https://sputnik.tj/20250528/tayinoti-kadri-rahmon-vazoratu-donishgohho-tojikiston-taghyirot-1067497454.html
Таъйиноти кадрӣ: Раҳмон дар чанд вазорату донишгоҳҳои Тоҷикистон тағйирот ворид кард
Таъйиноти кадрӣ: Раҳмон дар чанд вазорату донишгоҳҳои Тоҷикистон тағйирот ворид кард
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар як қатор вазорату идораҳо ва донишгоҳҳои кишвар кадрҳои ҷавону соҳибтахассус ва варзидаро таъин кард
2025-05-28T11:59+0500
2025-05-28T11:59+0500
2025-05-28T11:59+0500
дар тоҷикистон
тағйироти кадрӣ
таъйиноти кадрӣ
эмомалӣ раҳмон
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/1c/1067495895_0:170:1935:1259_1920x0_80_0_0_18b9868edce17f216fc62ac70c0e7d54.jpg
ДУШАНБЕ, 27 мая — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо тағйироти кадрӣ анҷом дод.Дар ин бора Хадамоти матӣуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, ба вазифаҳои директори Агентии хариди мол, кор ва хизматрасонӣ, муовини вазири кишоварзӣ, муовини вазири нақлиёт, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, муовини директори Агентии таъминоти амволи махсус, директори Корхонаи махсуси (қазонии) давлатии ҷумҳуриявии "Тиллои Тоҷик" кадрҳои нав таъйин шудаанд.Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон ректорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва директори Муассисаи давлатии маҷмааи "Кохи Борбад"-ро иваз кард.Қайд карда шудааст, ки президент кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар соҳаҳои маориф, кишоварзӣ, хариди давлатӣ, таъмини амволи махсус ва ғайра таъиншавандаро барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.Зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хизмати содиқонаю софдилона ба Ватан ва мардуми Тоҷикистон даъват кард.Вай таъкид кардааст, ки пайваста барои баланд бардоштани савияи донишу малакаи худ ва кормандонашон, омӯзиши техникаю технологияи муосир, забони давлатӣ ва забонҳои байналмилалӣ ва тарбияи кадрҳои ҷавон ҷаҳду талош намоянд.Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон ба тарбияи ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ ва баланд бардоштани ҳувияти миллию масъулияти хизматӣ дар давлатдории тоҷикон таваҷҷуҳи хос зоҳир кард.
https://sputnik.tj/20250517/rahmon-shahr-navohi-tojikiston-million-somoni-zarar-davlat-ovardand-1067363992.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/1c/1067495895_180:76:1792:1285_1920x0_80_0_0_21fd2858f9223c9cdb4b787b5e4b96e2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, вазорут, идора, тағйироти кадрӣ,, эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳур
тоҷикистон, вазорут, идора, тағйироти кадрӣ,, эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳур
Таъйиноти кадрӣ: Раҳмон дар чанд вазорату донишгоҳҳои Тоҷикистон тағйирот ворид кард
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар як қатор вазорату идораҳо ва донишгоҳҳои кишвар кадрҳои ҷавону соҳибтахассус ва варзидаро таъин кард
ДУШАНБЕ, 27 мая — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо тағйироти кадрӣ анҷом дод.
Дар ин бора Хадамоти матӣуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ба вазифаҳои директори Агентии хариди мол, кор ва хизматрасонӣ, муовини вазири кишоварзӣ, муовини вазири нақлиёт, муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, муовини директори Агентии таъминоти амволи махсус, директори Корхонаи махсуси (қазонии) давлатии ҷумҳуриявии "Тиллои Тоҷик" кадрҳои нав таъйин шудаанд.
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон ректорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва директори Муассисаи давлатии маҷмааи "Кохи Борбад"-ро иваз кард.
Қайд карда шудааст, ки президент кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар соҳаҳои маориф, кишоварзӣ, хариди давлатӣ, таъмини амволи махсус ва ғайра таъиншавандаро барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хизмати содиқонаю софдилона ба Ватан ва мардуми Тоҷикистон даъват кард.
Вай таъкид кардааст, ки пайваста барои баланд бардоштани савияи донишу малакаи худ ва кормандонашон, омӯзиши техникаю технологияи муосир, забони давлатӣ ва забонҳои байналмилалӣ ва тарбияи кадрҳои ҷавон ҷаҳду талош намоянд.
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон ба тарбияи ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ ва баланд бардоштани ҳувияти миллию масъулияти хизматӣ дар давлатдории тоҷикон таваҷҷуҳи хос зоҳир кард.