https://sputnik.tj/20250608/tijorati-iiao-bo-chin-rekordi-shud--1067961144.html
Тиҷорати ИИАО бо Чин рекордӣ шуд
Тиҷорати ИИАО бо Чин рекордӣ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё соли гузашта тиҷорати ИИАО ва Чин ба сатҳи рекордӣ расида бештар аз 280 миллиаорд доларро ташкил дод
2025-06-08T15:12+0500
2025-06-08T15:12+0500
2025-06-08T15:12+0500
ииао
ҳамкорӣ
авруосиё
чин
тиҷорат
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/1f/1063036628_0:296:3114:2048_1920x0_80_0_0_a1cf900013cb3e8e74cc9f350ceff2a5.jpg
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Раиси Раёсат Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Бакитҷон Сагинтаев бо Сафири Чин дар Русия Чжан Ханхуй мулоқоти корӣ анҷом дод.Ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳои кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва Чинро дар чаҳорчӯби Созишномаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодиро баррасӣ карданд."Чин яке аз шарикони асосии иқтисодии хориҷии кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё мебошад. Муносибатҳои мо ба принсипҳои эҳтироми мутақобила, ошкорбаёнӣ ва ҳамкории стратегӣ асос ёфтаанд", - таъкид кард раиси Раёсати Комиссияи иқтисодии АвруОсиё.Ба гуфтаи вай, аз замони эътибор пайдо кардани Созишномаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ аз соли 2019, гардиши мол миёни ИИАО ва Чин то соли 2024 беш аз ду баробар афзоиш ёфта, ба 280 миллиард доллар расидааст.Бояд қайд кард, ки Созишномаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва кишварҳои узви он, аз як тараф ва Чин, аз сӯйи дигар, соли 2018 дар Остона ба имзо расида буд.
https://sputnik.tj/20250606/iiao-borkashoni-musofirkashoni-tamouli-afzoish-1067927038.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/05/1f/1063036628_342:0:3073:2048_1920x0_80_0_0_f179adb3511a460d3561fb22728cd68f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, чин, ҳамкорӣ, равобит, ииао, тиҷорат, рекорд, додугирифт, иқтисод
русия, чин, ҳамкорӣ, равобит, ииао, тиҷорат, рекорд, додугирифт, иқтисод
Тиҷорати ИИАО бо Чин рекордӣ шуд
Ба иттилои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё соли гузашта тиҷорати ИИАО ва Чин ба сатҳи рекордӣ расида бештар аз 280 миллиаорд доларро ташкил дод
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Раиси Раёсат Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Бакитҷон Сагинтаев бо Сафири Чин дар Русия Чжан Ханхуй мулоқоти корӣ анҷом дод.
Ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳои кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва Чинро дар чаҳорчӯби Созишномаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодиро баррасӣ карданд.
"Чин яке аз шарикони асосии иқтисодии хориҷии кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё мебошад. Муносибатҳои мо ба принсипҳои эҳтироми мутақобила, ошкорбаёнӣ ва ҳамкории стратегӣ асос ёфтаанд", - таъкид кард раиси Раёсати Комиссияи иқтисодии АвруОсиё.
Ба гуфтаи вай, аз замони эътибор пайдо кардани Созишномаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ аз соли 2019, гардиши мол миёни ИИАО ва Чин то соли 2024 беш аз ду баробар афзоиш ёфта, ба 280 миллиард доллар расидааст.
Бояд қайд кард, ки Созишномаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва кишварҳои узви он, аз як тараф ва Чин, аз сӯйи дигар, соли 2018 дар Остона ба имзо расида буд.