https://sputnik.tj/20250611/vazorat-qavonini-rusiya-muhojiron-daryoft-kor-kumak-1068026089.html
Вазорат: Қавонини нав дар Русия ба муҳоҷирон барои дарёфти кори расмӣ кумак мекунанд
Вазорат: Қавонини нав дар Русия ба муҳоҷирон барои дарёфти кори расмӣ кумак мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи Тоҷикистон, рақамисозии равандҳои муҳоҷират ва ҷорӣ кардани сабти биометрӣ дар Русия, шаффофият шуғлро беҳтар месозад
2025-06-11T11:03+0500
2025-06-11T11:03+0500
2025-06-11T11:03+0500
дар тоҷикистон
русия
муҳоҷират
дар русия
муҳоҷирони корӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/01/1062295230_0:0:3068:1727_1920x0_80_0_0_81ebc7f611396b8fd623ecf1f2176b05.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Раванди танзими қонунгузорӣ дар Русия ба қонунигардонӣ ва ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон мусоидат мекунад.Дар ин бора дар мусоҳиба бо ТАСС муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Шариф Норзода изҳор дошт."Расмиёти соддагардонидашуда гирифтани патент ва муҷавизи корӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон имкон медиҳад, ки расман ҷои кор пайдо кунанд ва ба аз лиҳози иҷтимоӣ ҳифз шаванд. Онҳо хизматрасониҳои тиббӣ ва саҳмҳои нафақа дастрасӣ пайдо мекунанд", - қайд кард муовини вазир.Ба гуфтаи вай, рақамисозии равандҳои муҳоҷират ва ҷорӣ кардани сабти номҳои биометрӣ низ ба коҳиши фасод ва боло бурдани шаффофият мусоидат мекунад.Дар ҳамин ҳол оқои Норзода бар ин назар аст, ки паёмадҳои манфӣ низ вуҷуд дорад.Ёдовар мешавем, ки қаблан раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар бораи вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар кишвар фармон имзо карда буд.Аз ин бармеояд, ки хориҷиёне, ки дар Русия ғайриқонунӣ қарор доранд, бояд вазъи худро танзим кунанд ё то санаи муайян кишварро тарк кунанд. Мӯҳлати ниҳоӣ 10 сентябри соли 2025 муқаррар шудааст.Чунин шахсон инчунин то ихроҷ ё ба тартиб даровардани ҳуҷҷатҳояшон ба феҳристи махсус барои назорат ворид карда мешаванд.
https://sputnik.tj/20250529/muloqot-khosa-rustam-putin-muhojirat-targhib-farhangi-rusi-1067545688.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/01/1062295230_339:0:3068:2047_1920x0_80_0_0_7ca50c635b7e45d5a516f01d076dd77f.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, тоҷикистон, муҳоҷират, муҳоҷирони корӣ, кумак, русия, қонун, қавонин
русия, тоҷикистон, муҳоҷират, муҳоҷирони корӣ, кумак, русия, қонун, қавонин
Вазорат: Қавонини нав дар Русия ба муҳоҷирон барои дарёфти кори расмӣ кумак мекунанд
Ба гуфтаи Тоҷикистон, рақамисозии равандҳои муҳоҷират ва ҷорӣ кардани сабти биометрӣ дар Русия, шаффофият шуғлро беҳтар месозад
ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Раванди танзими қонунгузорӣ дар Русия ба қонунигардонӣ ва ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон мусоидат мекунад.
Дар ин бора дар мусоҳиба бо ТАСС муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Шариф Норзода изҳор дошт.
"Расмиёти соддагардонидашуда гирифтани патент ва муҷавизи корӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон имкон медиҳад, ки расман ҷои кор пайдо кунанд ва ба аз лиҳози иҷтимоӣ ҳифз шаванд. Онҳо хизматрасониҳои тиббӣ ва саҳмҳои нафақа дастрасӣ пайдо мекунанд", - қайд кард муовини вазир.
Ба гуфтаи вай, рақамисозии равандҳои муҳоҷират ва ҷорӣ кардани сабти номҳои биометрӣ низ ба коҳиши фасод ва боло бурдани шаффофият мусоидат мекунад.
Дар ҳамин ҳол оқои Норзода бар ин назар аст, ки паёмадҳои манфӣ низ вуҷуд дорад.
"Сахт кардани қоидаҳо боиси афзоиши хароҷоти муҳоҷират мешавад: имтиҳонҳои ҳатмии забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузорӣ, бақайдгирии суғуртаи тиббӣ ва пардохти патент раванди воридшавӣ ва шуғлро гаронтар мекунад", - қайд кард ӯ.
Ёдовар мешавем, ки қаблан раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар бораи вазъи ҳуқуқии муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар кишвар фармон имзо карда буд.
Аз ин бармеояд, ки хориҷиёне, ки дар Русия ғайриқонунӣ қарор доранд, бояд вазъи худро танзим кунанд ё то санаи муайян кишварро тарк кунанд. Мӯҳлати ниҳоӣ 10 сентябри соли 2025 муқаррар шудааст.
Чунин шахсон инчунин то ихроҷ ё ба тартиб даровардани ҳуҷҷатҳояшон ба феҳристи махсус барои назорат ворид карда мешаванд.