https://sputnik.tj/20250611/birzhai-iiao-faol-shavad-1068044361.html
Ермолович: То соли 2030 биржаи ИИАО бояд пурра фаъол шавад
Ермолович: То соли 2030 биржаи ИИАО бояд пурра фаъол шавад
Sputnik Тоҷикистон
Вазири рақобат ва танзими зиддиинҳисории Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё хабар дод, кай биржаи ИИАО пурра роҳандозӣ хоҳад шуд
2025-06-11T17:07+0500
2025-06-11T17:07+0500
2025-06-11T17:07+0500
ииао
авруосиё
иқтисод
бозор
тиҷорат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/0b/1068044191_0:0:2692:1515_1920x0_80_0_0_d88932581c214b3b67c837b56bea424c.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Вазири рақобат ва танзими зиддиинҳисории Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) Максим Ермолович гуфт, то соли 2030 биржаи ИИАО фаъол хоҳад шуд.Оқои Ермолович дар ин бора дар мусоҳиба бо хабаргузории sb.by дар ҳошияи Форуми 25-умин солгарди байналмилалии биржа, ки дар Минск ҷараён дорад хабар дод.“Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ба ташаккули бозори ягонаи асъор шурӯъ мекунад. Консепсия қабул шудааст, ки марҳалаҳои ташаккули бозори умумии асъорро барои кишварҳои ИИАО муайян мекунад. Барои амалӣ гардондани лоиҳа барнома таҳия шудааст. Он аллакай аз ҳама тасдиқҳои зарурӣ гузаштааст”, - қайд кард ӯ.Ба гуфтаи вай, ин лоиҳа ба зудӣ дар сатҳи сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё баррасӣ хоҳад шуд.“Умедворем, ки барнома тасдик мешавад. Пеш аз оғози таҳияи заминаи ҳуқуқии ташаккули биржа мо ба ташаккули қонунгузорӣ оид ба танзими фаъолияти биржа шурӯъ мекунем. Дар ин ҷо, пеш аз ҳама, сухан дар бораи танзими биржаҳо ва ба вуҷуд овардани механизмҳои ҳуқуқии ҳамкории самарабахш байни биржаҳо меравад. Аз чумла ташаккули нишондиҳандаҳои нарх. Ин корро биржаҳо мустақилона ба ҷо меоваранд”, - гуфт ӯ.Максим Ермолович инчунин дар бораи самарае, ки ташаккули биржа барои ИИАО хоҳад дошт, чанд сухан гуфт.Ин бешубҳа яке аз воситаҳои пурсамари бозор мебошад, ки барои рақобат имконият мекушояд. Дар фазои умумии Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё фаъолияти биржа бартариҳои зиёд дорад. Он монеаҳоеро, ки шояд дар тиҷорати мутақобила боқӣ монда бошанд, аз байн мебарад. Он қоидаҳои возеҳи ҳамкории байни таъминкунандагон ва харидоронро муқаррар мекунад. Дар бозори умумӣ нархи одилона ташкил карда мешавад. Ин як воситаи муҳим барои интиқоли мол аст. Ин ба мо имкон медихад, ки барои хисоббаробаркунӣ истифодаи асъорҳои худамонро васеъ кунем. Барои мо чизи аз хама муҳим ин инкишофи рақобат дар бозори умумӣ мебошад”, - гуфт ӯ.Вай илова кард, ки дар бозори ягона ҳар қадар бештар мол пешниход карда шавад, мо ҳамон қадар самараи савдо ба даст оварда мешавад.
https://sputnik.tj/20250610/vaziri-belorusi-iiao-minsk-pruzhahoi-ziyod-sarmoyaguguzori-1068021158.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/0b/1068044191_0:0:2692:2019_1920x0_80_0_0_e51986f3d7db13ed94057f571a15e363.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, авруосиё, иқтисод, тиҷорат, асъор, биржа, бозори ягона
ииао, авруосиё, иқтисод, тиҷорат, асъор, биржа, бозори ягона
Ермолович: То соли 2030 биржаи ИИАО бояд пурра фаъол шавад
Вазири рақобат ва танзими зиддиинҳисории Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё хабар дод, кай биржаи ИИАО пурра роҳандозӣ хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Вазири рақобат ва танзими зиддиинҳисории Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) Максим Ермолович гуфт, то соли 2030 биржаи ИИАО фаъол хоҳад шуд.
Оқои Ермолович дар ин бора дар мусоҳиба бо хабаргузории sb.by дар ҳошияи Форуми 25-умин солгарди байналмилалии биржа, ки дар Минск ҷараён дорад хабар дод.
“Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ба ташаккули бозори ягонаи асъор шурӯъ мекунад. Консепсия қабул шудааст, ки марҳалаҳои ташаккули бозори умумии асъорро барои кишварҳои ИИАО муайян мекунад. Барои амалӣ гардондани лоиҳа барнома таҳия шудааст. Он аллакай аз ҳама тасдиқҳои зарурӣ гузаштааст”, - қайд кард ӯ.
Ба гуфтаи вай, ин лоиҳа ба зудӣ дар сатҳи сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё баррасӣ хоҳад шуд.
“Умедворем, ки барнома тасдик мешавад. Пеш аз оғози таҳияи заминаи ҳуқуқии ташаккули биржа мо ба ташаккули қонунгузорӣ оид ба танзими фаъолияти биржа шурӯъ мекунем. Дар ин ҷо, пеш аз ҳама, сухан дар бораи танзими биржаҳо ва ба вуҷуд овардани механизмҳои ҳуқуқии ҳамкории самарабахш байни биржаҳо меравад. Аз чумла ташаккули нишондиҳандаҳои нарх. Ин корро биржаҳо мустақилона ба ҷо меоваранд”, - гуфт ӯ.
Максим Ермолович инчунин дар бораи самарае, ки ташаккули биржа барои ИИАО хоҳад дошт, чанд сухан гуфт.
Ин бешубҳа яке аз воситаҳои пурсамари бозор мебошад, ки барои рақобат имконият мекушояд. Дар фазои умумии Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё фаъолияти биржа бартариҳои зиёд дорад. Он монеаҳоеро, ки шояд дар тиҷорати мутақобила боқӣ монда бошанд, аз байн мебарад. Он қоидаҳои возеҳи ҳамкории байни таъминкунандагон ва харидоронро муқаррар мекунад. Дар бозори умумӣ нархи одилона ташкил карда мешавад. Ин як воситаи муҳим барои интиқоли мол аст. Ин ба мо имкон медихад, ки барои хисоббаробаркунӣ истифодаи асъорҳои худамонро васеъ кунем. Барои мо чизи аз хама муҳим ин инкишофи рақобат дар бозори умумӣ мебошад”, - гуфт ӯ.
Вай илова кард, ки дар бозори ягона ҳар қадар бештар мол пешниход карда шавад, мо ҳамон қадар самараи савдо ба даст оварда мешавад.