Нархро дар арафаи Ид гарон накунед: Пулиси Душанбе дар бозорҳо рейд мегузаронад

© Sputnik / Сергей Пятаков / Гузариш ба медиабонкПродавец и покупатель на рынке
Продавец и покупатель на рынке  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.06.2025
Обуна шудан
Ба иттилои РВКД, танҳо давоми як рӯз зимни баргузории рейду санҷишҳо дар бозорҳои пойтахт 80 далели бе нархнома ва гарон фурӯхтани маҳсулоти ғизоӣ ошкор гардид
ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Бо мақсади назорат ва танзими нархи маҳсулот дар бозорҳои пойтахт, аз ҷониби Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе гурӯҳҳои корӣ таъсис додааст, иттилоъ додааст Раёсати ВКД шащри Душанбе.
Ба иттилои манбаъ, кормандони ВКД-и пойтахт рейду амалиётҳои санҷишӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бо соҳибкорону шаҳрвандон мегузаронанд.
Цайд карда шудааст, ки давоми як рӯзи фаъолият аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ шумораи зиёди қонуншиканиҳо аз ҷумла 80-далели бе нархнома ва қиммат фурухтани маҳсулоти гуногуни хурокворӣ муайян карда шуданд.
“Нисбати чунин соҳибкорон бо моддаҳои 555, 633 ва 627 КҲМ Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ карда шудаанд”, - цайд кардааст РВКД Душанбе.
ВКД аз кулли соҳибкорону фурӯшандагони бозорҳо ва марказҳои савдо талаб кардаааст, ки худсарона нархи маҳсулотро қиммат накунанд.
“Дар акси ҳол нисбати онҳо низ чораҳои таъсиррасони қонунӣ татбиқ карда мешаванд”, - қайд намудааст манбаъ.
Председатель Совета улемов Исламского центра Таджикистана Саидмукаррам Абдулкодирзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2025
Муфтии Тоҷикистон аз мардум хост, дар ид исрофкорӣ накунанду ба зарардидагон кумак кунанд
Ёдовар мешавем, бар асоси қарори Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Иди Қурбон имсол ба 6 июн июн рост омада, намози ид соати 5:45-и субҳ гузошта мешавад.
Қаблан Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо аз мардуми Тоҷикистон даъват кард, ки ҳангоми таҷлил аз Иди Қурбон даст ба исрофкорӣ назананд.
Ӯ зимни як ҷаласае бо имомхатибон гуфт, ки мардумро ба ин масъала хуб огаҳӣ диҳанд, дар мавъизаҳояшон таваҷҷуҳи мардумро ба масъалаи расонидани кумаки моддӣ ба ятимону бепарасторон, танзими идгардаки кўдакон ва зери назорат қарор додани онҳо равона кунанд.
“Ба мардум фаҳмонидан лозим, ки ба сарфаю сариштакорӣ даст назананд. Ҳама дар як сатҳу сифат зиндагӣ намекунанд, барои баъзе афрод оростани дастархон мушкил аст ва ҳама чунин шароитро надорад”,- гуфт муфтӣ
Раиси Шӯрои уламо афзуд, ки мардум ба ҷойи исрофкорӣ даст ба хайру эҳсон бизананд.
Лентаи хабарҳо
0