https://sputnik.tj/20250611/mavsimi-shinovari-oghoz-tavsiya-gharqnashudan-kullu-daryoho-1068048064.html
Мавсими шиноварӣ оғоз шуд: Чанд тавсия барои ғарқнашудан дар куллу дарёҳо
Мавсими шиноварӣ оғоз шуд: Чанд тавсия барои ғарқнашудан дар куллу дарёҳо
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон сабабҳои асосии ғарқшавии шаҳрвандонро беэҳтиётӣ ва бетаваҷҷуҳӣ зимни шиноварӣ дар мавзеъҳои мамнуъ медонад
2025-06-11T16:41+0500
2025-06-11T16:41+0500
2025-06-11T16:41+0500
тасвирбаён
шиноварӣ
оббозӣ
тавсия
тобистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/0b/1068045635_0:0:1333:749_1920x0_80_0_0_d249ccb9ca06cd780eddd80f622ce5a1.jpg.webp
Тобистони гарм ҳам фаро расид. Замони фароғату истироҳат, моҳҳои рухсатиҳои меҳнатӣ. Ва дар шароити кунунӣ аксари мардум талош мекунанд истироҳати худро дар соҳили обҳо гузаронанд. Табиист, ки ҳадаф ба ҷуз истироҳат шиноварӣ низ мебошад.Вале ҳузур дар соҳили обҳо қоидаҳои худро дорад. На ҳама шиноваранд ва на ҳама аз ин гуна қоидаҳо бохабаранд.SputnikТоҷикистон ба хотири кӯмак ба онҳое, ки ба оббозӣ рафтанианд ва ҳам пешгирии ҳолатҳои фалокатбор чанд тавсияеро таҳия кард. Ба тасвирбаёни мо нигоҳ андозед.Дар фасли тобистон дар фасли шиноварӣ ҳар сол шоҳиди марги одамони зиёде мешавем, ки аксари онҳо бар асари беэҳтиётӣ ва надонистани одитарин қоидаҳои шиноварӣ рух додаанд.Истироҳату фароғат назди кӯлу обанборҳо метавонад бо фоҷеа анҷом ёбад.Аз ин рӯ, ҳангоми оббозӣ қоидаҳои бехатариро бояд риоя кард ва дар ҷойҳои манъшуда ба об набояд даромад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/0b/1068045635_166:0:1165:749_1920x0_80_0_0_368ccabe8da69a55dfd1c1fd99ee34e9.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тасвирбаён, оббозӣ, шиноварӣ, ғарқшавӣ, кҳф, тавсия, тобистон
тасвирбаён, оббозӣ, шиноварӣ, ғарқшавӣ, кҳф, тавсия, тобистон
Мавсими шиноварӣ оғоз шуд: Чанд тавсия барои ғарқнашудан дар куллу дарёҳо
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон сабабҳои асосии ғарқшавии шаҳрвандонро беэҳтиётӣ ва бетаваҷҷуҳӣ зимни шиноварӣ дар мавзеъҳои мамнуъ медонад.
Тобистони гарм ҳам фаро расид. Замони фароғату истироҳат, моҳҳои рухсатиҳои меҳнатӣ. Ва дар шароити кунунӣ аксари мардум талош мекунанд истироҳати худро дар соҳили обҳо гузаронанд. Табиист, ки ҳадаф ба ҷуз истироҳат шиноварӣ низ мебошад.
Вале ҳузур дар соҳили обҳо қоидаҳои худро дорад. На ҳама шиноваранд ва на ҳама аз ин гуна қоидаҳо бохабаранд.
SputnikТоҷикистон ба хотири кӯмак ба онҳое, ки ба оббозӣ рафтанианд ва ҳам пешгирии ҳолатҳои фалокатбор чанд тавсияеро таҳия кард. Ба тасвирбаёни мо нигоҳ андозед.
Дар фасли тобистон дар фасли шиноварӣ ҳар сол шоҳиди марги одамони зиёде мешавем, ки аксари онҳо бар асари беэҳтиётӣ ва надонистани одитарин қоидаҳои шиноварӣ рух додаанд.
Истироҳату фароғат назди кӯлу обанборҳо метавонад бо фоҷеа анҷом ёбад.
Аз ин рӯ, ҳангоми оббозӣ қоидаҳои бехатариро бояд риоя кард ва дар ҷойҳои манъшуда ба об набояд даромад.