https://sputnik.tj/20250603/oleyna-pyatyorochka-voronezh-tumen-korkhona-tojikiston-1067835972.html
Аз "Олейна" то "Пятёрочка": Воронежу Тюмен қасди ташкили корхонаҳо дар Тоҷикистонро доранд
Аз "Олейна" то "Пятёрочка": Воронежу Тюмен қасди ташкили корхонаҳо дар Тоҷикистонро доранд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳайати вилояти Суғд бо роҳбарии раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода барои тавияти ҳамкориҳои тиҷорӣ ба вилояти Воронеж ва Тюмени Русия сафар кардааст
2025-06-03T13:21+0500
2025-06-03T13:21+0500
2025-06-03T17:10+0500
дар тоҷикистон
суғд
воронеж
тюмен
ҳамкорӣ
иқтисод
тиҷорат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/03/1067836239_74:70:1225:717_1920x0_80_0_0_80eef5ad8f98acbd3d4350efee31aa69.jpg
ДУШАНБЕ,3 июн — Sputnik. Ахиран сафари расмии ҳайати вилояти Суғд ба вилояти Воронеж ва Тюмени Русия сурат гирифт.Нахуст ҳайати вилояти Суғд бо роҳбарии раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода бо сафари расмӣ ба вилояти Воронеж ташриф овард.Дар доираи сафар, раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо Губернатори Воронеж Александр Гусев мулоқот кард.Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои байниминтақавиро дар самтҳои иқтисод, саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ, маориф ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор доданд.Губернатори Воронеж Александр Гусев омодагии вилоятро барои тавсеаи ҳамкориҳои судманд бо вилояти Суғд таъкид намуд.Дар доираи сафар, бо иштироки доираи васеи соҳибкорону намояндагони мақомоти давлатӣ, нишасти муштараки тиҷоратӣ баргузор гардида, дар он имкониятҳои иқтисодии вилояти Суғд муаррифӣ шуданд.Раиси вилоят аз ташкили корхонаҳои муштарак, бунёди марказҳои логистикӣ, афзоиши содироти маҳсулот ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ ҳамчун самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ ёдовар шуд.Дар ҷараёни ин сафар як қатор санадҳои ҳамкорӣ байни Минтақаи озоди иқтисодии вилояти "Суғд" ва Минтақаи озоди иқтисодии "Воронеж", инчунин Палатаҳои савдо ва саноати ду минтақа ба имзо расиданд.Ҳайати расмии вилояти Суғд дар идомаи сафар аз як қатор корхонаҳои бузурги саноативу логистикии Воронеж, аз ҷумла шабакаи анборҳои “Пятёрочка”, корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои “Global Drinks”, корхонаи “Кобил-Груп” ва ширкати “Масленица” боздид ба амал оварданд. Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таъсиси корхонаҳои муштарак ва содироти маҳсулоти ватанӣ ба бозори Русия изҳор доштанд.Зимни мулоқот бо роҳбарияти шабакаи “Пятёрочка” тавофуқ ба даст омад, ки гурӯҳи кории ин ширкат ба вилояти Суғд ташриф оварда, доир ба роҳандозии хариди маҳсулот мувофиқаҳо ҳосил намоянд.Ҳамчунин, ҳайати Тоҷикистон бо ширкати “Масленица”, ки равғани машҳур ба “Олейна” мебарорад, масъалаи таъсиси корхонаи муштарак дар вилояти Суғдро мавриди баррасӣ қарор доданд.Сипас ҳайати вилояти Суғд озими Тюмен шуд. Дар доираи сафари корӣ ҳайати вилояти Суғд бо роҳбарии раиси вилоят бо губернатори вилояти Тюмен Александр Моор мулоқт карданд.Дар мулоқот ҷонибҳо дурнамои тавсеаи ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистону Русияро мавриди баррасӣ қарор доданд.Ба таъкиди ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ байни вилоятҳои Суғду Тюмен соҳаҳои саноату кишоварзӣ, тандурустӣ, илм ва маориф, фарҳанг ва сайёҳӣ ба ҳисоб мераванд. Ҳамзамон, имкониятҳои мавҷуда барои рушди ҳамкориҳо ва таъсиси корхонаҳои муштарак, аз ҷумла дар самти коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва пахта, мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифтанд.Ҳайати вилояти Суғд дар ҷараёни сафари худ ба вилояти Тюмен аз маркази тиббии Тюмен, технопарк, Донишгоҳи давлатии Тюмен, корхонаҳои саноатӣ ва объектҳои инфрасохтори сайёҳӣ боздид хоҳад кард.Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода таъкид кард, ки сафар ба вилояти Варонеж ва Тюмени Русия оғози марҳилаи нави ҳамкориҳои байниминтақавӣ миёни ин минтақаҳо ба шумор рафта, ба таҳкими робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангиву башардӯстона ва густариши муносибатҳои анъанавии ду кишвар такони ҷиддӣ мебахшад.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/39575
https://sputnik.tj/20250426/rasulzoda-taqviyati-ravobit-rusiya-siyosat-tojikiston-1067124333.html
суғд
воронеж
тюмен
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/03/1067836239_124:0:1133:757_1920x0_80_0_0_bf6da11565eff6ea3d72e1ec5cad7918.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, равобит, тиҷорат, иқтисод, суғд
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, равобит, тиҷорат, иқтисод, суғд
Аз "Олейна" то "Пятёрочка": Воронежу Тюмен қасди ташкили корхонаҳо дар Тоҷикистонро доранд
13:21 03.06.2025 (Навсозишуда: 17:10 03.06.2025) Ҳайати вилояти Суғд бо роҳбарии раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода барои тавияти ҳамкориҳои тиҷорӣ ба вилояти Воронеж ва Тюмени Русия сафар кардааст
ДУШАНБЕ,3 июн — Sputnik. Ахиран сафари расмии ҳайати вилояти Суғд ба вилояти Воронеж ва Тюмени Русия сурат гирифт.
Нахуст ҳайати вилояти Суғд бо роҳбарии раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода бо сафари расмӣ ба вилояти Воронеж ташриф овард.
Дар доираи сафар, раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо Губернатори Воронеж Александр Гусев мулоқот кард.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои байниминтақавиро дар самтҳои иқтисод, саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ, маориф ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор доданд.
Губернатори Воронеж Александр Гусев омодагии вилоятро барои тавсеаи ҳамкориҳои судманд бо вилояти Суғд таъкид намуд.
Дар доираи сафар, бо иштироки доираи васеи соҳибкорону намояндагони мақомоти давлатӣ, нишасти муштараки тиҷоратӣ баргузор гардида, дар он имкониятҳои иқтисодии вилояти Суғд муаррифӣ шуданд.
Раиси вилоят аз ташкили корхонаҳои муштарак, бунёди марказҳои логистикӣ, афзоиши содироти маҳсулот ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ ҳамчун самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ ёдовар шуд.
Дар ҷараёни ин сафар як қатор санадҳои ҳамкорӣ байни Минтақаи озоди иқтисодии вилояти "Суғд" ва Минтақаи озоди иқтисодии "Воронеж", инчунин Палатаҳои савдо ва саноати ду минтақа ба имзо расиданд.
“Созишномаҳои мазкур барои таъсиси корхонаҳои муштарак ва тақвияти муносибатҳои тиҷоративу сармоягузорӣ заминаи мусоид фароҳам хоҳанд овард”, - қайд кардааст Раҷаб Аҳмадзода.
Ҳайати расмии вилояти Суғд дар идомаи сафар аз як қатор корхонаҳои бузурги саноативу логистикии Воронеж, аз ҷумла шабакаи анборҳои “Пятёрочка”, корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои “Global Drinks”, корхонаи “Кобил-Груп” ва ширкати “Масленица” боздид ба амал оварданд. Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таъсиси корхонаҳои муштарак ва содироти маҳсулоти ватанӣ ба бозори Русия изҳор доштанд.
Зимни мулоқот бо роҳбарияти шабакаи “Пятёрочка” тавофуқ ба даст омад, ки гурӯҳи кории ин ширкат ба вилояти Суғд ташриф оварда, доир ба роҳандозии хариди маҳсулот мувофиқаҳо ҳосил намоянд.
Ҳамчунин, ҳайати Тоҷикистон бо ширкати “Масленица”, ки равғани машҳур ба “Олейна” мебарорад, масъалаи таъсиси корхонаи муштарак дар вилояти Суғдро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Сипас ҳайати вилояти Суғд озими Тюмен шуд. Дар доираи сафари корӣ ҳайати вилояти Суғд бо роҳбарии раиси вилоят бо губернатори вилояти Тюмен Александр Моор мулоқт карданд.
Дар мулоқот ҷонибҳо дурнамои тавсеаи ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистону Русияро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ба таъкиди ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ байни вилоятҳои Суғду Тюмен соҳаҳои саноату кишоварзӣ, тандурустӣ, илм ва маориф, фарҳанг ва сайёҳӣ ба ҳисоб мераванд. Ҳамзамон, имкониятҳои мавҷуда барои рушди ҳамкориҳо ва таъсиси корхонаҳои муштарак, аз ҷумла дар самти коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва пахта, мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифтанд.
"Мо имкони таъсиси корхонаҳои муштарак ва тақвияти равобити тиҷоратиро дорем. Вилояти Суғд дорои иқтидори бузурги саноатӣ ва кишоварзист, ки метавонад ба вилояти Тюмен ҳамкории судманд дошта бошад", – таъкид кард Раҷаб Аҳмадзода.
Ҳайати вилояти Суғд дар ҷараёни сафари худ ба вилояти Тюмен аз маркази тиббии Тюмен, технопарк, Донишгоҳи давлатии Тюмен, корхонаҳои саноатӣ ва объектҳои инфрасохтори сайёҳӣ боздид хоҳад кард.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода таъкид кард, ки сафар ба вилояти Варонеж ва Тюмени Русия оғози марҳилаи нави ҳамкориҳои байниминтақавӣ миёни ин минтақаҳо ба шумор рафта, ба таҳкими робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангиву башардӯстона ва густариши муносибатҳои анъанавии ду кишвар такони ҷиддӣ мебахшад.