Раҳмон бо Шаҳбоз Шариф суҳбати телефонӣ анҷом дод: аз чӣ гуфтанд?

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкОфициальный визит президента РФ В. Путина в Таджикистан. День второй
Официальный визит президента РФ В. Путина в Таджикистан. День второй - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2025
Обуна шудан
Ҷонибҳо ба ҳолати ҷории муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистон баҳои баланд доданд
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон рӯзи 7 июн бо сарвазири Ҷумҳурии Покистон суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Дар ин бора дафтариматбуоти роҳбари давлат иттилоъ дод.
Бар хабар манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон ва Шаҳбоз Шариф нахуст ҳамдигарро бо иди саиди Қурбон табрик карданд.
Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо ва Сарвазири Покистон ба ифтихори иди саиди Қурбон мубодилаи табрикот намуданд.
Встреча Эмомали Рахмона с Президентом Исламской Республики Иран Масудом Пизишкияном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.06.2025
Раҳмону Пизишкиён ҳамдигарро бо Иди Қурбон табрик карданд
Манбаъ афзуд, президенти Тоҷикистон ба сарвазири Покистон сиҳатмандии комилу комёбиҳои нав ва ба мардуми Покистон сулҳу амонӣ ва пешрафту шукуфоиро таманно намуд.
Дар идома ҷонибҳо ба ҳолати ҷории муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистон баҳои баланд доданд.
Илова бар ин, Раҳмону Шариф алоқаманди ду ҷонибро ба пешбурди ин муносибатҳо дар руҳияи шарикии стратегӣ таъкид карданд.
Лентаи хабарҳо
0