https://sputnik.tj/20250529/matvienko-munosibatho-rusiya-tojikiston-inkishof-1067531676.html
Матвиенко: Муносибатҳои Русия ва Тоҷикистон пуртаҳрик инкишоф меёбанд
Матвиенко: Муносибатҳои Русия ва Тоҷикистон пуртаҳрик инкишоф меёбанд
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Шӯрои федератсияи Русия дар гуфтугӯ бо раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон таъкид кард, ки ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳоли рушд ҳастанд
2025-05-29T10:51+0500
2025-05-29T10:51+0500
2025-05-29T10:51+0500
дар тоҷикистон
русия
ҳамкорӣ
сиёсат
иқтисод
валентина матвиенко
рустами эмомалӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/1c/1067522652_0:84:1280:804_1920x0_80_0_0_9b640389f3a374622744c75afabf65e4.jpg
ДУШАНБЕ, 29 мая — Sputnik. Равобити иттифоқии Русия ва Тоҷикистон дар тамоми бахшҳо босуръат рушд мекунанд, гуфт раиси Шӯрои Федератсия Русия Валентина Матвиенко.Раиси Шӯрои Федератсияи Русия бо раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дурнамои ҳамкориҳои байнипарлумониро баррасӣ кард."Муносибатҳои байни кишварҳои мо дар ҳама соҳаҳо босуръат рушд доранд. Ин асосан ба муколамаи мунтазами эътимодбахш дар сатҳи олӣ, муносибатҳои наздики шахсии сарони давлатҳоямон вобаста аст. Моҳи марти соли равон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Русия сафари расмӣ анҷом дод. Муҳим он аст, ки ӯ шахсан дар таҷлили ҷашни 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок дошт", - гуфт ӯ.Раиси Шӯрои Федератсияи Русия ба масъалаҳои таъмини қонунгузории рушди муносибатҳои дуҷониба, кори Комиссияи ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Федератсия ва Форуми байнипарламентии "Тоҷикистону Русия: неруи ҳамкори байниминтақавӣ" таъкид кард.Вай аз ташаббуси баргузории иҷлосияи тирамоҳии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ дар Тоҷикистон изҳори сипос кард.Матвиенко зимни суханронӣ дар бораи ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳо қайд кард ва гуфт, ки Русия шарики асосии тиҷоративу иқтисодӣ ва шарики муҳими сармоягузори Тоҷикистон аст.“Соли 2024 саҳми Русия дар тиҷорати хориҷии Тоҷикистон беш аз 22 дарсадро ташкил додааст. Мубодилоти мол дар соли 2024 аллакай қариб якуним миллиард доллари амрикоиро ташкил додааст ва дар моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ низ он нишондиҳандаҳои мусбат нишон медиҳад. Афзоиш нисбат ба аввали соли гузашта 6,3 фоизро ташкил дод. Албатта мо бояд боз ҳам барои рушд талош кунем", - гуфт сиёсатмадори рус.
https://sputnik.tj/20250528/rustami-emomali-guftugu-valentina-matvienko-maskav-1067524502.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/1c/1067522652_176:105:1105:802_1920x0_80_0_0_9a61ce02e58851fe33186384fbd491ae.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, равобит, иқтисод, сиёсат, рушд, матвиенко, рустам эмомалӣ
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, равобит, иқтисод, сиёсат, рушд, матвиенко, рустам эмомалӣ
Матвиенко: Муносибатҳои Русия ва Тоҷикистон пуртаҳрик инкишоф меёбанд
Раиси Шӯрои федератсияи Русия дар гуфтугӯ бо раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон таъкид кард, ки ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳоли рушд ҳастанд
ДУШАНБЕ, 29 мая — Sputnik. Равобити иттифоқии Русия ва Тоҷикистон дар тамоми бахшҳо босуръат рушд мекунанд, гуфт раиси Шӯрои Федератсия Русия Валентина Матвиенко.
Раиси Шӯрои Федератсияи Русия бо раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дурнамои ҳамкориҳои байнипарлумониро баррасӣ кард.
"Муносибатҳои байни кишварҳои мо дар ҳама соҳаҳо босуръат рушд доранд. Ин асосан ба муколамаи мунтазами эътимодбахш дар сатҳи олӣ, муносибатҳои наздики шахсии сарони давлатҳоямон вобаста аст. Моҳи марти соли равон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Русия сафари расмӣ анҷом дод. Муҳим он аст, ки ӯ шахсан дар таҷлили ҷашни 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок дошт", - гуфт ӯ.
Раиси Шӯрои Федератсияи Русия ба масъалаҳои таъмини қонунгузории рушди муносибатҳои дуҷониба, кори Комиссияи ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Федератсия ва Форуми байнипарламентии "Тоҷикистону Русия: неруи ҳамкори байниминтақавӣ" таъкид кард.
"Мо инчунин ба идомаи ҳамкориҳои самарабахши дуҷониба тавассути кумитаҳои тахассусӣ умед мебандем... Раёсати Тоҷикистон дар соли равон дар ИДМ барои таҳкими талоши муштараки мо дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил имкониятҳои иловагиро боз мекунад", - иброз дошт хонум Матвиенко.
Вай аз ташаббуси баргузории иҷлосияи тирамоҳии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ дар Тоҷикистон изҳори сипос кард.
Матвиенко зимни суханронӣ дар бораи ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳо қайд кард ва гуфт, ки Русия шарики асосии тиҷоративу иқтисодӣ ва шарики муҳими сармоягузори Тоҷикистон аст.
“Соли 2024 саҳми Русия дар тиҷорати хориҷии Тоҷикистон беш аз 22 дарсадро ташкил додааст. Мубодилоти мол дар соли 2024 аллакай қариб якуним миллиард доллари амрикоиро ташкил додааст ва дар моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ низ он нишондиҳандаҳои мусбат нишон медиҳад. Афзоиш нисбат ба аввали соли гузашта 6,3 фоизро ташкил дод. Албатта мо бояд боз ҳам барои рушд талош кунем", - гуфт сиёсатмадори рус.