https://sputnik.tj/20250610/vaziri-belorusi-iiao-minsk-pruzhahoi-ziyod-sarmoyaguguzori-1068021158.html
Вазири белорусӣ: ИИАО ба Минск имкон медиҳад пружаҳои зиёди сармоягугузориро амалӣ намояд
Вазири белорусӣ: ИИАО ба Минск имкон медиҳад пружаҳои зиёди сармоягугузориро амалӣ намояд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири умури хориҷаи Белорус ахиран гуфт, ки кишвараш аз сатҳи равандҳои ҳамгироӣ дар доираи Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё қаноатманд аст
2025-06-10T17:59+0500
2025-06-10T17:59+0500
2025-06-10T17:59+0500
ииао
авруосиё
белорус
ҳамкорӣ
иқтисод
тиҷорат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/0a/1068021968_0:0:3046:1714_1920x0_80_0_0_ecc210bc439bea7334e5095b0c9391d5.jpg
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё (ИИАО) ба Беларус имкон медиҳад, ки лоиҳаҳои зиёди сармоягузориро амалӣ намояд.Дар ин бора Максим Риженков, вазири умури хориҷии Белорус дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии "Россия 24" изҳор дошт.Вай гуфт имсол раёсатро дар Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё имсол Беларус бар ӯҳда дорад.Ба гуфтаи Риженков, узвият дар ИИАО ба кишвараш имкон додааст, муносибатҳои худро ҳам дар содироту воридот ва ҳам дар фароҳам овардани шароити ягона барои фаъолият бидуни мушкилот ва монеаҳои иловагӣ ба роҳ монад."Мо сатҳи ҳамкорӣ дар ин иттиҳодияро хеле баланд арзёбӣ мекунем. Ин ба мо имкон медиҳад, лоиҳаҳои зиёди сармоягузориро амалӣ намоем. Албатта, баъзе корҳо ба кунди пеш мераванд. Маълум аст, ки дар ҷое мушкилот вуҷуд дорад. Ин шояд аз ҷониби кормандони комиссияи иқтисодии АвруОсиё ё баъзе кишварҳо ҳоло ҳам мехоҳанд манфиатҳои худро бештар ҳифз кунанд, вобастааст, аммо дар маҷмӯъ, мо аз сатҳи равандҳои ҳамгироӣ дар доираи ИИАО қаноатмандем", - гуфт Риженков.Вай инчунин афзуд, ки инро рақамҳои мушаххаси ҳамкорӣ тасдиқ мекунанд."Он чизе, ки имрӯз барои мо хеле муҳим аст, ин маблағгузории тиҷорат аст. Имрӯз тақрибан 93%тамоми ҳисоббаробаркуниҳо дар доираи ИИАО бо асъори миллӣ сурат мегирад. Ва ғайр аз ин, шарикии иқтисодӣ ҳамеша аз пайи он чизест, ки моро ба ҳам наздик мекунад - ин фарҳанг ва муносибатҳои анъанавии байни мардумӣ аст. Ин барои мо низ муҳим аст", - қайд кард вазири умури хориҷаи Беларус.Қаблан Риженков гуфта буд, ки ҳаҷми гардиши мол миёни Беларус ва Чин ду баробар бештар азИттиҳодияи Аврупо хоҳад шуд.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/39964
белорус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/0a/1068021968_124:0:2855:2048_1920x0_80_0_0_397df4eae2b4f00c42f09797e23db6b6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
белорус, ииао, авруосиё, ҳамкорӣ, тиҷорат, иқтисод
белорус, ииао, авруосиё, ҳамкорӣ, тиҷорат, иқтисод
Вазири белорусӣ: ИИАО ба Минск имкон медиҳад пружаҳои зиёди сармоягугузориро амалӣ намояд
Вазири умури хориҷаи Белорус ахиран гуфт, ки кишвараш аз сатҳи равандҳои ҳамгироӣ дар доираи Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё қаноатманд аст
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё (ИИАО) ба Беларус имкон медиҳад, ки лоиҳаҳои зиёди сармоягузориро амалӣ намояд.
Дар ин бора Максим Риженков, вазири умури хориҷии Белорус дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии "Россия 24" изҳор дошт.
Вай гуфт имсол раёсатро дар Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё имсол Беларус бар ӯҳда дорад.
Ба гуфтаи Риженков, узвият дар ИИАО ба кишвараш имкон додааст, муносибатҳои худро ҳам дар содироту воридот ва ҳам дар фароҳам овардани шароити ягона барои фаъолият бидуни мушкилот ва монеаҳои иловагӣ ба роҳ монад.
"Мо сатҳи ҳамкорӣ дар ин иттиҳодияро хеле баланд арзёбӣ мекунем. Ин ба мо имкон медиҳад, лоиҳаҳои зиёди сармоягузориро амалӣ намоем. Албатта, баъзе корҳо ба кунди пеш мераванд. Маълум аст, ки дар ҷое мушкилот вуҷуд дорад. Ин шояд аз ҷониби кормандони комиссияи иқтисодии АвруОсиё ё баъзе кишварҳо ҳоло ҳам мехоҳанд манфиатҳои худро бештар ҳифз кунанд, вобастааст, аммо дар маҷмӯъ, мо аз сатҳи равандҳои ҳамгироӣ дар доираи ИИАО қаноатмандем", - гуфт Риженков.
Вай инчунин афзуд, ки инро рақамҳои мушаххаси ҳамкорӣ тасдиқ мекунанд.
"Он чизе, ки имрӯз барои мо хеле муҳим аст, ин маблағгузории тиҷорат аст. Имрӯз тақрибан 93%тамоми ҳисоббаробаркуниҳо дар доираи ИИАО бо асъори миллӣ сурат мегирад. Ва ғайр аз ин, шарикии иқтисодӣ ҳамеша аз пайи он чизест, ки моро ба ҳам наздик мекунад - ин фарҳанг ва муносибатҳои анъанавии байни мардумӣ аст. Ин барои мо низ муҳим аст", - қайд кард вазири умури хориҷаи Беларус.
Қаблан Риженков гуфта буд, ки ҳаҷми гардиши мол миёни Беларус ва Чин ду баробар бештар азИттиҳодияи Аврупо хоҳад шуд.