https://sputnik.tj/20250128/vazorati-naqliyoti-tojikiston-tasisi-fondi-roh-1066021827.html
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз таъсиси Фонди роҳ эълон кард
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз таъсиси Фонди роҳ эълон кард
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон бо мақсади маблағгузории лоиҳакашӣ, сохтмон, таъмир ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгард дар ҷумҳурӣ Фонди роҳ таъсис дода мешавад
2025-01-28T10:49+0500
2025-01-28T10:49+0500
2025-01-28T10:49+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
роҳ
вазорати нақлиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/1b/1066022040_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_9952b8135c809afe51674a2f0d635822.jpg
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон Фонди роҳ таъсис дода мешавад, иттилоъ додааст вазорати нақлиёти кишвар.Ба иттилои манбаъ, дар ин бора қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз ҷониби Президенти кишвар, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид.Тибқи Қарори ҳукумати Тоҷикистон ба Вазорати нақлиёти кишвар супориш дода шудааст, ки дар муҳлати то се моҳ барои ҳалли масъалаҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва молиявии Фонди роҳ ба ҳукумат пешниҳодҳо манзур намояд.Вазорат қайд кардааст, ки фонди роҳ дар бисёр кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон фаъолият мекунад.Ин вазорат ҳамчунин илова кардааст, кибарқарорсозии Фонди роҳи Тоҷикистон ҳамчун низоми маблағгузории устувор ва доимии буҷетии бунёду нигоҳдории роҳу пулҳо қадами навбатӣ дар роҳи дигаргунсозии ҷиддии соҳаи роҳу нақлиёти Тоҷикистон хоҳад гардид, ислоҳоте, ки 4 сол пеш оғоз гардида буд.Вазорати нақлиёти кишвар қайд кардааст, ки Дар кишвар ислоҳоти фарогир дар соҳаи роҳу нақлиёт ҷараён дорад.Ба ҳолати то охири моҳи октябри соли 2024, 5567,9 км роҳҳои автомобилгарди истифодаи умумии байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, дар тавозуни Вазорати нақлиёти кишвар қарор доранд.
https://sputnik.tj/20250107/bunyod-qitai-rohi-qalaikhum-vanj-sarhadi-nohiyai-rushon-1065780435.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/1b/1066022040_161:0:1121:720_1920x0_80_0_0_003c40c293fe7dcafa02fd70ecd6587d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, роҳ, нақлиёт, фонди роҳ, таъсис, вазорати нақлиёт
тоҷикистон, роҳ, нақлиёт, фонди роҳ, таъсис, вазорати нақлиёт
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз таъсиси Фонди роҳ эълон кард
Дар Тоҷикистон бо мақсади маблағгузории лоиҳакашӣ, сохтмон, таъмир ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгард дар ҷумҳурӣ Фонди роҳ таъсис дода мешавад
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон Фонди роҳ таъсис дода мешавад, иттилоъ додааст вазорати нақлиёти кишвар.
Ба иттилои манбаъ, дар ин бора қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз ҷониби Президенти кишвар, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид.
Тибқи Қарори ҳукумати Тоҷикистон ба Вазорати нақлиёти кишвар супориш дода шудааст, ки дар муҳлати то се моҳ барои ҳалли масъалаҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва молиявии Фонди роҳ ба ҳукумат пешниҳодҳо манзур намояд.
Вазорат қайд кардааст, ки фонди роҳ дар бисёр кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон фаъолият мекунад.
“То оғози солҳои 1990-ум чунин фонд дар кишварҳои ИДМ низ вуҷуд дошт, аммо баъдан он барҳам дода шуд. Солҳои охир фонди роҳ дар ин кишварҳо низ аз нав таъсис дода шуданд”, - қайд кардааст вазорати нақлиёт.
Ин вазорат ҳамчунин илова кардааст, кибарқарорсозии Фонди роҳи Тоҷикистон ҳамчун низоми маблағгузории устувор ва доимии буҷетии бунёду нигоҳдории роҳу пулҳо қадами навбатӣ дар роҳи дигаргунсозии ҷиддии соҳаи роҳу нақлиёти Тоҷикистон хоҳад гардид, ислоҳоте, ки 4 сол пеш оғоз гардида буд.
Вазорати нақлиёти кишвар қайд кардааст, ки Дар кишвар ислоҳоти фарогир дар соҳаи роҳу нақлиёт ҷараён дорад.
Ба ҳолати то охири моҳи октябри соли 2024, 5567,9 км роҳҳои автомобилгарди истифодаи умумии байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, дар тавозуни Вазорати нақлиёти кишвар қарор доранд.