https://sputnik.tj/20250611/suporishi-rahmon-qonuniyat-tartibot-huquqi-omodagi-artish-1068042855.html
Супориши Раҳмон дар бораи таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ ва омодагии доимии артиш
Супориши Раҳмон дар бораи таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ ва омодагии доимии артиш
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ масоили вобаста ба таъмини амният ва оромию субот дар кишвар мавриди баррасӣ кард
2025-06-11T15:01+0500
2025-06-11T15:01+0500
2025-06-11T15:01+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
артиш
мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
маҷлис
раисҷумҳур
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/0b/1068042594_0:249:1984:1365_1920x0_80_0_0_6e4b007756b3da93c4c8d82fd26eabce.jpg
ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ машварати корӣ доир намуданд.Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дод.Ба иттилои манбаъ, дар машварат масоили вобаста ба таъмини амният ва оромию субот дар кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷаласа вазъи кунунӣ дар ҷомеаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.Кишвардори Тоҷикистон ба роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ доир ба ҳифзи амну субот, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои низомӣ, таҳкими интизому риояи оинномаҳои ҳарбӣ ва омодасозии босифати кадрҳои ин соҳаҳо дастуру супоришҳои мушаххас додаааст.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти кишвар вазъи таъмини амну субот, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва таҳкими қудрати дифоии давлатро баррасӣ карда буд.Президент кишвар ба масъулин доир ба таъмини амнияти миллӣ, волоияти қонун, омодагии доимии артиши мамлакат, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирӣ аз ҳар гуна ҳодисаҳои нохуш супоришҳои мушаххас дода буд.Дар он ҷаласа ба баланд бардоштани савияи дониши мутахассисон, аз худ намудани техникаю таҷҳизоту технологияҳои муосир ва истифодаи зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир кард.
https://sputnik.tj/20250609/rahmon-sarvaziri-kambojaro-tojikiston-davat-kard-1067994117.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/0b/1068042594_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_cd4b77a052aa5f05a915f6d272fbc4b6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, артиш, маҷлис, қонуният, тартибот, ҳуқуқӣ, раҳмон, амният
тоҷикистон, артиш, маҷлис, қонуният, тартибот, ҳуқуқӣ, раҳмон, амният
Супориши Раҳмон дар бораи таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ ва омодагии доимии артиш
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ масоили вобаста ба таъмини амният ва оромию субот дар кишвар мавриди баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ машварати корӣ доир намуданд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар машварат масоили вобаста ба таъмини амният ва оромию субот дар кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷаласа вазъи кунунӣ дар ҷомеаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.
Кишвардори Тоҷикистон ба роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ доир ба ҳифзи амну субот, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои низомӣ, таҳкими интизому риояи оинномаҳои ҳарбӣ ва омодасозии босифати кадрҳои ин соҳаҳо дастуру супоришҳои мушаххас додаааст.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти кишвар вазъи таъмини амну субот, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва таҳкими қудрати дифоии давлатро баррасӣ карда буд.
Президент кишвар ба масъулин доир ба таъмини амнияти миллӣ, волоияти қонун, омодагии доимии артиши мамлакат, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирӣ аз ҳар гуна ҳодисаҳои нохуш супоришҳои мушаххас дода буд.
Дар он ҷаласа ба баланд бардоштани савияи дониши мутахассисон, аз худ намудани техникаю таҷҳизоту технологияҳои муосир ва истифодаи зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир кард.