Дар ИИАО боркашонӣ ва мусофиркашонӣ тамоюли афзоиш дорад

© iStock.com \ MarioGutiФуры проезжают по автомагистрали
Фуры проезжают по автомагистрали  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.06.2025
Обуна шудан
Дар қаламрави кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё тамоюли афзоиши ҳамлу нақли бор ва мусофирон бо суръат идома дорад
ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Дар кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳаҷми боркашонӣ ва мусофиркашонӣ афзудааст.
Ба ин маълумотҳои оморӣ шаҳодат медиҳанд.
Дар семоҳаи аввали соли 2025 (нисбат ба соли гузашта) ҳам гардиши умумии мусофирон дар саросари ИИАО (2,5%) ва ҳам як қатор нишондиҳандаҳои миллӣ афзоиш ёфтааст.
Ҳамин тариқ, дар Қазоқистон – 14%, дар Беларус – 7,1%, дар Русия – 0,5%, дар Қирғизистон – 7,3% афзоишро ташкил дод.
Зимнан, дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми умумии ҳамлу нақли бор дар иттиҳодия 0,5% афзуда, дар Қазоқистон (14,3%), Қирғизистон (10%) афзоиш ба қайд гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки қаблан сардори Оҷонсии содироти Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода гуфта буд, ки ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ ҷумҳурӣ ба хориҷ метавонад аз 100 миллион доллар бештар бошад, дар сурате, ки агар содироти коло тавассути ИИАО сурат бигирад.
Флаги стран ЕАЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2025
Русия ҳамкориҳои гумрукии кишварҳои узви ИИАО-ро арзёбӣ кард
"Бисёре аз содироткунандагон ба хотири сарфаи боҷи гумрукӣ тавассути кишварҳои ИИАОмаҳсулоташонро ба хориҷ содирот мекунанд. Дар натиҷа, маҳсулоти Тоҷикистон ҳамчун моли яке аз кишварҳои ИИАО ба фурӯш гузошта мешавад", - шарҳ дод ӯ.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон ҳар сол ба кишварҳои ИДМ бештар маҳсулот содир мекунад, аммо дар ин бора дар худи бозори ИДМ касе хабар надорад – на истеъмолкунанда ва на ҳатто худи харидор.
Воқеан ҳам содирот ба Русия ва дигар кишварҳо дар ҳоли афзоиш аст, аммо мушкил дар он аст, маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар бозорҳои кишварҳои мухталиф бо тамғаҳои кишварҳои дигар фурӯхта мешаванд.
Колоҳои Тоҷикистон бештар ҳамчун маҳсулоти кишварҳои ҳамсоя фурӯхта мешавад.
Лентаи хабарҳо
0