https://sputnik.tj/20250601/kishvarho-idm-peshsaf-beshtar-tojikiston-sayyohi-intikhob-1067779705.html
Кишварҳои ИДМ пешсаф: Аз кадом давлатҳо бештар Тоҷикистонро барои сайёҳӣ интихоб кардаанд?
Кишварҳои ИДМ пешсаф: Аз кадом давлатҳо бештар Тоҷикистонро барои сайёҳӣ интихоб кардаанд?
Sputnik Тоҷикистон
Шумораи миёнаи кормандони субъектҳои хизматрасонӣ 3656 нафар ва даромад аз пешниҳоди хизматрасонӣ дар ин давра 81,2 миллион сомониро ташкил додааст
2025-06-01T18:04+0500
2025-06-01T18:04+0500
2025-06-01T18:04+0500
дар тоҷикистон
кумитаи сайёҳӣ
сайёҳӣ
омор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103139/24/1031392406_0:209:3163:1988_1920x0_80_0_0_a73c28ff4116eb4f21ccb6d1b5c2093a.jpg
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон даҳгонаи кишварҳоеро эълон кард, ки шаҳрвандони онҳо ҷумҳуриро барои гардишгарӣ интихоб кардаанд.Ба гузориши Агентии омори кишвар, дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ дар умум 367,8 ҳазор хориҷиён аз Тоҷикистон боздид намудаанд, ки ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли қаблӣ 42,7 ҳазор нафар ё 13,1% зиёд арзёбӣ мегардад.Ба иттилои манбаъ, аксари шаҳрвандони хориҷии ба Тоҷикистон омада аз Ӯзбекистон будаанд. Шумораи онҳо зиёда аз 236,4 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки 64,1%-и теъдоди умумии онҳоро ташкил медиҳад.Теъдоди сайёҳоне, ки ин муддат аз Русия ба мамлакат ташриф овардаанд, беш аз 87 ҳазор нафар ё 23,6 фоизи теъдоди умумии сайёҳонро ташкил дода, дар зинаи сеюм Қирғизистон бо 8,7 ҳазор нафар меистад.Ҳамчунин дар ин давра аз Қазоқистон — 8,3 ҳазор нафар, Туркманистон – 1,6, аз мамлакатҳои хориҷи дур бошад, Чин- 7,1, Эрон — 3,9, Афғонистон – 3,2, ИМА – 1,6, Туркия – 1,4 ҳазор нафар ва дигарон камтар аз ҳазор тан аз Тоҷикистон дидан кардаанд.Ба таъкиди Оҷонси омор, мутобиқи маълумоти оморӣ, беш аз 307 ҳазор нафари омадагон тибқи методологияи Созмони ҷаҳонии Сайёҳӣ ба ҳайси сайёҳ арзёбӣ мешаванд. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ соли 15,8% зиёд аст.Бар асоси омор, шумораи шаҳрвандони хориҷии аз кишварҳои ИДМ ба ҷумҳурӣ омада 343,6 ҳазор нафар ё 93,2%-и шумораи умумии онҳоро ташкил намудааст, ки аз ин 286,6 ҳазор нафари онҳо сайёҳон мебошанд.Шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки аз кишварҳои хориҷии дур ба ҷумҳурӣ омадаанд, зиёда аз 25 ҳазор нафарро ташкил додааст (мутаносибат 6,8% аз шумораи умумӣ) ва 20,4 ҳазор нафари онҳо сайёҳон будаанд.Гуфта мешавад, ки дар моҳҳои январ-марти соли 2025 дар миқёси мамлакат 200 ширкати сайёҳии бақайдгирифташуда мавҷуд буда, 216 меҳмонхона ба хидматрасонӣ машғуланд.Шумораи миёнаи кормандони субъектҳои хизматрасонӣ 3656 нафар ва даромад аз пешниҳоди хизматрасонӣ дар ин давра 81,2 миллион сомониро ташкил додааст.
https://sputnik.tj/20250216/tojikiston-muntazir-shirkatho-rusi-rushd-zersokhtor-sayyohi-ast-1066244321.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103139/24/1031392406_216:0:2947:2048_1920x0_80_0_0_c2e1005d1d2cd368102fce42689a58d0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кишварҳо идм пешсаф давлатҳо тоҷикистон сайёҳӣ интихоб
кишварҳо идм пешсаф давлатҳо тоҷикистон сайёҳӣ интихоб
Кишварҳои ИДМ пешсаф: Аз кадом давлатҳо бештар Тоҷикистонро барои сайёҳӣ интихоб кардаанд?
Шумораи миёнаи кормандони субъектҳои хизматрасонӣ 3656 нафар ва даромад аз пешниҳоди хизматрасонӣ дар ин давра 81,2 миллион сомониро ташкил додааст
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон даҳгонаи кишварҳоеро эълон кард, ки шаҳрвандони онҳо ҷумҳуриро барои гардишгарӣ интихоб кардаанд.
Ба гузориши Агентии омори кишвар, дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ дар умум 367,8 ҳазор хориҷиён аз Тоҷикистон боздид намудаанд, ки ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли қаблӣ 42,7 ҳазор нафар ё 13,1% зиёд арзёбӣ мегардад.
Ба иттилои манбаъ, аксари шаҳрвандони хориҷии ба Тоҷикистон омада аз Ӯзбекистон будаанд. Шумораи онҳо зиёда аз 236,4 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки 64,1%-и теъдоди умумии онҳоро ташкил медиҳад.
Теъдоди сайёҳоне, ки ин муддат аз Русия ба мамлакат ташриф овардаанд, беш аз 87 ҳазор нафар ё 23,6 фоизи теъдоди умумии сайёҳонро ташкил дода, дар зинаи сеюм Қирғизистон бо 8,7 ҳазор нафар меистад.
Ҳамчунин дар ин давра аз Қазоқистон — 8,3 ҳазор нафар, Туркманистон – 1,6, аз мамлакатҳои хориҷи дур бошад, Чин- 7,1, Эрон — 3,9, Афғонистон – 3,2, ИМА – 1,6, Туркия – 1,4 ҳазор нафар ва дигарон камтар аз ҳазор тан аз Тоҷикистон дидан кардаанд.
Ба таъкиди Оҷонси омор, мутобиқи маълумоти оморӣ, беш аз 307 ҳазор нафари омадагон тибқи методологияи Созмони ҷаҳонии Сайёҳӣ ба ҳайси сайёҳ арзёбӣ мешаванд. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ соли 15,8% зиёд аст.
Бар асоси омор, шумораи шаҳрвандони хориҷии аз кишварҳои ИДМ ба ҷумҳурӣ омада 343,6 ҳазор нафар ё 93,2%-и шумораи умумии онҳоро ташкил намудааст, ки аз ин 286,6 ҳазор нафари онҳо сайёҳон мебошанд.
Шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки аз кишварҳои хориҷии дур ба ҷумҳурӣ омадаанд, зиёда аз 25 ҳазор нафарро ташкил додааст (мутаносибат 6,8% аз шумораи умумӣ) ва 20,4 ҳазор нафари онҳо сайёҳон будаанд.
Гуфта мешавад, ки дар моҳҳои январ-марти соли 2025 дар миқёси мамлакат 200 ширкати сайёҳии бақайдгирифташуда мавҷуд буда, 216 меҳмонхона ба хидматрасонӣ машғуланд.
Шумораи миёнаи кормандони субъектҳои хизматрасонӣ 3656 нафар ва даромад аз пешниҳоди хизматрасонӣ дар ин давра 81,2 миллион сомониро ташкил додааст.