар раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд
https://sputnik.tj/20250529/matvienko-munosibatho-rusiya-tojikiston-inkishof-1067531676.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/1d/1067539888_104:0:2833:2047_1920x0_80_0_0_3c7d11c362ca3dcdec1a40dc3cef0679.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, русия, рустами эмомалӣ, владимир путин, сиёсат
дар тоҷикистон, русия, рустами эмомалӣ, владимир путин, сиёсат
Мулоқоти хосаи Рустам бо Путин: Аз муҳоҷират то тарғиби фарҳанги русӣ
Масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва равона сохтани талошҳо барои ҳалли ҷанбаҳои ҳалталаби ин соҳа яке аз мавзӯъҳое буд, ки президенти Русия ва мири Душанбе онро баррасӣ караднд
ДУШАНБЕ, 29 мая — Sputnik. Рустами Эмомалӣ раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон ва мири шаҳри Душанбе зимни сафари расмӣ ба Русия бо президенти ин кишвар, Владимир Путин дидору мулоқот баргузор кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти Маҷлиси миллӣ хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот Рустами Эмомалӣ нахуст паёму таманниёти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба раисиҷумҳури Русия расонда аз сафари ахири кишвардори Тоҷикистон ёдовар шуд ва онро натоиҷи онро бобарор анрзёбӣ кард.
Ҳамчунин мири пойтахт барои дастгириву таваҷҷӯҳи Русия дар амалӣ гардидани ду лоиҳаи муҳим дар Тоҷикистон, ки яке Театри давлатии русии ба номи Маяковский ва дигаре Маркази кӯдакони болаёқати "Сириус" мебошад, ба Владимир Путин изҳори миннатдорӣ намуд.
Манбаъ меафзояд, дар вохӯрӣ маҷмӯи доираи васеи масъалаҳои ҳамкории шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия баррасӣ карда шуд.
Аз ҷумла масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва равона сохтани талошҳо барои ҳалли ҷанбаҳои ҳалталаби ин соҳа мавриди барасии ҷонибҳо қарор гирифт. Путину Рустам инчунин ба масъалаи омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистон ва тарғиби фарҳанги русӣ мубодилаи афкор намуданд.
Гузашта аз ин, тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсат, тиҷорату иқтисод, фарҳанг ва ҳарбӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Вазъи ноустувори Афғонистон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ низ аз мадди назари Путину Рустам канор намонд.
Дар ҳамин ҳол, раиси палатаи парлумони болоии Тоҷикистон бо раиси Думаи давлатии Русия, Вячеслав Володин низ мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ба тавсеаи робитаҳои байнипарламентии Маҷлиси миллӣ ва Думаи давлатӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
Дар самти ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ҷалби бештари сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, бахусус, дар бахшҳои тиҷорат, сохтмон, нақлиёту телекоммуникатсия, саноат, энергетика ва кишоварзӣ зарур дониста шуд.
Масъалаҳои танзими муҳоҷират ва тавсеаи равобити фарҳангию гуманитарии байни ду кишвар аз мавзуъҳои дигари суҳбат буд.
Ёдовар мешавем, Рустами Эмомалӣ рӯзи 28 май бо сафари расмӣ озими Маскав шуд, Ӯро дар ин сафар раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд