Тоҷикистону Эрон мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллиро пурзур менамоянд

© Foto / Министерство внутренних дел ТаджикистанаВстреча с заместителем министра безопасности и дисциплины МВД Ирана Алиакбаром Пурджамшедиёном
Встреча с заместителем министра безопасности и дисциплины МВД Ирана Алиакбаром Пурджамшедиёном  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2025
Обуна шудан
Тоҷикистону Эрон барои рушду нумуъ додани ҳамкориҳои дуҷониба дар самти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният талош хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Роҳбари ҳайати Гурӯҳи кории муштарак оид ба масъалаҳои тартиботи ҳуқуқӣ ва амниятӣ аз ҳисоби Вазорати кишвари Эрон, ҳамзамон муовини амниятӣ ва интизомии вазири кишвари мазкур Алиакбар Пурҷамшедиён дидору мулоқот кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, тарафҳо дар ҷараёни вохӯрӣ масоили тақвият бахшидани ҳамкориҳоро дар ҷодаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, таъмини амният ва мубодилаи иттилоот мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон тарафҳо барои рушду нумуъ додани ҳамкориҳои дуҷониба дар самти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният, роҳҳои мубориза бо терроризму ифротгароӣ, инчунин, қочоқи воситаҳои нашъдор ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои киберӣ изҳори боварӣ намуданд.
Флаги Ирана и Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2025
Сафари муовини амниятӣ ва интизомии Эрон ба Тоҷикистон
Ёдовар мешавем, ки муовини амниятӣ ва интизомии вазири кишвари Эрон ба манзури баргузарии сеюмин коргурӯҳи муштараки амниятӣ ва интизомӣ, ворид Тоҷикистон шуд.
Дар ин сафар, қарор аст Пурҷамшедиён бо вазири умури дохилӣ ва дигар мақомоти аршади амниятӣ ва интизомии Тоҷикистони дидор ва гуфтугӯ кунад.
Ҳамчунин, сеюмин коргурӯҳи муштараки амниятӣ ва интизомии байни Эрону Тоҷикистон бо ҳадафи тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳавзаҳои амниятӣ ва интизомӣ баргузор хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0