https://sputnik.tj/20250521/maqomoti-tojikiston-borkashoni-naqliyot-1067409882.html
Мақомоти Тоҷикистон гуфт боркашонӣ тавассути кадом нақлиёт бештар сурат мегирад
Мақомоти Тоҷикистон гуфт боркашонӣ тавассути кадом нақлиёт бештар сурат мегирад
Sputnik Тоҷикистон
Агентии омори Тоҷикистон мегӯяд, ки 93,5% ҳаҷми умумии боркашонӣ дар ҷумҳурӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ сурат мегирад
2025-05-21T10:49+0500
2025-05-21T10:49+0500
2025-05-21T11:42+0500
дар тоҷикистон
боркашонӣ
омор
мусофиркашонӣ
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/14/1065937674_0:28:3072:1756_1920x0_80_0_0_42f4196d72029d2bd38c2019fe58b417.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 21 мая — Sputnik. Ба иттилои Агентии омор дар се моҳи аввали соли 2025 дар Тоҷикистон бо ҳамаи намуди нақлиёт 29 миллиону 403,3 ҳазор тонна бор кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,3 фоиз зиёд аст.Ин ниҳоди давлатӣ қайд кардааст, ки дар ин давра бо нақлиёти автомобилии ҳамаи вазорату идораҳо, корхонаву ташкилоти ҳамаи шаклҳои моликияти дорои нақлиёти автомобилӣ ва шахсони воқеӣ, ки ба боркашонии тиҷоратӣ машғул мебошанд, 27,4 млн тонна бор кашонида шудааст, ки 93,5% ҳаҷми умумии боркашонии ҳамаи намудҳои нақлиётро ташкил медиҳад.Дар ин давра бо нақлиёти роҳи оҳан бошад 1,9 млн тонна бор кашонида шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-марти соли 2024 12,8 фоиз зиёд шудааст.Сохтори боркашонӣ дар сатҳи минтақаҳои ҷумҳурӣ бозгӯи он аст, ки дар се моҳи аввали соли равон бо нақлиёти автомобилӣ дар вилояти Суғд 9,6 млн. тонна бор кашонида шудааст, ки 35,3% ҳаҷми умумии боркашониро ташкил медиҳад.Мутаносибан дар вилояти Хатлон 9,1 млн тонна (33,1 фоиз), ВМКБ 270,7 ҳазор тонна (1,0 фоиз), шаҳри Душанбе – 4,2 миллион тонна (15,6 фоиз) ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 4,1 миллион тонна (15 фоиз) бор кашонида шудааст.Ҳамзамон Агентии омор қайд кардааст, ки бо намудҳои гуногуни нақлиёти мусофиркашонӣ дар семоҳаи аввал беш аз 252 млн. нафар мусофир кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 8,3% зиёд аст.Инчунин дар ин давра бо нақлиёти автомобилӣ (вазорату идораҳо; корхонаю ташкилоти ҳамаи шаклҳои моликият, ки нақлиёти автомобилӣ доранд, соҳибкорони хусусӣ) 244,2 миллион мусофир кашонида шудаанд.
https://sputnik.tj/20250430/tojikiston-turkmaniston-borkashoni-ranziti-molho-ziyod-1067173756.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/01/14/1065937674_290:0:3021:2048_1920x0_80_0_0_ea934ea57dc59beb1731d1a9f0000182.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, боркашонӣ, омор, мусофиркашонӣ, иқтисод
тоҷикистон, боркашонӣ, омор, мусофиркашонӣ, иқтисод
Мақомоти Тоҷикистон гуфт боркашонӣ тавассути кадом нақлиёт бештар сурат мегирад
10:49 21.05.2025 (Навсозишуда: 11:42 21.05.2025) Агентии омори Тоҷикистон мегӯяд, ки 93,5% ҳаҷми умумии боркашонӣ дар ҷумҳурӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ сурат мегирад
ДУШАНБЕ, 21 мая — Sputnik. Ба иттилои Агентии омор дар се моҳи аввали соли 2025 дар Тоҷикистон бо ҳамаи намуди нақлиёт 29 миллиону 403,3 ҳазор тонна бор кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,3 фоиз зиёд аст.
Ин ниҳоди давлатӣ қайд кардааст, ки дар ин давра бо нақлиёти автомобилии ҳамаи вазорату идораҳо, корхонаву ташкилоти ҳамаи шаклҳои моликияти дорои нақлиёти автомобилӣ ва шахсони воқеӣ, ки ба боркашонии тиҷоратӣ машғул мебошанд, 27,4 млн тонна бор кашонида шудааст, ки 93,5% ҳаҷми умумии боркашонии ҳамаи намудҳои нақлиётро ташкил медиҳад.
Дар ин давра бо нақлиёти роҳи оҳан бошад 1,9 млн тонна бор кашонида шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-марти соли 2024 12,8 фоиз зиёд шудааст.
Сохтори боркашонӣ дар сатҳи минтақаҳои ҷумҳурӣ бозгӯи он аст, ки дар се моҳи аввали соли равон бо нақлиёти автомобилӣ дар вилояти Суғд 9,6 млн. тонна бор кашонида шудааст, ки 35,3% ҳаҷми умумии боркашониро ташкил медиҳад.
Мутаносибан дар вилояти Хатлон 9,1 млн тонна (33,1 фоиз), ВМКБ 270,7 ҳазор тонна (1,0 фоиз), шаҳри Душанбе – 4,2 миллион тонна (15,6 фоиз) ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 4,1 миллион тонна (15 фоиз) бор кашонида шудааст.
Ҳамзамон Агентии омор қайд кардааст, ки бо намудҳои гуногуни нақлиёти мусофиркашонӣ дар семоҳаи аввал беш аз 252 млн. нафар мусофир кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 8,3% зиёд аст.
“Мусофиркашонӣ бо нақлиёти хушкигард дар ҷумҳурӣ нақши муҳим дорад. Ин аст, ки таносуби он 99,9% ҳаҷми умумии мусофиркашонии ҳамаи намуди нақлиётро ташкил медиҳад”, - қайд намудааст Агентӣ.
Инчунин дар ин давра бо нақлиёти автомобилӣ (вазорату идораҳо; корхонаю ташкилоти ҳамаи шаклҳои моликият, ки нақлиёти автомобилӣ доранд, соҳибкорони хусусӣ) 244,2 миллион мусофир кашонида шудаанд.