https://sputnik.tj/20250609/qabuli-khonandagon-sinfi-yakum-tojikiston-oghoz-1067969547.html
Маълум шуд кай қабули хонандагони синфи якум дар Тоҷикистон оғоз мешавад
Маълум шуд кай қабули хонандагони синфи якум дар Тоҷикистон оғоз мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати маориф ва илми хабар дода, ки имсол дар Тоҷикистон кӯдаконе, ки то 31 декабри соли 2018 таваллуд шудаанд, ба синфи якум мераванд
2025-06-09T09:36+0500
2025-06-09T09:36+0500
2025-06-09T09:36+0500
дар тоҷикистон
маориф
хонандагон
хонандагони синфи 1-ум
таҳсил
мактаб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/02/1051113729_24:74:1280:781_1920x0_80_0_0_3a152857cbb2aa69d51c79d97fe87db7.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Аз 1 август дар Тоҷикистон қабули хонандагони синфи якум ба соли таҳсили 2025-2026 оғоз мегардад.Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар додааст.Тибқи Барномаи омода намудани кӯдакони 7-сола ба таҳсил ба синфи 1-ум (барои як моҳ), ки бо Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон тасдиқ шудааст, ҳангоми номнавис гардидани хонандагон таҳсил аз 1 август оғоз мешавад.Дар ин давра бо хонандагони синфи якум давраи шиносоӣ гузаронида мешавад.Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе иттилоъ додааст, ки дар тамоми муассисаҳои таълимии пойтахт кӯдакон ба синфи якум ба тариқи ройгон қабул карда мешаванд.Қабули кӯдакон ба гурӯҳҳои забони таҳсилашон тоҷикӣ ва русии муассисаҳои таълимӣ (муассисаҳои таълимии шакли нав ва хусусӣ, бе назардошти маблағи шартнома) дар асоси қавонини Тоҷикистон ба тариқи ройгон анҷом дода мешавад.Вазорат қайд кардааст, ки дар ҳолати аз ҷониби масъулини маорифи шаҳри Душанбе талаб намудани маблағ барои қабули кӯдак ба синфи якум волидайн бояд аз онҳо расид барои маблағ талаб намоянд ва ё арзу шикояти худро тариқи телефони боварӣ пешниҳод намоянд.Имсол кӯдаконе, ки то 31 декабри соли 2018 таваллуд шудаанд, ба синфи якум мераванд.Агар кӯдак 1 январи соли 2019 таваллуд шуда бошад, ба синфи якум қабул карда намешавад.Вазорат ба падару модар тавсия додааст, ки фарзандонашонро бояд ба мактаб тезтар омода намоянд ва онҳоро ба дарсҳо шавқманд намоянд, бо онҳо бештар вақт гузаронанд.
https://sputnik.tj/20250514/vazorat-maorif-zamon-imtihonot-guzarish-khonandagon-elon-1067334111.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/02/1051113729_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_1178ddbf681461292f533bfaa408cd39.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, мактаб, маориф, хонандагон, синфи, якум, таълим, таҳсил
тоҷикистон, мактаб, маориф, хонандагон, синфи, якум, таълим, таҳсил
Маълум шуд кай қабули хонандагони синфи якум дар Тоҷикистон оғоз мешавад
Вазорати маориф ва илми хабар дода, ки имсол дар Тоҷикистон кӯдаконе, ки то 31 декабри соли 2018 таваллуд шудаанд, ба синфи якум мераванд
ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Аз 1 август дар Тоҷикистон қабули хонандагони синфи якум ба соли таҳсили 2025-2026 оғоз мегардад.
Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар додааст.
Тибқи Барномаи омода намудани кӯдакони 7-сола ба таҳсил ба синфи 1-ум (барои як моҳ), ки бо Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон тасдиқ шудааст, ҳангоми номнавис гардидани хонандагон таҳсил аз 1 август оғоз мешавад.
Дар ин давра бо хонандагони синфи якум давраи шиносоӣ гузаронида мешавад.
Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе иттилоъ додааст, ки дар тамоми муассисаҳои таълимии пойтахт кӯдакон ба синфи якум ба тариқи ройгон қабул карда мешаванд.
Қабули кӯдакон ба гурӯҳҳои забони таҳсилашон тоҷикӣ ва русии муассисаҳои таълимӣ (муассисаҳои таълимии шакли нав ва хусусӣ, бе назардошти маблағи шартнома) дар асоси қавонини Тоҷикистон ба тариқи ройгон анҷом дода мешавад.
Вазорат қайд кардааст, ки дар ҳолати аз ҷониби масъулини маорифи шаҳри Душанбе талаб намудани маблағ барои қабули кӯдак ба синфи якум волидайн бояд аз онҳо расид барои маблағ талаб намоянд ва ё арзу шикояти худро тариқи телефони боварӣ пешниҳод намоянд.
Имсол кӯдаконе, ки то 31 декабри соли 2018 таваллуд шудаанд, ба синфи якум мераванд.
Агар кӯдак 1 январи соли 2019 таваллуд шуда бошад, ба синфи якум қабул карда намешавад.
Вазорат ба падару модар тавсия додааст, ки фарзандонашонро бояд ба мактаб тезтар омода намоянд ва онҳоро ба дарсҳо шавқманд намоянд, бо онҳо бештар вақт гузаронанд.