Тоҷикистону Русия барои танзими фаъолияти НБО “Сангтуда-1” санад имзо карданд

© Foto / Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Имзои Протоколи муҳим миёни Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика
Имзои Протоколи муҳим миёни Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2025
Обуна шудан
Дар ҳошияи сафари кории Сарвазири Тоҷикистон ба Русия санаде ба имзо расонданд, ки як қатор масъалаҳои муҳими фаъолияи НБО "Сангтӯда-1"-о танзим мекунад
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Дар Маскав миёни Тоҷикистону Русия протокол дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Русия дар бораи ҳамкорӣ оид ба баҳрабардории НБО "Сангтӯда-1" аз 30 июли соли 2009 ба имзо расонидана шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар додааст.
Қайд карда шудааст, ки ин протокол дар ҳошияи сафари кории Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба Русия ба имзо расонидана шуд.
Манбаъ қайд кардааст, ки протоколро вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва вазири энергетикаи Русия Сергей Сивилёв ба имзо расониданд.
Таъкид шудааст, ки дар доираи санади мазкур як қатор масъалаҳои муҳими фаъолияи НБО "Сангтӯда-1" танзим мегарданд.
Сангтудинская ГЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2025
Тоҷикистону Русия фаъолияти НБО “Сангтуда-1”-ро баррасӣ карданд
Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки ин санади дар самти таҳкими муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Русия дар соҳаи энергетика заминаи боз ҳам мусоидро фароҳам хоҳад овард.
Ёдовар мешавем, ки НБО "Сангтӯда-1" бо иқтидори лоиҳавии 670 МВт яке аз неругоҳҳои бузурги амалкунанда буда, тақрибан 12%-и ҳаҷми умумии истеҳсоли неруи барқро дар кишвар таъмин мекунад.
Лентаи хабарҳо
0