Тоҷикистон мунтазири ширкатҳои русӣ барои рушди зерсохтори сайёҳӣ аст

© Sputnik / Amir IsaevРоссийские туристы в Пенджикенте
Российские туристы в Пенджикенте - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2025
Обуна шудан
Барои соҳибкорони Тоҷикистон дар ин соҳа хатари ҷиддӣ вуҷуд нахоҳад дошт, зеро арзиши асосӣ дар ҷумҳурӣ табиати беназири он аст
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Тоҷикистон қасд дорад ширкатҳои Русияро барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ ҷалб кунад.
Дар ин бора Ҷамшед Ҷумъахонзода, раиси Кумитаи сайёҳии кишвар зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
"Мо ба таҷрибаи муқарраршудаи байналмилалӣ такя мекунем. Лоиҳаҳое ҳастанд, ки аз ҷониби соҳибкорони тоҷик сохта мешаванд, аммо мо ба ҷалби сармоя дар тамоми соҳаҳои иқтисод, бахусус соҳаи сайёҳӣ хеле манфиатдорем", - гуфт ӯ.
Аз ин рӯ, иншооти зерсохтори марбут ба соҳаи сайёҳӣ метавонанд аз ҷониби шарикони хориҷӣ бунёд карда шаванд, гуфт Ҷумъахонзода.
Ба ин тартиб, Тоҷикистон дар ҳамоишҳои мухталифи тиҷоратӣ тарҳҳои эҳтимолии сармоягузориро ба ширкатҳои русӣ муаррифӣ мекунад.
"Мо бисёр мехостем, ки дӯстони мо аз Русия, намояндагони тиҷоратии мо таваҷҷуҳ зоҳир кунанд, зеро имкони бузург вуҷуд дорад", - афзуд раиси кумита.
Ҷумъахонзода таъкид кард, ки тақрибан дар тамоми самтҳои сайёҳӣ метавон тиҷорат пеш бурд ва ё инфраструктур бунёд кард.
Встреча по развитию туризма между Таджикистаном и Средним Уралом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.10.2024
Имзои санади ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ миёни вилояти Свердловски Русия ва Тоҷикистон
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ӯ, барои соҳибкорони Тоҷикистон дар ин соҳа хатари бузурге нахоҳад дошт, зеро арзиши аслӣ барои сайёҳон дар ҷумҳурӣ табиати нотакрори он аст.
Қаблан маълум шуд, ки соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон 334,5 ҳазор сайёҳ омадаанд.
Бо назардошти афзоиши талабот мақомоти ҷумҳурӣ ният доранд, ки масъалаи огоҳ кардани сайёҳони Федератсияи Русияро дар бораи мавзеъҳои ҷолиб ва зебоманзари кишвар ҳал кунанд.
Бо ин мақсад мо аллакай барномаи мобилии Харитаи сайёҳии Тоҷикистонро таҳия ва роҳандозӣ намудем. Он дорои тамоми маълумот дар бораи хатсайрҳо, меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо дар саросари кишвар аст.
Лентаи хабарҳо
0