https://sputnik.tj/20250613/parvozhoi-mustaqim-dushanbe-pekin-oghoz-1068096515.html
Маълум шуд кай парвозҳои мустақим миёни Душанбе ва Пекин оғоз мегарданд
Маълум шуд кай парвозҳои мустақим миёни Душанбе ва Пекин оғоз мегарданд
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои Агентии авиатсияи гражданӣ аз 16-уми июн миёни шаҳрҳои Душанбе ва Пекин парвозҳои мустақим оғоз мегарданд
2025-06-13T14:59+0500
2025-06-13T14:59+0500
2025-06-13T14:59+0500
дар тоҷикистон
чин
парвозҳо
нақлиёт
пекин
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/02/1040602542_76:0:2976:1631_1920x0_80_0_0_16bf3d9f05b42eb27ac9918d5e2a6fde.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Бино ба иттилои Агентии авиатсияи граждании кишвар, ин парвозҳо ҳафтае ду маротиба - рӯзҳои сешанбе ва шанбе аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии "China Southern Airlines" амалӣ мешаванд.Ин масъала ахиран дар вохурии байни директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло бо муовини якуми директори генералии Маъмурияти авиатсияи граждании Чин Ма Бинг ва Директори тиҷоратии Ширкати ҳавопаймоии “China Southern Airlines” Ван Чжен баррасӣ шуд.“Натиҷаи ин вохуриҳо буд, ки шуруъ аз 16 июни соли 2025 парвозҳои мусофиркашонии мустақим миёни фурудгоҳҳои Пекин ва Душанбе оғоз гардида, ҳафтае ду маротиба (рӯзҳои сешанбе ва шанбе) амалӣ карда мешаванд”, - қайл кардааст Агентӣ.Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон таъкид кардааст, ки пайваста талош дорад барои рақобатпазир намудани соҳаи авиатсияи граждании кишвар ҳамкориҳоро бо ширкатҳои ҳавопаймоии пешрафтаи ҷаҳон мустаҳкам намуда, шумораи хатсайрҳоро ба дигар минтақаҳон дунё зиёд намояд.Ёдовар мешавем, ки дар моҳи июли соли 2024 Эмомалӣ Раҳмон дар бораи зиёд намудани теъдоди парвозҳо байни пойтахти Тоҷикистону Чин ва кушодани хатсайрҳои нави ҳавоӣ байни дигар шаҳрҳои ду кишвар ба Агентии авиатсияи гражданӣ дастуру супоришҳо дода буд.Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ миёни Тоҷикистон ва Чин моҳи марти соли 2025 ҳайати Раёсати авиатсияи граждании Чин (СААС) ба Тоҷикистон ташриф оварда буданд.
https://sputnik.tj/20250514/tojikiston-parvozhoi-musofiron-borkashoniro-chin-afzoish-1067336910.html
чин
пекин
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/02/1040602542_159:0:2890:2048_1920x0_80_0_0_6e9da5caf6bd128d4c02b72528b17aeb.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, чин, парвозҳо, ҳамкорӣ, пекин, душанбе, нақлиёт
тоҷикистон, чин, парвозҳо, ҳамкорӣ, пекин, душанбе, нақлиёт
Маълум шуд кай парвозҳои мустақим миёни Душанбе ва Пекин оғоз мегарданд
Ба иттилои Агентии авиатсияи гражданӣ аз 16-уми июн миёни шаҳрҳои Душанбе ва Пекин парвозҳои мустақим оғоз мегарданд
ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Бино ба иттилои Агентии авиатсияи граждании кишвар, ин парвозҳо ҳафтае ду маротиба - рӯзҳои сешанбе ва шанбе аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии "China Southern Airlines" амалӣ мешаванд.
Ин масъала ахиран дар вохурии байни директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло бо муовини якуми директори генералии Маъмурияти авиатсияи граждании Чин Ма Бинг ва Директори тиҷоратии Ширкати ҳавопаймоии “China Southern Airlines” Ван Чжен баррасӣ шуд.
“Натиҷаи ин вохуриҳо буд, ки шуруъ аз 16 июни соли 2025 парвозҳои мусофиркашонии мустақим миёни фурудгоҳҳои Пекин ва Душанбе оғоз гардида, ҳафтае ду маротиба (рӯзҳои сешанбе ва шанбе) амалӣ карда мешаванд”, - қайл кардааст Агентӣ.
Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон таъкид кардааст, ки пайваста талош дорад барои рақобатпазир намудани соҳаи авиатсияи граждании кишвар ҳамкориҳоро бо ширкатҳои ҳавопаймоии пешрафтаи ҷаҳон мустаҳкам намуда, шумораи хатсайрҳоро ба дигар минтақаҳон дунё зиёд намояд.
Ёдовар мешавем, ки дар моҳи июли соли 2024 Эмомалӣ Раҳмон дар бораи зиёд намудани теъдоди парвозҳо байни пойтахти Тоҷикистону Чин ва кушодани хатсайрҳои нави ҳавоӣ байни дигар шаҳрҳои ду кишвар ба Агентии авиатсияи гражданӣ дастуру супоришҳо дода буд.
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ миёни Тоҷикистон ва Чин моҳи марти соли 2025 ҳайати Раёсати авиатсияи граждании Чин (СААС) ба Тоҷикистон ташриф оварда буданд.