https://sputnik.tj/20250609/rahmon-sarvaziri-kambojaro-tojikiston-davat-kard-1067994117.html
Раҳмон сарвазири Шоҳигарии Камбоҷаро ба Тоҷикистон даъват кард
Раҳмон сарвазири Шоҳигарии Камбоҷаро ба Тоҷикистон даъват кард
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар гуфтугӯ бо сарвазири Шоҳигарии Камбоҷа масоили густариши муносибатҳои ду кишварро баррасӣ намуд
2025-06-09T16:01+0500
2025-06-09T16:01+0500
2025-06-09T16:01+0500
дар тоҷикистон
камбоҷа
сиёсат
эмомалӣ раҳмон
мулоқот
сарвазир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/09/1067991874_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_a3498e996be0823749f3f518f8bc5df2.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус, ки имрӯзҳо дар шаҳри Нитсаи Фаронса ҷараён дорад, бо Сарвазири Шоҳигарии Камбоҷа муҳтарам Ҳун Манет дидору гуфтугӯ кард.Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.Қайд карда шудааст, ки дар вохӯрӣ масоили густариши муносибатҳои Тоҷикистону Камбоҷа баррасӣ гардид.Президенти Тоҷикистон дар ин дидор бо ёдоварӣ аз 30 соли барқароршавии робитаҳои дипломатӣ таъкид кард, ки ҷумиҳурӣ ҷонибдори тақвият бахшидани ҳамкориҳост.“Ҷонибҳо ба масъалаи рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои ояндадори тиҷоратию иқтисодӣ, саноат ва бахши фарҳанг таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд”, - қайд кардааст манбаъ.Ҳамчунин зимни мулоқот роҳандозӣ ва рушди ҳамкории байнипарлумонӣ мувофиқи мақсад дониста шуд.Зикр гардидааст, ки таҳкими ҳамкорӣ дар масоили пешгирӣ аз тағйирёбии иқлим ва таъмини устувории муҳити зист аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буданд.Эмомалӣ Раҳмон дар поёни суҳбат аз Сарвазири Шоҳигарии Камбоҷаро барои анҷоми сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват кард.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/39924
камбоҷа
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/09/1067991874_103:0:1923:1365_1920x0_80_0_0_2a84154cca6867aa827148795539bca6.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳур, сиёсат, камбоҷа, ҳамкорӣ, равобит, сарвазир
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳур, сиёсат, камбоҷа, ҳамкорӣ, равобит, сарвазир
Раҳмон сарвазири Шоҳигарии Камбоҷаро ба Тоҷикистон даъват кард
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар гуфтугӯ бо сарвазири Шоҳигарии Камбоҷа масоили густариши муносибатҳои ду кишварро баррасӣ намуд
ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус, ки имрӯзҳо дар шаҳри Нитсаи Фаронса ҷараён дорад, бо Сарвазири Шоҳигарии Камбоҷа муҳтарам Ҳун Манет дидору гуфтугӯ кард.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Қайд карда шудааст, ки дар вохӯрӣ масоили густариши муносибатҳои Тоҷикистону Камбоҷа баррасӣ гардид.
Президенти Тоҷикистон дар ин дидор бо ёдоварӣ аз 30 соли барқароршавии робитаҳои дипломатӣ таъкид кард, ки ҷумиҳурӣ ҷонибдори тақвият бахшидани ҳамкориҳост.
“Ҷонибҳо ба масъалаи рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои ояндадори тиҷоратию иқтисодӣ, саноат ва бахши фарҳанг таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд”, - қайд кардааст манбаъ.
Ҳамчунин зимни мулоқот роҳандозӣ ва рушди ҳамкории байнипарлумонӣ мувофиқи мақсад дониста шуд.
Зикр гардидааст, ки таҳкими ҳамкорӣ дар масоили пешгирӣ аз тағйирёбии иқлим ва таъмини устувории муҳити зист аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буданд.
Эмомалӣ Раҳмон дар поёни суҳбат аз Сарвазири Шоҳигарии Камбоҷаро барои анҷоми сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват кард.