Аз заминларза то селу сангрезӣ: Тоҷикистон дар ҳалқаи офатҳои табиӣ

© Foto / КЧС ТаджикистанаСход селя в ГБАО
Сход селя в ГБАО  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2025
Обуна шудан
Давоми чанд рӯзи охир Тоҷикистонро қариб ҳамарӯза заминларза такон медиҳад ва ҳамзамон ҷо ҷое селу сангрезӣ ба вуқӯъ мепайвандад
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Заминларза, селу сангреғӣ, паст шудани ҳарорати ҳаво ва боришоти борон чанд рӯз боз дар Тоҷикистон ҳукмфармо.
Пас аз заминларзаи харобиовари рӯзи 13 апрел дар Рашт, қариб ҳамарӯза дар ин ё он минтақаи Тоҷикистон заминҷунбӣ ва ё дигар офатҳои табиӣ ба амал меоянд.
Дақиқан чанд соат пеш водии Раштро боз заминҷунбии навбатӣ такон дод. Ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар, шиддати ҷунбиши замин дар Рашт ба 4 балл ва дар Душанбе 3 баллро ташкил дод.
Ин ниҳод тавзеҳ дод, ки офати табиӣ дар пай талафоти ҷонӣ ва молиро надошт. Аммо заминларзхаи рӯзи 13 апрел як кушта 16 захмӣ ва беш аз 400 манзилро қисман ва ё пурра вайрону валангор кард.
Кохир Расулзода посетил Рашт и Таджикабад по поручению президента  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2025
Сарвазир бо супориши президент ба Рашту Тоҷикобод рафт
Гузашта аз ин, КҲФ иттилоъ дод, ки дар ноҳияи Бартанги ВМКБ бинобар об шудани барф сел фаромада роҳи Рӯшон-бартанро масдуд кард. Феълан поксозии ин роҳ аз обу лойиқа идома дорад.
Ҳамчунин бар асари вазиши шамоли сахт дар ноҳияи Ишкошими ин вилоят, манзили як сокини маҳаллӣ сахт зарар дид ва кормандони КҲФ ҳоло ҳаҷми хисороти расидаро ҳисоб мекунанд.
Масири Душанбе-Дарвоз-Ванҷ-Хоруғ низ бар асари сангрезӣ дар ҳудуди деҳаи Чапарак баста буд, вале роҳсозон давоми 4,5 соат роҳро аз сангу хок тоза карданд ва ҳаракати нақлиёт дубора аз сар гирифта шуд.
Дар ҳамин ҳол, Оҷонсии обуҳавошиносӣ ҳушдор дод, ки рӯзҳои 22-24 апрел бо сабаби ба амал омадани боришот ба истисно аз шарқи ВМКБ дар баъзе минтақаҳои ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ғарби ВМКБ сар задани селҳои хусусияти маҳаллидошта аз эҳтимол дур нест.
Лентаи хабарҳо
0