https://sputnik.tj/20250531/havo-tobiston-imsol-tojikiston-1067762309.html
Маълум шуд, ҳавои моҳи якуми тобистон дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад
Маълум шуд, ҳавои моҳи якуми тобистон дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Тибқи пешгӯии ҳавосанҷони тоҷик моҳи аввали тобистони имсол дар Тоҷикистон ба мисли моҳи июни соли 2021 мешавад 31.05.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-05-31T15:01+0500
2025-05-31T15:01+0500
2025-05-31T15:01+0500
дар тоҷикистон
тобистон
обу ҳаво
ҳавои гарм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/1e/1051042625_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_e1e7922c2bba0197823681d1ddd78e85.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Моҳи июн дар Тоҷикистон аз меъёри иқлим баланд пешгӯӣ мешавад. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии кишвар иттилоъ дод.Ба иттилои манбаъ, моҳи якуми фасли тобистон ҳаворати ҳаво аз 1 то 2 дараҷа аз меъёри иқлимӣ баланд пешгӯӣ мешавад.Агентӣ ҳавои вилоятҳо ва шаҳру навоҳии Тоҷикистонро дар алоҳида пешгӯӣ намуда, афзуд, ки вилоятҳои Хатлону Суғд ва НТҶ -ро ҳавои тафсон интизор аст.Аз ҷумла дар Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳаво аз меъёри иқлимӣ баланд шуда, дар водиҳо то 42 дараҷа ва дар ноҳияҳои ҷанубӣ то 45 дараҷа гарм шудани ҳаво дар назар аст.Бо вуҷуди гармӣ, ҳавосанҷон пешгӯӣ намудаанд, ки дар рӯзҳои алоҳида боришоти шадиди борон ва раъду барқ сурат хоҳад гирифт.Зимнан, ҳаво дар вилояти Суғд низ гарм шуда, то 40 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад. Дар ин вилоят низ гоҳ гоҳе боришоти борон сурат гирифта, ҳамчунин дар баъзе минтақаҳои шимолӣ вазиши шамоли сахт бо суръати 17-22 метр дар як сония пешгӯӣ мешавад.Ҳавои моҳи июн дар ғарби ВМКБ низ гарм хоҳад омад. Ҳавосанҷон мегӯянд, дар ин қисмати Бадахшони Тоҷикистон то 36 дараҷа гарм шудани ҳаво аз эҳтимол дур нест. Вале дар тарафи шимоли вилоят ҳаво ҳамагӣ то 10 дараҷа гарм мешаваду халос.Вобаста ба гармии ҳаво, қаблан КҲФ ва дигар ниҳодҳои марбута аз шаҳрвандону меҳмонон даъват намуданд, ки танҳо дар ҷойҳои барои шиноварӣ мувофиқбуда оббозӣ кунанд ва ҳангоми дохил шудан ба кғли дарёҳо аз эҳтиёт кор гиранд.
https://sputnik.tj/20250422/zaminlarza-sel-sangrezi-tojikiston-ofatho-tabii-1067075313.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/1e/1051042625_353:216:2788:2042_1920x0_80_0_0_8ad62383eef42aea491b1ade68fc5fb3.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, тобистон, обу ҳаво, ҳавои гарм
дар тоҷикистон, тобистон, обу ҳаво, ҳавои гарм
Маълум шуд, ҳавои моҳи якуми тобистон дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад
Тибқи пешгӯии ҳавосанҷони тоҷик моҳи аввали тобистони имсол дар Тоҷикистон ба мисли моҳи июни соли 2021 мешавад
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Моҳи июн дар Тоҷикистон аз меъёри иқлим баланд пешгӯӣ мешавад. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии кишвар иттилоъ дод.
Ба иттилои манбаъ, моҳи якуми фасли тобистон ҳаворати ҳаво аз 1 то 2 дараҷа аз меъёри иқлимӣ баланд пешгӯӣ мешавад.
"Ҳавои ин моҳ ба ҳавои соли 2021 монандӣ хоҳад дошт", - омадааст дар хабари манбаъ.
Агентӣ ҳавои вилоятҳо ва шаҳру навоҳии Тоҷикистонро дар алоҳида пешгӯӣ намуда, афзуд, ки вилоятҳои Хатлону Суғд ва НТҶ -ро ҳавои тафсон интизор аст.
Аз ҷумла дар Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳаво аз меъёри иқлимӣ баланд шуда, дар водиҳо то 42 дараҷа ва дар ноҳияҳои ҷанубӣ то 45 дараҷа гарм шудани ҳаво дар назар аст.
Бо вуҷуди гармӣ, ҳавосанҷон пешгӯӣ намудаанд, ки дар рӯзҳои алоҳида боришоти шадиди борон ва раъду барқ сурат хоҳад гирифт.
Зимнан, ҳаво дар вилояти Суғд низ гарм шуда, то 40 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад. Дар ин вилоят низ гоҳ гоҳе боришоти борон сурат гирифта, ҳамчунин дар баъзе минтақаҳои шимолӣ вазиши шамоли сахт бо суръати 17-22 метр дар як сония пешгӯӣ мешавад.
Ҳавои моҳи июн дар ғарби ВМКБ низ гарм хоҳад омад. Ҳавосанҷон мегӯянд, дар ин қисмати Бадахшони Тоҷикистон то 36 дараҷа гарм шудани ҳаво аз эҳтимол дур нест. Вале дар тарафи шимоли вилоят ҳаво ҳамагӣ то 10 дараҷа гарм мешаваду халос.
Вобаста ба гармии ҳаво, қаблан КҲФ ва дигар ниҳодҳои марбута аз шаҳрвандону меҳмонон даъват намуданд, ки танҳо дар ҷойҳои барои шиноварӣ мувофиқбуда оббозӣ кунанд ва ҳангоми дохил шудан ба кғли дарёҳо аз эҳтиёт кор гиранд.