https://sputnik.tj/20250529/ruz-tajlili-id-qurbon-tojikiston-malum-shud-1067545904.html
Рӯзи таҷлили Иди Қурбон дар Тоҷикистон маълум шуд
Рӯзи таҷлили Иди Қурбон дар Тоҷикистон маълум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Санаи дақиқи таҷлили Иди Қурбон дар кишвар эълон шуд, ки тибқи тақвими мусалмонӣ, дар саросари ҷаҳон дар 10-уми моҳи Зулҳиҷҷа ҷашн гирифта мешавад
2025-05-29T14:00+0500
2025-05-29T14:00+0500
2025-05-30T10:14+0500
дар тоҷикистон
иди қурбон
шӯрои уламои ҷт
дин ва оин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/10/1063229618_0:0:1620:912_1920x0_80_0_0_b11d7156367d094561b43e074eaa94e3.jpg
ДУШАНБЕ, 29 мая — Sputnik. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон таърихи дақиқи баргузории Иди Қурбон дар кишварро эълон кард.Иди Қурбон имсол ба 6 июн июн рост омад. Ин тасмим бар асоси хулосаи Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Фарҳангистони миллии улуми Тоҷикистон гирифта шудааст.Дар ин бора аз Шӯрои уламо ба Sputnik Тоҷикистон хабар дода, изҳор доштанд, ки қарори мазкур зимни баргузории ҷаласа қабул шуд.Маврид ба зирк аст, ки Иди Қурбон имсол ба рӯзи ҷумъа рост омад ва тоҷикистониён се рӯз пайи ҳам истироҳат хоҳанд дошт. Маъмулан Иди Қурбон пас аз 70 рӯзи иди Рамазон ҷашн гирифта мешавад.Ҷашни идҳои мазҳабии мусалмонон ҳамасола дар рӯзҳои гуногун аз моҳи июн то сентябр ҷашн гирифта мешавад.Чунин тафовути калони ҷашнгириро бо он шарҳ медиҳанд, ки тақвими мусалмонӣ тақрибан 354 рӯзро ташкил медиҳад, ки аз соли офтобӣ 10 ё 11 рӯз камтар аст. Маҳз ҳамин номутобиқӣ боис мешавад, ки таҷлили ин идҳо ба вақтҳои гуногун рост меояд.
https://sputnik.tj/20250516/haj-chiro-boyad-hoji-donad-1067358641.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/10/1063229618_180:0:1620:1080_1920x0_80_0_0_6fcd627c25c0926dd85d47da89d4023e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
иди қурбон тоҷикистон
Рӯзи таҷлили Иди Қурбон дар Тоҷикистон маълум шуд
14:00 29.05.2025 (Навсозишуда: 10:14 30.05.2025) Санаи дақиқи таҷлили Иди Қурбон дар кишвар эълон шуд, ки тибқи тақвими мусалмонӣ, дар саросари ҷаҳон дар 10-уми моҳи Зулҳиҷҷа ҷашн гирифта мешавад
ДУШАНБЕ, 29 мая — Sputnik. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон таърихи дақиқи баргузории Иди Қурбон дар кишварро эълон кард.
Иди Қурбон имсол ба 6 июн июн рост омад. Ин тасмим бар асоси хулосаи Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Фарҳангистони миллии улуми Тоҷикистон гирифта шудааст.
Дар ин бора аз Шӯрои уламо ба Sputnik Тоҷикистон хабар дода, изҳор доштанд, ки қарори мазкур зимни баргузории ҷаласа қабул шуд.
"Дар Тоҷикистон имсол Иди Қурбон рӯзи 6 июн таҷлил шуда, намози ид соати 5:45-и субҳ гузошта мешавад", - хабар доданд аз Шӯрои уламои Тоҷикистон.
Маврид ба зирк аст, ки Иди Қурбон имсол ба рӯзи ҷумъа рост омад ва тоҷикистониён се рӯз пайи ҳам истироҳат хоҳанд дошт. Маъмулан Иди Қурбон пас аз 70 рӯзи иди Рамазон ҷашн гирифта мешавад.
Ҷашни идҳои мазҳабии мусалмонон ҳамасола дар рӯзҳои гуногун аз моҳи июн то сентябр ҷашн гирифта мешавад.
Чунин тафовути калони ҷашнгириро бо он шарҳ медиҳанд, ки тақвими мусалмонӣ тақрибан 354 рӯзро ташкил медиҳад, ки аз соли офтобӣ 10 ё 11 рӯз камтар аст. Маҳз ҳамин номутобиқӣ боис мешавад, ки таҷлили ин идҳо ба вақтҳои гуногун рост меояд.