https://sputnik.tj/20250617/vaziri-naqliyot-sababi-vayronshavi-rohhoi-tojikistonro-guft-1068195792.html
Вазири нақлиёт сабаби вайроншавии роҳҳои Тоҷикистонро гуфт
Вазири нақлиёт сабаби вайроншавии роҳҳои Тоҷикистонро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Вазири нақлиёти кишвар ахиран гуфт, ҳарорати баланди ҳаво ба гармшавии асфалт мусоидат мекунад ва боиси деформатсияи он мегардад
2025-06-17T14:39+0500
2025-06-17T14:39+0500
2025-06-17T14:55+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
роҳ
таъмир
азим иброҳим
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/0f/1057723317_0:55:1080:663_1920x0_80_0_0_d0f955bc1f1a3919e7febe38e207045c.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дар ҷаласаи назоратӣ гуфт, ки имрӯзҳо дар Тоҷикистон ҳаво гарм шудааст. Аз ин рӯ роҳсозон бояд ҳолати асфалтро назорат кунанд, то аз вайроншавии қабати болоии роҳ бар асари ҳарорати баланд пешгирӣ карда шавад.Ба гуфтаи ӯ, дар ҳавои гарм қабати болоии роҳҳо метавонад зудтар вайрон шавад, зеро ҳарорати баланди ҳаво ба гармшавии асфалт мусоидат мекунад ва боиси тағйири шакли (деформатсияи) он мегардад.Вай таъкид кард, ки роҳсозон бояд ҳолати пӯшиши роҳро пайваста назорат кунанд, то аз вайроншавии он бар асари ҳарорати баланд пешгирӣ карда шавад.Дар ин замина, Вазир сифати сохтмон ва таъмири роҳҳоро яке аз вазифаҳои афзалиятноки соҳа номид."Мустаҳкамии пӯшиши роҳ бевосита аз масъулияти мо, аз сифати кори мову шумо, технологияҳои татбиқшаванда, иҷрои дурусти амалиёти техникӣ, истифодаи оқилона ва самараноки маблағҳои ҷудошуда вобаста аст", - зикр намуд Азим Иброҳим.Вай илова кард, ки ҳангоми кӯшиши коҳиш додани хароҷот ва сарфа кардани чизе ба хатогӣ роҳ додан мумкин аст, ки дар ниҳоят ба хароҷоти бештар аз нақша оварда мерасонад.Вазири нақлиёт дар назди муовинони худ, роҳбарони воҳидҳои сохтории дахлдор, инчунин корхонаю муассисаҳои соҳа вазифаҳои мушаххас гузошт.Ҳамзамон дар ҷаласаи назоратӣ ба роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва муассисаҳои тобеии вазорат инчунин супориш дода шуд, ки ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 омода шаванд.
https://sputnik.tj/20250128/vazorati-naqliyoti-tojikiston-tasisi-fondi-roh-1066021827.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/0f/1057723317_0:0:1080:810_1920x0_80_0_0_8e267c0ada530f29f9d6f362dbdfcb8d.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, роҳ, нақлиёт, азим иброҳим, асфаолт, гармо, обу ҳаво
тоҷикистон, роҳ, нақлиёт, азим иброҳим, асфаолт, гармо, обу ҳаво
Вазири нақлиёт сабаби вайроншавии роҳҳои Тоҷикистонро гуфт
14:39 17.06.2025 (Навсозишуда: 14:55 17.06.2025) Вазири нақлиёти кишвар ахиран гуфт, ҳарорати баланди ҳаво ба гармшавии асфалт мусоидат мекунад ва боиси деформатсияи он мегардад
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дар ҷаласаи назоратӣ гуфт, ки имрӯзҳо дар Тоҷикистон ҳаво гарм шудааст. Аз ин рӯ роҳсозон бояд ҳолати асфалтро назорат кунанд, то аз вайроншавии қабати болоии роҳ бар асари ҳарорати баланд пешгирӣ карда шавад.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҳавои гарм қабати болоии роҳҳо метавонад зудтар вайрон шавад, зеро ҳарорати баланди ҳаво ба гармшавии асфалт мусоидат мекунад ва боиси тағйири шакли (деформатсияи) он мегардад.
Вай таъкид кард, ки роҳсозон бояд ҳолати пӯшиши роҳро пайваста назорат кунанд, то аз вайроншавии он бар асари ҳарорати баланд пешгирӣ карда шавад.
"Мувофиқи стандартҳои мавҷуда, мӯҳлати кафолати қабати болоии пӯшиши роҳи автомобилгард вобаста ба шиддати ҳаракат дар он аз 2 то 8 солро ташкил медиҳад, - гуфт Вазири нақлиёт, - мутаассифона, қисматҳои алоҳидаи роҳҳои мо хеле зуд аз кор мебароянд", - қайд кард вазир.
Дар ин замина, Вазир сифати сохтмон ва таъмири роҳҳоро яке аз вазифаҳои афзалиятноки соҳа номид.
"Мустаҳкамии пӯшиши роҳ бевосита аз масъулияти мо, аз сифати кори мову шумо, технологияҳои татбиқшаванда, иҷрои дурусти амалиёти техникӣ, истифодаи оқилона ва самараноки маблағҳои ҷудошуда вобаста аст", - зикр намуд Азим Иброҳим.
Вай илова кард, ки ҳангоми кӯшиши коҳиш додани хароҷот ва сарфа кардани чизе ба хатогӣ роҳ додан мумкин аст, ки дар ниҳоят ба хароҷоти бештар аз нақша оварда мерасонад.
Вазири нақлиёт дар назди муовинони худ, роҳбарони воҳидҳои сохтории дахлдор, инчунин корхонаю муассисаҳои соҳа вазифаҳои мушаххас гузошт.
Ҳамзамон дар ҷаласаи назоратӣ ба роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва муассисаҳои тобеии вазорат инчунин супориш дода шуд, ки ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 омода шаванд.