https://sputnik.tj/20231021/muminzod-rushd-gardishgari-ravobiti-tojikiston-uzbekiston-1060072277.html
Муминзод: Рушди гардишгарӣ ба равобити Тоҷикистону Ӯзбекистон таъсири мусбат мерасонад
Муминзод: Рушди гардишгарӣ ба равобити Тоҷикистону Ӯзбекистон таъсири мусбат мерасонад
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Кумитаи рушди сайëҳии Тоҷикистон мегӯяд рушди сайёҳӣ барои наздик шудани мардумони тоҷик ва ӯзбек нақши барҷаста мегузорад
2023-10-21T11:09+0500
2023-10-21T11:09+0500
2023-10-21T11:09+0500
дар тоҷикистон
ӯзбекистон
сайёҳӣ
ҳамкорӣ
равобит
кумитаи рушди гардишгарӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/14/1060072050_0:0:601:338_1920x0_80_0_0_b4b0862def5c53178a8428ee4fbb8bcd.jpg
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Дар доираи баргузории Машварати сайёҳии Осиёи Марказӣ Раиси Кумитаи рушди сайëҳии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод бо Раиси Кумитаи сайёҳии Ӯзбекистон Умид Шодиев дидору мулоқот кард.Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи рушди сайëҳии Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, раиси Кумита зимни мулоқот қайд кард, ки муносибатҳои неки ду кишвари бо ҳам дӯст ба рушди соҳаи сайёҳӣ мусоидат намудааст.Дар ҳамин ҳол, раиси Кумитаи сайёҳии Ӯзбекистон қайд кардааст, ки муносиботи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо ҳам наздик мешаванд ва пешниҳод намуд, ки барои тақвияти ҳамкории минбаъда дар соҳаи сайёҳӣ амалӣ намудани хатсайрҳои сайёҳии муштарак ба нақша гирифта шудааст.“Дар ин замина ҷонибҳо барои таҳияи хатсайрҳои муштараки гуногунсамти сайёҳӣ дар миқёси минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори омодагӣ намуданд”, - қайд кардааст манюаъ.Ҳамзамон дар мулоқот таъкид гардид, ки рушди соҳаи сайёҳӣ на танҳо дар баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон, балки барои боз ҳам наздик намудани мардумон нақши барҷаста мебозад.
https://sputnik.tj/20231001/imzo-sanadi-hamkori-sayyohi-uzbekiston-turkiya-rusiya-1059707098.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/14/1060072050_25:0:558:400_1920x0_80_0_0_3e79ac2bda1e19ef50d0c8135bc9baaa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ӯзбекистон, сайёҳӣ, равобит, таъсмир, гардишгарӣ, мусбат, нақш
тоҷикистон, ӯзбекистон, сайёҳӣ, равобит, таъсмир, гардишгарӣ, мусбат, нақш
Муминзод: Рушди гардишгарӣ ба равобити Тоҷикистону Ӯзбекистон таъсири мусбат мерасонад
Раиси Кумитаи рушди сайëҳии Тоҷикистон мегӯяд рушди сайёҳӣ барои наздик шудани мардумони тоҷик ва ӯзбек нақши барҷаста мегузорад
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Дар доираи баргузории Машварати сайёҳии Осиёи Марказӣ Раиси Кумитаи рушди сайëҳии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод бо Раиси Кумитаи сайёҳии Ӯзбекистон Умид Шодиев дидору мулоқот кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи рушди сайëҳии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, раиси Кумита зимни мулоқот қайд кард, ки муносибатҳои неки ду кишвари бо ҳам дӯст ба рушди соҳаи сайёҳӣ мусоидат намудааст.
“Айни замон шумораи сайёҳони ӯзбек дар Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш буда, ҷаҳонгардони ин кишвар аз ҷиҳати ташриф ба Тоҷикистон дар раддабандии давраи ҳисоботии нуҳмоҳа дар ҷойи аввал қарор доранд”, - гуфт раиси Кумитаи сайёҳӣ.
Дар ҳамин ҳол, раиси Кумитаи сайёҳии Ӯзбекистон қайд кардааст, ки муносиботи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо ҳам наздик мешаванд ва пешниҳод намуд, ки барои тақвияти ҳамкории минбаъда дар соҳаи сайёҳӣ амалӣ намудани хатсайрҳои сайёҳии муштарак ба нақша гирифта шудааст.
“Дар ин замина ҷонибҳо барои таҳияи хатсайрҳои муштараки гуногунсамти сайёҳӣ дар миқёси минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори омодагӣ намуданд”, - қайд кардааст манюаъ.
Ҳамзамон дар мулоқот таъкид гардид, ки рушди соҳаи сайёҳӣ на танҳо дар баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон, балки барои боз ҳам наздик намудани мардумон нақши барҷаста мебозад.