https://sputnik.tj/20250529/prezident-majlis-hukumat-khost-mardum-roh-peshgiri-saratonro-fahmonand-1067550092.html
Президент дар маҷлиси Ҳукумат хост, ба мардум роҳҳои пешгирӣ аз саратонро фаҳмонанд
Президент дар маҷлиси Ҳукумат хост, ба мардум роҳҳои пешгирӣ аз саратонро фаҳмонанд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорату идораҳои дахлдор ва ҳокимияти вилоятҳо ва шаҳру навоҳӣ вазифадор шуданд, ки дар бораи Барномаи пешгирӣ ва назорати бемориҳои саратон барои солҳои... 29.05.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-05-29T15:35+0500
2025-05-29T15:35+0500
2025-05-29T15:35+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
тандурустӣ
саратон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/1d/1067540120_0:156:2048:1308_1920x0_80_0_0_e2c31ad7001f20a01f201cc1181ab008.jpg
ДУШАНБЕ, 29 мая — Sputnik. Дар Душанбе бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари давлат маҷлиси Ҳукумат баргузор гардид, хабар дод дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон.Бар хабари манбаъ, дар ҷаласа Барномаи пешгирӣ ва назорати бемориҳои саратон дар Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 баррасӣ шуд ва вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода дар ин бора гузориш ироа кард.Зикр гардид, ки дар стратегияи ҳифзи солимии аҳолӣ барои давраи то соли 2030 масъалаи пешгирии бемории саратон яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи тандурустӣ эътироф шудааст.Зимнан, Барномаи пешгирӣ ва назорати бемориҳои саратон барои солҳои 2025-2029 ва нақшаи чорабиниҳои амалигардонии он баъди муҳокимаи ҳамаҷониба тасдиқ карда шуд.Ҳамакнун, ҳамаи вазорату идораҳои дахлдор, ҳокимияти вилоятҳо ва шаҳру навоҳӣ вазифадор шуданд, ки вобаста ба иҷрои ин барнома ҳамасола бояд аз натиҷаи кори худ маълумот пешниҳод кунанд.Манбаъ таъкид намуд, Эмомаолӣ Раҳмон дар рафти ҷаласа аз масъулон даъват намуд, ки сабабу омилҳои гирифторӣ ва пешгирӣ аз бемориро ба мардум фаҳмонанд.Бояд гуфт, дар Тоыикистон гирифторӣ ба ин беморӣ сол то сол афзоиш ёфтааст. Танҳо дар соли 2023 дар Тоҷикистон 5,5 ҳазор ҳолати нави бемории саратон ба қайд гирифта шудааст. Танҳо дар "Маркази ҷумҳуриявии илмию саратоншиносӣ" дар ин давра 3 641 нафар бемор ба қайд гирифта шуд, ки аз ин шумора 2 231 нафар зан ва 1187 нафар мард мебошанд. Ҳамчунин, дар миёни кӯдакони то 18-сола 223 ҳодиса ба қайд гирифта шудааст, ки 141 нафар писар ва 82 нафарашон духтар мебошанд.
https://sputnik.tj/20250105/pizishkon-tojik-jarrohi-mushkil-anjom-dodand-1065767294.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/1d/1067540120_38:0:1858:1365_1920x0_80_0_0_3bc81817203b361e6b81d30ba8b13981.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, тандурустӣ, саратон
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, тандурустӣ, саратон
Президент дар маҷлиси Ҳукумат хост, ба мардум роҳҳои пешгирӣ аз саратонро фаҳмонанд
Вазорату идораҳои дахлдор ва ҳокимияти вилоятҳо ва шаҳру навоҳӣ вазифадор шуданд, ки дар бораи Барномаи пешгирӣ ва назорати бемориҳои саратон барои солҳои 2025-2029 ҳар сол маълумот пешниҳод кунанд
ДУШАНБЕ, 29 мая — Sputnik. Дар Душанбе бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари давлат маҷлиси Ҳукумат баргузор гардид, хабар дод дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Бар хабари манбаъ, дар ҷаласа Барномаи пешгирӣ ва назорати бемориҳои саратон дар Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 баррасӣ шуд ва вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода дар ин бора гузориш ироа кард.
Зикр гардид, ки дар стратегияи ҳифзи солимии аҳолӣ барои давраи то соли 2030 масъалаи пешгирии бемории саратон яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи тандурустӣ эътироф шудааст.
Зимнан, Барномаи пешгирӣ ва назорати бемориҳои саратон барои солҳои 2025-2029 ва нақшаи чорабиниҳои амалигардонии он баъди муҳокимаи ҳамаҷониба тасдиқ карда шуд.
Ҳамакнун, ҳамаи вазорату идораҳои дахлдор, ҳокимияти вилоятҳо ва шаҳру навоҳӣ вазифадор шуданд, ки вобаста ба иҷрои ин барнома ҳамасола бояд аз натиҷаи кори худ маълумот пешниҳод кунанд.
Манбаъ таъкид намуд, Эмомаолӣ Раҳмон дар рафти ҷаласа аз масъулон даъват намуд, ки сабабу омилҳои гирифторӣ ва пешгирӣ аз бемориро ба мардум фаҳмонанд.
Бояд гуфт, дар Тоыикистон гирифторӣ ба ин беморӣ сол то сол афзоиш ёфтааст. Танҳо дар соли 2023 дар Тоҷикистон 5,5 ҳазор ҳолати нави бемории саратон ба қайд гирифта шудааст.
Танҳо дар "Маркази ҷумҳуриявии илмию саратоншиносӣ" дар ин давра 3 641 нафар бемор ба қайд гирифта шуд, ки аз ин шумора 2 231 нафар зан ва 1187 нафар мард мебошанд.
Ҳамчунин, дар миёни кӯдакони то 18-сола 223 ҳодиса ба қайд гирифта шудааст, ки 141 нафар писар ва 82 нафарашон духтар мебошанд.