https://sputnik.tj/20250514/tojikiston-parvozhoi-musofiron-borkashoniro-chin-afzoish-1067336910.html
Тоҷикистон ният дорад парвозҳои мусофирон ва боркашониро бо Чин афзоиш диҳад
Тоҷикистон ният дорад парвозҳои мусофирон ва боркашониро бо Чин афзоиш диҳад
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистону Чин кушодани парвозҳо дар хатсайри Душанбе – Пекин ва Душанбе – Сиян ва инчунин ба роҳ мондани парвозҳои боркашонӣ (карго)-ро баррасӣ намуданд
2025-05-14T13:03+0500
2025-05-14T13:03+0500
2025-05-14T17:14+0500
дар тоҷикистон
чин
парвозҳо
ҳамкорӣ
равобит
боркашонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102935/09/1029350932_0:164:2344:1483_1920x0_80_0_0_04b6b9496bb7cded8f26533de09d1196.jpg
ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Ин масъала дар Душанбе дар мулоқоти Директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло бо муовини роҳбари Ассотсиатсияи нақлиёти ҳавоии Чин – Дуан Сяофенг баррасӣ гардид.Дар ин бора дафтари матбуоти Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон хабар джодааст.Ба иттилои манбаъ, дар ин мулоқот ҳамчунин Директори генералии фурудгоҳи байналмилалии “Тяншон” дар Урумчӣ – Ван Дунмин, ёвари раиси Ассотсиатсияи нақлиёти ҳавоии Чин - Чжу Ючун, менеҷери фурӯш дар Осиёи Марказии Корпоратсияи ҳавопаймоҳои тиҷоратии Чин - Ян Чжикун (Commercial Aircraft Corporation of China, Ltd.) (COMAC) ва ноиби Президенти маркетинги Кумитаи Идоракунии Тиҷоратии China Southern Air Holding Company Ltd – Хуан Гофан, ҳузур доштанд.Агентӣ қайд кардааст, ки дар вохурии мазкур масъалаҳои зиёд намудани хатсайрҳо, кушодани парвозҳо дар хатсайри Душанбе – Пекин – Душанбе ва Душанбе – Сиян –Душанбе ва инчунин ба роҳ мондани парвозҳои боркашонӣ (карго) мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Зикр гардидааст, ки баргузории чунин вохуриҳо ҷиҳати рақобатпазир намудани соҳаи авиатсияи граждании кишварамон нақши муассир мегузорад.Қайд карда шудааст, ки роҳбарияти Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар оянда низ бо намояндагони кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон вохуриҳои судмандро ба нақша гирифтааст.
https://sputnik.tj/20250329/shahr-tojikiston-chin-khatsayr-nav-mustaqim-boz-meshavad-1066757091.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102935/09/1029350932_62:0:2146:1563_1920x0_80_0_0_4b651713933e3518eca98668c8b76767.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, парвозҳо, чин, ҳамкорӣ, авиатсияи гражданӣ, равобит, боркашноӣ
тоҷикистон, парвозҳо, чин, ҳамкорӣ, авиатсияи гражданӣ, равобит, боркашноӣ
Тоҷикистон ният дорад парвозҳои мусофирон ва боркашониро бо Чин афзоиш диҳад
13:03 14.05.2025 (Навсозишуда: 17:14 14.05.2025) Тоҷикистону Чин кушодани парвозҳо дар хатсайри Душанбе – Пекин ва Душанбе – Сиян ва инчунин ба роҳ мондани парвозҳои боркашонӣ (карго)-ро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Ин масъала дар Душанбе дар мулоқоти Директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло бо муовини роҳбари Ассотсиатсияи нақлиёти ҳавоии Чин – Дуан Сяофенг баррасӣ гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон хабар джодааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ин мулоқот ҳамчунин Директори генералии фурудгоҳи байналмилалии “Тяншон” дар Урумчӣ – Ван Дунмин, ёвари раиси Ассотсиатсияи нақлиёти ҳавоии Чин - Чжу Ючун, менеҷери фурӯш дар Осиёи Марказии Корпоратсияи ҳавопаймоҳои тиҷоратии Чин - Ян Чжикун (Commercial Aircraft Corporation of China, Ltd.) (COMAC) ва ноиби Президенти маркетинги Кумитаи Идоракунии Тиҷоратии China Southern Air Holding Company Ltd – Хуан Гофан, ҳузур доштанд.
Агентӣ қайд кардааст, ки дар вохурии мазкур масъалаҳои зиёд намудани хатсайрҳо, кушодани парвозҳо дар хатсайри Душанбе – Пекин – Душанбе ва Душанбе – Сиян –Душанбе ва инчунин ба роҳ мондани парвозҳои боркашонӣ (карго) мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зикр гардидааст, ки баргузории чунин вохуриҳо ҷиҳати рақобатпазир намудани соҳаи авиатсияи граждании кишварамон нақши муассир мегузорад.
Қайд карда шудааст, ки роҳбарияти Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар оянда низ бо намояндагони кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон вохуриҳои судмандро ба нақша гирифтааст.