Оғози Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон - видео

Обуна шудан
Ахиран дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон оғоз гардиданд
Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон ба таҳкими минбаъдаи дӯстии халқҳои ду кишвар, густариши робитаҳои фарҳангӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, инчунин дарки амиқи марҳилаҳои рушди ҳамкории мутақобили судманд такони ҷиддӣ мебахшад.
Гуфт дар ин бора Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён.
Дар оғози Рӯзҳои фарҳанг ҳунармандони озарӣ таронаю оҳанг ва рақсҳои ҷолиб пешниҳод намуданд.
Дар Тоҷикистон рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон баргузор мешаванд
Дар доираи ҳамкории фарҳангии ду мамлакат то имрӯз табодули таҷрибаи донишмандон, устодон, донишҷӯён, барномаҳои фарҳангию мусиқӣ ва иштироки аҳли илму фарҳанг дар ин гуна барномаҳо доир гардидааст.
Дар назар аст, ки ҳайати расмии Озарбойҷон дар шаҳри Норак бо "Боғи анор" ва Неругоҳи барқи обии "Норак", Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Кохи Наврӯз ва Маҷмааи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе шинос шавад.
Инчунин дар Кохи фарҳанги ноҳияи Данғара барномаи консертии ансамбли созҳои миллии Озарбойҷон пешниҳод карда мешавад.
Тоҷикистону Озарбойҷон дар рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ҳамкорӣ мекунанд
Дар ин рӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон гӯшаи осори адабиёти Озарбойҷон ифтитоҳ мегардад.
Инчунин дар назар аст, ки байни Китобхонаи миллии Озарбойҷон ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расад.
Лентаи хабарҳо
0