Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия баргузор мешаванд

© Sputnik / Стас ЭтвешДни культуры Таджикистана в Москве
Дни культуры Таджикистана в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2025
Обуна шудан
Вазорати фарҳанги Русия гуфт, ки рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар кадом шаҳрҳои Русия баргузор мешаванд
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Дар Русия рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон Баргузор мешаванд, хабар дод Хадамоти матбуотии Вазорати фарҳанги Русия.
Тибқи маълумоти расмӣ, Рӯзҳои фарҳанги рӯзи 2 июн дар Маскав ва рӯзи 4-ум дар қаламрави Қазон баргузор мешаванд.
"Бо дастгирии вазорати фарҳанги Русия дар шаҳри Маскав ва Қазон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешаванд", - омадааст дар хабари ин ниҳод.
Тавре дафтари матбуоти Вазорати фарҳанг қайд кард, ифтитоҳи тантанавӣ 2 июн дар саҳнаи нави Театри калони давлатии академии Русия баргузор мешавад.
Дар доираи барномаи консертии "Вестник Дружбы" бо ҳамроҳии оркестри симфонии давлатии Тоҷикистон иҷрокунандагон ва коллективҳои ҷумҳурӣ баромад мекунанд.
Оғози Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон - видео - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2025
Оғози Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон - видео
Аз ҷумла, ансамблҳои "Зебо", "Гулрез", "Ҷаҳоноро", "Дарё", Соибназар Аловатов, Амирҷон Рӯзиев, Нигина Амонқулова, инчунин Таҳмина Ниёзова ҳунарнамоӣ мекунанд.
Илова бар ин, намоишгоҳи устодони санъати Тоҷикистон низ баргузор мегардад.
"Зиёда аз 30 тасвири рассомони маъруфи тоҷик, ба монанди Сӯҳроб Қурбонов, Олим Рабизода, Миршакар Акмал, Наргис Ҳамидова ва дигарон ба намоиш гузошта мешаванд. Намоишгоҳ то 5 июн идома меёбад", - илова кард Вазорат.
Ҳамчунин рӯзи 4 июн дар Қазон барномаи калони консертӣ, намоишгоҳи ҳунарҳои халқӣ, аз ҷумла табақҳои тоҷикӣ, расмҳои дастӣ, ҷавоҳирот ва дигар ашёҳои санъат ба намоиш гузошта мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0