Раҳмону Пизишкиён ҳамдигарро бо Иди Қурбон табрик карданд

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаВстреча Эмомали Рахмона с Президентом Исламской Республики Иран Масудом Пизишкияном
Встреча Эмомали Рахмона с Президентом Исламской Республики Иран Масудом Пизишкияном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.06.2025
Обуна шудан
Президентҳо дар ҷараёни суҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистон ва Эронро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Масъуд Пизишкиён президенти Эрон суҳбати телефонӣ анҷом дод, хабар дод дафтари матбуоти роҳбари давлат.
Ба иттилои манбаъ, раисҷумҳурони Тоҷикистону Эрон ҳамдигарро бо фарорасии Иди Қурбон табрику таҳният гуфтанд.
Манбаъ афзуд, ки Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои эронии худ сиҳатмандӣ ва комёбиҳои навинро хоста, ба тамоми мардуми дӯсту бародари Эрон сулҳу оромӣ ва пешрафту шукуфоии бардавом орзу намуд.
Дар идома кишвардорон ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Эронро баррасӣ карданд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон поздравил народ республики с наступающим праздником Иди Курбон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.06.2025
Паёми идии Раҳмон ба мардум: Иди Қурбон тӯй нест, ба исрофкорӣ даст назанед
Дафтари матбуоти президент мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни имрӯзаи рушду тавсеаи робитаҳои ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуд.
Ёдовар мешавем, бар асоси қарори Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Иди Қурбон имсол ба 6 июн июн рост омада, намози ид соати 5:45-и субҳ гузошта мешавад.
Қаблан Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо аз мардуми Тоҷикистон даъват кард, ки ҳангоми таҷлил аз Иди Қурбон даст ба исрофкорӣ назананд.
Ӯ зимни як ҷаласае бо имомхатибон гуфт, ки мардумро ба ин масъала хуб огаҳӣ диҳанд, дар мавъизаҳояшон таваҷҷуҳи мардумро ба масъалаи расонидани кумаки моддӣ ба ятимону бепарасторон, танзими идгардаки кўдакон ва зери назорат қарор додани онҳо равона кунанд.
“Ба мардум фаҳмонидан лозим, ки ба сарфаю сариштакорӣ даст назананд. Ҳама дар як сатҳу сифат зиндагӣ намекунанд, барои баъзе афрод оростани дастархон мушкил аст ва ҳама чунин шароитро надорад”,- гуфт муфтӣ.
Раиси Шӯрои уламо афзуд, ки мардум ба ҷойи исрофкорӣ даст ба хайру эҳсон бизананд.
Лентаи хабарҳо
0