Пизишкони тоҷик бори аввал як ҷарроҳии мушкилро анҷом доданд

© Хадамоти матбуоти Вазорати тандурустии ТоҷикистонПизишкони тоҷик бори аввал як ҷарроҳии мушкилро анҷом доданд
Пизишкони тоҷик бори аввал як ҷарроҳии мушкилро анҷом доданд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.01.2025
Обуна шудан
Ба иттилои Вазорати тандурустӣ беморе, ки аз сӯи табибони тоҷик бо усули нав ҷарроҳӣ шуд, худро хуб эҳсос мекунад
ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Дар Душанбе барои маротибаи аввал табибон бе буриш ҷарроҳии рагҳои калони мағзи сарро анҷом доданд.
Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар дод.
Манбаъ афзуд, ингуна ҷарроҳӣ то ҳол ё дар хориҷи кишвар ва ё бо овардани мутахассисони хориҷӣ гузаронида мешуд, аммо ҳоло худи пизишкони тоҷик ин навъ ҷарроҳиро муваффақона анҷом доданд.
Операция по резекции желудка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.02.2024
“Ба ақл рост намеояд” – шарҳи вазир дар бораи табобат дар хориҷа
Тибқи иттилои вазорат, бемор сокини 16 - солаи ноҳияи Ҳамадонӣ буда, ӯро табибони Маркази милии тиббии "Шифобахш" ҳамроҳ бо мутахассисони Маркази ташхисию табобатии "Дастаи Дил" тариқи эндоваскулиярӣ ҷарроҳӣ карданд.
Гуфта мешавад, косахона ва майнаи сари бемор ҳангоми афтодан ҷароҳати ҷиддӣ бардошта будааст.
"Ташхис нишон дод, ки раги калони майнаи сари бемор ҳангоми дохил шудан ба косахонаи сар сурох гардида, бо рагҳои варидӣ пайваст шудааст, ки дар натиҷа дар бемор нобиноӣ, варам ва сурхии чашм ва инчунин рафтани хунравиҳои шадид аз бинӣ ва даҳон ба вуҷуд омадааст”, - гуфтааст Субҳониддин Баҳодуров, табиби ҷарроҳи “Шифобахш”.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло вазъи саломатии бемор хуб аст ва бемориаш пурра бартараф шудаааст. Чанд рӯз пас бемор ба хона рухсат мешавад.
Лентаи хабарҳо
0