https://sputnik.tj/20250529/moh-iun-tojikistoniho-11-ruz-istirohati-dorand-1067555958.html
Моҳи июн тоҷикистониҳо ду ҷашн таҷлил мекунанду 11 рӯзи истироҳат доранд
Моҳи июн тоҷикистониҳо ду ҷашн таҷлил мекунанду 11 рӯзи истироҳат доранд
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистониён дар моҳи аввали тобистон ду ҷашни калонро таҷлил мекунанд, ки яке Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва дигаре Иди Қурбон аст
2025-05-29T16:45+0500
2025-05-29T16:45+0500
2025-05-29T17:02+0500
дар тоҷикистон
истироҳат
иттифоқҳои касаба
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/1e/1051042648_363:249:3175:1831_1920x0_80_0_0_88dbd8bbb7419a2515e6c076ea0ef49f.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон моҳи июн якбора ду ид ҷашн гирифта мешавад.Якумаш Рӯзи Ваҳдати миллӣ аст, ки ҳамасола рӯзи 27 июн таҷлил мешавад. Ин ид дар асоси фармони Президенти Тоҷикистон таъсис ёфта, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 1998 "Дар бораи рӯзҳои ид" ва моддаи 83-и Кодекси меҳнат қайд карда шудааст.Ҷашни мазкур пас аз ҷанги тӯлонии шаҳрвандӣ, ки бо имзои санади "Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон" 27 июни соли 1997 дар Маскав ба поён расид, таъсис дода шуд.Бояд гуфт, дар Рӯзи таҷлили Ваҳдати миллӣ шаҳрвандони Тоҷикистон истироҳат доранд. Ҷашни Ваҳдат бо чорабиниҳо ва тантанаҳои оммавӣ доир мегардад.Рӯзи таҷлили Иди Қурбон дар Тоҷикистон маълум шудГузашта аз ин, моҳи июн инчунин Иди Қурбон таҷлил мешавад. Ба иттилои Шӯрои уламо ин ид имсол ба 6 июн рост омад. Иди Қурбон рӯзи ҷумъа таҷлил мешавад ва бинобар ин тоҷикистониҳо се рӯз пайи ҳам истироҳат хоҳанд дошт.Ҳама рӯзҳои ид ва рӯзҳои истироҳат дар қонун инъикос ёфта, бо фармони дахлдори ҳукумат, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расонидааст, тасдиқ карда мешавад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/1e/1051042648_444:0:3175:2048_1920x0_80_0_0_7f4985752c6e756e72f89cb614d6411a.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон ид истироҳат рӯзи ваҳдат иди қурбон
тоҷикистон ид истироҳат рӯзи ваҳдат иди қурбон
Моҳи июн тоҷикистониҳо ду ҷашн таҷлил мекунанду 11 рӯзи истироҳат доранд
16:45 29.05.2025 (Навсозишуда: 17:02 29.05.2025) Тоҷикистониён дар моҳи аввали тобистон ду ҷашни калонро таҷлил мекунанд, ки яке Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва дигаре Иди Қурбон аст
ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон моҳи июн якбора ду ид ҷашн гирифта мешавад.
Якумаш Рӯзи Ваҳдати миллӣ аст, ки ҳамасола рӯзи 27 июн таҷлил мешавад. Ин ид дар асоси фармони Президенти Тоҷикистон таъсис ёфта, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 1998 "Дар бораи рӯзҳои ид" ва моддаи 83-и Кодекси меҳнат қайд карда шудааст.
Ҷашни мазкур пас аз ҷанги тӯлонии шаҳрвандӣ, ки бо имзои санади "Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон" 27 июни соли 1997 дар Маскав ба поён расид, таъсис дода шуд.
Бояд гуфт, дар Рӯзи таҷлили Ваҳдати миллӣ шаҳрвандони Тоҷикистон истироҳат доранд. Ҷашни Ваҳдат бо чорабиниҳо ва тантанаҳои оммавӣ доир мегардад.
Гузашта аз ин, моҳи июн инчунин Иди Қурбон таҷлил мешавад. Ба иттилои Шӯрои уламо ин ид имсол ба 6 июн рост омад. Иди Қурбон рӯзи ҷумъа таҷлил мешавад ва бинобар ин тоҷикистониҳо се рӯз пайи ҳам истироҳат хоҳанд дошт.
Ҳама рӯзҳои ид ва рӯзҳои истироҳат дар қонун инъикос ёфта, бо фармони дахлдори ҳукумат, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расонидааст, тасдиқ карда мешавад.