Таъкиди Эрон бар субот дар Тоҷикистон

© Foto / Хадамоти матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ТоҷикистонИран Таджикистан флаг
Иран Таджикистан флаг - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2025
Обуна шудан
Муовини вазири кишвари Эрон дар гуфтугӯи телефонӣ бо муовини вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон, бар аҳамияти амният ва пешрафти Душанбе таъкид кард
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Алиакбар Пурҷамшедиён, муовини амниятӣ ва интизомии вазорати кишвар, дар тамоси телефонӣ бо Абдураҳмон Аламошозода муовини аввали вазири умури дохилаи Тоҷикистон, иди Саиди қурбонро ба давлат, миллати Тоҷикистон табрик гуфт.
Сипас Пурҷамшедиён ҳамчунин аз мизбонии шоистаи Тоҷикистон дар сафари ахири ҳайати Эрон ба Душанбе ва баргузарии сеюмин коргурӯҳи муштараки амниятӣ ташаккур кард.
Мақомдори эронӣ бо таъкид бар аҳамияти сабот ва амнияти Тоҷикистон барои Эрон, пешрафтҳои ин кишварро моя хурсандӣ донист.
Ёдовар мешавем, ки авохири моҳи май муовини амниятӣ ва интизомии вазири кишвари мазкур Алиакбар Пурҷамшедиён ба Душанбе омада буд.
Встреча с заместителем министра безопасности и дисциплины МВД Ирана Алиакбаром Пурджамшедиёном  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2025
Тоҷикистону Эрон мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллиро пурзур менамоянд
Муовини амниятӣ ва интизомии вазири кишвари Эрон ба манзури баргузарии сеюмин коргурӯҳи муштараки амниятӣ ва интизомӣ, ворид Тоҷикистон шуда буд.
Дар ин сафар, оқои Пурҷамшедиён бо вазири умури дохилӣ ва дигар мақомоти аршади амниятӣ ва интизомии Тоҷикистони дидор ва гуфтугӯ кард.
Ҳамчунин, дар Душанбе сеюмин коргурӯҳи муштараки амниятӣ ва интизомии байни Эрону Тоҷикистон бо ҳадафи тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳавзаҳои амниятӣ ва интизомӣ баргузор шуд.
Лентаи хабарҳо
0