Дар Намоишгоҳи саноатӣ дар Душанбе чӣ намоиш дода шуд - видео

Обуна шудан
Ҳадаф аз ташкили намоишгоҳи мазкур баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ, густариши ҳамкории корхонаҳои саноатии мамлакат бо ширкатҳои хориҷӣ мебошад
Дар Душанбе дар доираи конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо намоишгоҳи саноати молҳои Тоҷикистон баргузор шуд.
Ба иттилои хабарнигори Sputnik Тоҷикистон намоишгоҳ дар "Dushanbe EXPO Centre" ташкил шуд.
Ҳадаф аз баргузор кардани намоишгоҳи мазкур муаррифии маҳсулоти корхонаҳои саноатии истеҳсолӣ ба меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва ба ин васила тақвияти ҳамкорӣ бо кишварҳои иштирокдор мебошад.
Раҳмон пешниҳод кард, дар Тоҷикистон Озмоишгоҳи минтақавии яхшиносӣ ташкил шавад
Дар Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Тоҷикистон гӯшаҳои соҳаҳои саноати мошинсозӣ, кимиё, нассоҷӣ, маъдан, канданиҳои фоиданок, масолеҳи сохтмон, ангишт, технологияи иттилоотӣ, энергетика, хӯрокворӣ ва кишоварзӣ ташкил карда шудаанд.
Инчунин коргоҳу корхонаҳои саноатию истеҳсолии мамлакат номгӯи зиёди маҳсулоти ватаниро ба намоиш гузоштаанд.
Дар майдони кушоди намоишгоҳ воситаҳои нақлиёти мусофиркаш ва боркаш, ҳарбӣ-муҳофизатӣ ва техникаҳои кишоварзие, ки дар Тоҷикистон истеҳсол ва бастабандӣ мегарданд, ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
Ташкулкунандагони намоиш бар ин назаранд, ки ташкили чунин намоишгоҳҳо боиси баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ва густариши ҳамкории корхонаҳои саноатии мамлакат бо ширкатҳои хориҷӣ мегардад.
Маврид ба зикр аст, ки Конфронс рӯзи 29 май дар Душанбе шурӯъ шуда, то 31 май идома меёбад.
Лентаи хабарҳо
0