https://sputnik.tj/20250612/kalakoltsev-muhojiron-jomeai-rusiya-foida-deport-1068067582.html
Калаколтсев: Муҳоҷирони ғайриқонунӣ, ки барои ҷомеаи Русия фоида намеоранд, депорт шаванд
Калаколтсев: Муҳоҷирони ғайриқонунӣ, ки барои ҷомеаи Русия фоида намеоранд, депорт шаванд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири корҳои дохилаи Русия гуфт, ки муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия дар кӯчаву манзилҳо набояд бошанд ва онҳо бояд ихроҷ шаванд
2025-06-12T16:30+0500
2025-06-12T16:30+0500
2025-06-12T16:30+0500
дар тоҷикистон
русия
владимир колоколтсев
муҳоҷират
ихроҷ
депорт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/1b/1062986620_0:0:2426:1364_1920x0_80_0_0_4f05bc702dae24063caaacfd9613e468.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Шаҳрвандони хориҷие, ки аз кор рондашуданду аз донишгоҳҳо ихроҷ гардиданд ва ё аз супурдани изи ангушт саркашӣ кардаанд бояд Русияро тарк кунанд, гуфт вазири умури дохилии Русия Владимир Колоколтсев.Вай ҳамчунин зикр кард, ки ин шартҳо ба он муҳоҷироне дахл дорад, ки забони русиро намеомӯзанд ва "ба ҷомеъаи Русия фоидае намеоранд".Вай илова кард, ки дар кӯчаву манзил набояд муҳоҷирони ғайриқонунӣ бошанд.Ба гуфтаи Колокольцев, "кӯшиши ноором кардани вазъ дар дохили кишвар идома дорад".“Мо медонем, ки ба ин гуна мушкилот чӣ гуна бояд вокуниш нишон дод. Аввал ба таври системавӣ ба содир намудани ҷиноят аз сӯйи муҳоҷирони мубориза бурд. Бояд пешгирӣ намоем. Дуввум мо бояд чораҳое, ки дар самти муҳоҷират қабул мешаванд, расонаӣ кунем ва дар бораи ҷазои ҳатмӣ таъкид кунем”, - гуфт ӯ.Вай қайд кард, ки "мо бояд ҳолатҳоеро, ки муҳоҷирон дар шӯъбаҳои муҳоҷират ҷамъ мешаванд, аз байн барем.Колоколтсев таъкид кард, ки ин ҳолат боиси вокуниши манфии сокинони маҳаллӣ шудааст."Қабул ва коркарди ҳуҷҷатҳо бояд сари вақт, бидуни сару садо анҷом дода шавад. Аксҳо ва наворҳои навбатпоӣ, ки аксар вақт дар расонаҳо пайдо мешаванд, аз камбудиҳои ташкили қабули ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла аз тарафи он муҳоҷирони ғайриқонуние, ки ихтиёран барои танзими мақоми худ омадаанд, нишон медиҳанд", - гуфт Колоколтсев.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш муовини вазири умури дохилӣ Игор Зубов хабар дод, ки бахши қобили мулоҳизаи кӯдакони муҳоҷир дар Русия ба мактаб намераванд.Вай зикр кард, ки дар ҳоли ҳозир дар Русия 638 ҳазору 174 шаҳрванди ноболиғи хориҷӣ ба сар мебаранд, дар ҳоле ки “тақрибан нисфи онҳо ба ҷои таҳсил ба кӯчагарди машғуланд”.Рӯзи 10 июн хабар расид, ки аз соли 2026 имтиҳони ҳатмии шаҳрвандони хориҷӣ оид ба донистани забони русӣ танҳо бо истифода аз технологияҳои компютерӣ ва ба таври маҷозӣ гузаронида мешавад.
https://sputnik.tj/20250529/muloqot-khosa-rustam-putin-muhojirat-targhib-farhangi-rusi-1067545688.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/1b/1062986620_45:0:2202:1618_1920x0_80_0_0_3cdd68eb4f62b9203b303f5041dba4a7.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, тоҷикистон, муҳоҷират, колоколтсев, фоида, депорт, ихроҷ, ғайриқонунӣ
русия, тоҷикистон, муҳоҷират, колоколтсев, фоида, депорт, ихроҷ, ғайриқонунӣ
Калаколтсев: Муҳоҷирони ғайриқонунӣ, ки барои ҷомеаи Русия фоида намеоранд, депорт шаванд
Вазири корҳои дохилаи Русия гуфт, ки муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия дар кӯчаву манзилҳо набояд бошанд ва онҳо бояд ихроҷ шаванд
ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Шаҳрвандони хориҷие, ки аз кор рондашуданду аз донишгоҳҳо ихроҷ гардиданд ва ё аз супурдани изи ангушт саркашӣ кардаанд бояд Русияро тарк кунанд, гуфт вазири умури дохилии Русия Владимир Колоколтсев.
Вай ҳамчунин зикр кард, ки ин шартҳо ба он муҳоҷироне дахл дорад, ки забони русиро намеомӯзанд ва "ба ҷомеъаи Русия фоидае намеоранд".
"Онҳое, ки ҷойи кори худро аз даст додаанд, аз донишгоҳҳо ихроҷ шудаанд, изи ангушт насупоридаанд, забон намеомӯзанд ва ба ҷомеаи Русия фоидае намеоранд, бояд кишвари моро тарк кунанд", - гуфт Колоколтсев.
Вай илова кард, ки дар кӯчаву манзил набояд муҳоҷирони ғайриқонунӣ бошанд.
Ба гуфтаи Колокольцев, "кӯшиши ноором кардани вазъ дар дохили кишвар идома дорад".
“Мо медонем, ки ба ин гуна мушкилот чӣ гуна бояд вокуниш нишон дод. Аввал ба таври системавӣ ба содир намудани ҷиноят аз сӯйи муҳоҷирони мубориза бурд. Бояд пешгирӣ намоем. Дуввум мо бояд чораҳое, ки дар самти муҳоҷират қабул мешаванд, расонаӣ кунем ва дар бораи ҷазои ҳатмӣ таъкид кунем”, - гуфт ӯ.
Вай қайд кард, ки "мо бояд ҳолатҳоеро, ки муҳоҷирон дар шӯъбаҳои муҳоҷират ҷамъ мешаванд, аз байн барем.
Колоколтсев таъкид кард, ки ин ҳолат боиси вокуниши манфии сокинони маҳаллӣ шудааст.
"Қабул ва коркарди ҳуҷҷатҳо бояд сари вақт, бидуни сару садо анҷом дода шавад. Аксҳо ва наворҳои навбатпоӣ, ки аксар вақт дар расонаҳо пайдо мешаванд, аз камбудиҳои ташкили қабули ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла аз тарафи он муҳоҷирони ғайриқонуние, ки ихтиёран барои танзими мақоми худ омадаанд, нишон медиҳанд", - гуфт Колоколтсев.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш муовини вазири умури дохилӣ Игор Зубов хабар дод, ки бахши қобили мулоҳизаи кӯдакони муҳоҷир дар Русия ба мактаб намераванд.
Вай зикр кард, ки дар ҳоли ҳозир дар Русия 638 ҳазору 174 шаҳрванди ноболиғи хориҷӣ ба сар мебаранд, дар ҳоле ки “тақрибан нисфи онҳо ба ҷои таҳсил ба кӯчагарди машғуланд”.
Рӯзи 10 июн хабар расид, ки аз соли 2026 имтиҳони ҳатмии шаҳрвандони хориҷӣ оид ба донистани забони русӣ танҳо бо истифода аз технологияҳои компютерӣ ва ба таври маҷозӣ гузаронида мешавад.