Вазири саноати Тоҷикистон ҳамкориҳои кишварҳои ИДМ дар бахши саноатро нокифоя хонд

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонШерали Кабир, министр промышленности РТ
Шерали Кабир, министр промышленности РТ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2025
Обуна шудан
Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки барои кооператсияи бахши саноат дар ИДМ бояд аз таҷрибаи Иттиҳоди Шӯравӣ истифода кард
ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир сатҳи ҳамкориҳои кишварҳои ҳамсудро нокифоя хонд.
Вай дар ин бора дар 11-умин ҷаласаи Шӯрои сиёсати саноатии ИДМ дар Душанбе таъкид кард.
Вазири тоҷик пешниҳод кард, ки бояд таҷрибаи Иттиҳоди Шӯравӣ дар самти ҳамкорӣ бо дарназардошти имконоти ҳуш маснуӣ ба назар гирифта шавад.
"Бо вуҷуди асноди зиёде, ки аз замони таъсиси ИДМ ба имзо расидааст, сатҳи ҳамкориҳои кишварҳои муштаракулманофеъ ҳанӯз нокифоя аст", таъкид кард Шералӣ Кабир.
Ба гуфтаи вай, рушди кооператсия ва шарикӣ дар саноат низ чандон хуб ба роҳ монда нашудааст.
Шералӣ Кабир пешниҳод кард, ки таҷрибаи мусбии Иттиҳоди Шӯравӣ бояд омухта, шаклхои нави кооператсияи саноатӣ ба вуҷуд оварда, имкониятҳои ҳуш маснуӣ истифода бурда шавад.
"Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ дар байни кишварҳои мо робитаҳо ва механизмҳои мустаҳками занҷири истеҳсолоти саноатӣ вуҷуд доштанд. Ман боварӣ дорам, ки мо бояд ба робитаҳои таърихан муқарраршуда такя кунем ва бо назардошти навовариҳои технологӣ, бахусус имкони ҳуш маснуб шаклҳои нави ҳамкориро эҷод кунем", - таъкид кард вазир.
Производственные помещения в индустриальном парке. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2025
Вазорати саноат гуфт, Порки саноатӣ”-и муштараки Русияву Тоҷикистонро кӣ идора мекунад
Ёдовар мешавем, ки дар Душанбе ҷаласаи 11-уми Шӯрои сиёсати саноатии ИДМ ҷараён дорад.
Дар чаҳорчӯби он ҷаласаи нахустини машваратии вазирони саноати кишварҳои Осиёи Марказӣ низ баргузор мешавад.
Дар ҷаласаи мазкур лоихаи созишномаи рушди мошинсозии вазнин баррасӣ мешавад. Ин санад, ки аз ҷониби Вазорати саноати Тоҷикистон таҳия шудааст, ба таҳкими ҳамгироӣ ва истеҳсоли муштарак нигаронида шуда, рӯзи 5-уми июн ба сарони ҳукуматҳои ИДМ муаррифӣ мешавад.
Интизор меравад, ки кишварҳои ИДМ созишнома дар бораи рушди мошинсозии вазнинро, ки бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод шудааст, ба имзо расад.
Лентаи хабарҳо
0