https://sputnik.tj/20250527/minsk-sugd-tojikiston-barnomai-hamkori-imzo-kardand-1067490499.html
Минск ва Суғд Барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2025-2026-ро имзо карданд
Минск ва Суғд Барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2025-2026-ро имзо карданд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳайати вилояти Минск ахиран бо мақсади иштирок дар бизнес-форуми соҳибкорони вилоятҳои Суғду Минск вориди вилояти Суғд Тоҷикистон шуд
2025-05-27T17:59+0500
2025-05-27T17:59+0500
2025-05-27T17:59+0500
дар тоҷикистон
суғд
беларус
минск
ҳамкорӣ
равобит
иқтисод
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/1b/1067490321_24:49:727:444_1920x0_80_0_0_0f4297c76fff47ef689238cbe8e100de.png
ДУШАНБЕ, 27 мая — Sputnik. Вилоятҳои Минск ва Суғд Барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2025-2026-ро ба имзо расониданд.Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд Рафаббой Аҳмадзода хабар дод.Санади мазкур зимни мулоқоти Раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Минск Алексей Кушнаренко ва раиси вилояти Суғди Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ба имзо расид.Ёдовар мешавем, ки ҳайати вилояти Минск зери роҳбарии Алексей Кушнаренко ахиран бо мақсади иштирок дар бизнес-форуми соҳибкорони вилоятҳои Суғду Минск ба вилояти Суғд ташриф овард.Айни замон дар Қароргоҳи Сарвари давлат дар шаҳри Гулистон мулоқоти ҳайатҳо ҷараён дорад.Раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Минск Алексей Кушнаренко зимни сафари худ ба Тоҷикистон бо Раиси вилояти Суғди Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода мулоқот намуд.Мулоқот дар доираи васеъ баргузор шуд. Роҳбарон барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2025-2026 ба имзо расониданд, ки ба таҳкими ҳамкории минтақаҳо нигаронида шудааст.Мубодилоти мол байни минтақаҳо дар ҳоли афзоиш аст: дар соли 2024 табодули коло 1,5 маротиба афзоиш ёфт ва дар соли ҷорӣ 40 фоиз бештар шуд.Белоруссия ба Тоҷикистон канд, гушти гов, гушти мурғ, консерва ва маҳсулоти чӯбу тахта медиҳад ва дар навбати худ меваи хушк, чормағз ва ришта меирад.Раиси вилояти Минск таъкид кард, ки ҳамкориҳои минтақаҳо метавонанд дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, соҳаи иҷтимоӣ, варзиш ва сайёҳӣ тақвия ёбанд.Дар ҳоли ҳозир варзишгарони вилоятҳои Минск ва Суғд дар мусобиқоти муштарак ширкат меварзанд ва дар оянда ҳамкориҳо дар самти саёҳат ба истироҳатгоҳҳо густариш дода мешаванд."Мо ҳаҷми хеле зиёди манфиатҳои мутақобила дорем, ки ман боварӣ дорам, ки дар ҳолатҳои мушаххас ва шартномаҳо амалӣ хоҳанд шуд", - қайд кард Алексей Кушнаренко.Ба иттилои мақомоти Суғд дар назар аст, дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бо иштироки соҳибкорони ду тараф бизнес-форум доир гардида.
https://sputnik.tj/20230928/tojikiston-afzoishi-besobiqai-taboduli-mol-belorus-1059653774.html
суғд
беларус
минск
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/1b/1067490321_21:0:669:486_1920x0_80_0_0_a675b2733e95abdd87b4254bd8968243.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, беларус, минск, суғд, барномаи ҳамкорӣ, имзо, санад, тиҷорат, ҳамкорӣ, равобит
тоҷикистон, беларус, минск, суғд, барномаи ҳамкорӣ, имзо, санад, тиҷорат, ҳамкорӣ, равобит
Минск ва Суғд Барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2025-2026-ро имзо карданд
Ҳайати вилояти Минск ахиран бо мақсади иштирок дар бизнес-форуми соҳибкорони вилоятҳои Суғду Минск вориди вилояти Суғд Тоҷикистон шуд
ДУШАНБЕ, 27 мая — Sputnik. Вилоятҳои Минск ва Суғд Барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2025-2026-ро ба имзо расониданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд Рафаббой Аҳмадзода хабар дод.
Санади мазкур зимни мулоқоти Раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Минск Алексей Кушнаренко ва раиси вилояти Суғди Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ба имзо расид.
Ёдовар мешавем, ки ҳайати вилояти Минск зери роҳбарии Алексей Кушнаренко ахиран бо мақсади иштирок дар бизнес-форуми соҳибкорони вилоятҳои Суғду Минск ба вилояти Суғд ташриф овард.
Айни замон дар Қароргоҳи Сарвари давлат дар шаҳри Гулистон мулоқоти ҳайатҳо ҷараён дорад.
Раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Минск Алексей Кушнаренко зимни сафари худ ба Тоҷикистон бо Раиси вилояти Суғди Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода мулоқот намуд.
Мулоқот дар доираи васеъ баргузор шуд. Роҳбарон барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2025-2026 ба имзо расониданд, ки ба таҳкими ҳамкории минтақаҳо нигаронида шудааст.
Мубодилоти мол байни минтақаҳо дар ҳоли афзоиш аст: дар соли 2024 табодули коло 1,5 маротиба афзоиш ёфт ва дар соли ҷорӣ 40 фоиз бештар шуд.
Белоруссия ба Тоҷикистон канд, гушти гов, гушти мурғ, консерва ва маҳсулоти чӯбу тахта медиҳад ва дар навбати худ меваи хушк, чормағз ва ришта меирад.
Раиси вилояти Минск таъкид кард, ки ҳамкориҳои минтақаҳо метавонанд дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, соҳаи иҷтимоӣ, варзиш ва сайёҳӣ тақвия ёбанд.
Дар ҳоли ҳозир варзишгарони вилоятҳои Минск ва Суғд дар мусобиқоти муштарак ширкат меварзанд ва дар оянда ҳамкориҳо дар самти саёҳат ба истироҳатгоҳҳо густариш дода мешаванд.
"Мо ҳаҷми хеле зиёди манфиатҳои мутақобила дорем, ки ман боварӣ дорам, ки дар ҳолатҳои мушаххас ва шартномаҳо амалӣ хоҳанд шуд", - қайд кард Алексей Кушнаренко.
Ба иттилои мақомоти Суғд дар назар аст, дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бо иштироки соҳибкорони ду тараф бизнес-форум доир гардида.