https://sputnik.tj/20250527/vazorati-difo-zarbaho-rusiya-hadafho-nizomii-ukraina-posukh-1067487937.html
Вазорати дифоъ: Зарбаҳои Русия ба ҳадафҳои низомии Украина ин посух ба ҳамлаҳои паҳподист
Вазорати дифоъ: Зарбаҳои Русия ба ҳадафҳои низомии Украина ин посух ба ҳамлаҳои паҳподист
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати дифои Русия иддао дорад, ки ҳадафҳои мушакҳо ва паҳподҳои низомии Русия дар қаламрави Украина танҳо иншоотҳои низомӣ мебошанд
2025-05-27T15:29+0500
2025-05-27T15:29+0500
2025-05-27T15:46+0500
русия
дар русия
вазорати дифоъи русия
амалиёти вижа
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/1b/1067488434_0:0:3640:2048_1920x0_80_0_0_d21415e8d343e138cc53b35d88e6ee18.jpg
ДУШАНБЕ, 27 мая — Sputnik. Киев ҳамлаҳои паҳподиро ба ҳадафҳои ғайринизомӣ дар қаламрави Русия ба таври қобили мулоҳиза афзоиш додааст ва дар посух ба ин, артиши Русия ба қаламрави Украина танҳо ба ҳадафҳои низомӣ зарба мезананд.Дар ин бора вазорати дифои Русия дар як иҳзҳророте таъкид кардааст.Қайд карда шудааст, ки аз 20 май инҷониб режими Киев шумори ҳамлаҳоро бо истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин ва мушакҳои сохти ғарбӣ алайҳи ҳадафҳои ғайринизомӣ дар қаламрави Русия ба таври назаррас афзоиш додааст.Вазорат таъкид кардааст, ки аз 20 май то 27 май системаҳои падофанди ҳавоӣ 2331 ҳавопаймои бесарнишини ҳамлагар, аз ҷумла 1465 адад берун аз минтақаи амалиёти вижаи низомӣ, нобуд ва ҷилавгирӣ карданд".Дар посух, артиши Русия бо силоҳҳои дақиқи ҳавоӣ, дарёӣ ва заминӣ, инчунин ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин танҳо ба иншооти низомӣ ва корхонаҳои маҷмааи низомӣ-саноатии Украина зарбаҳо заданд."Артиши Русия дар посух ба ҳама гуна ҳамлаҳои террористӣ ва иғвогариҳои режими Киев зарбаҳои густарда ва гурӯҳӣ анҷом хоҳанд дод. Зарбаҳо танҳо ба иншоотҳои низомӣ ва корхонаҳои низомии Украина анҷом дода мешаванд", - зикр кардааст вазорати дифои Русия.
https://sputnik.tj/20250518/raf-sabab-buhron-putin-zarurati-natoij-amaliyot-vizha-rusiya-1067369810.html
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/05/1b/1067488434_455:0:3186:2048_1920x0_80_0_0_bf4f6ec61a49a2481fc3f0cf94e8c542.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, вазорати дифоъ, ҳамла, мушакӣ, украина, амалиёти вижа
русия, вазорати дифоъ, ҳамла, мушакӣ, украина, амалиёти вижа
Вазорати дифоъ: Зарбаҳои Русия ба ҳадафҳои низомии Украина ин посух ба ҳамлаҳои паҳподист
15:29 27.05.2025 (Навсозишуда: 15:46 27.05.2025) Вазорати дифои Русия иддао дорад, ки ҳадафҳои мушакҳо ва паҳподҳои низомии Русия дар қаламрави Украина танҳо иншоотҳои низомӣ мебошанд
ДУШАНБЕ, 27 мая — Sputnik. Киев ҳамлаҳои паҳподиро ба ҳадафҳои ғайринизомӣ дар қаламрави Русия ба таври қобили мулоҳиза афзоиш додааст ва дар посух ба ин, артиши Русия ба қаламрави Украина танҳо ба ҳадафҳои низомӣ зарба мезананд.
Дар ин бора вазорати дифои Русия дар як иҳзҳророте таъкид кардааст.
“Киев бо пуштибонӣ аз Аврупо иқдомҳои иғвоангезеро пеш гирифтааст, ки ҳадафаш халалдор кардани раванди гуфтушунид аст”, - таъкид кардааст вазорати дифоъ.
Қайд карда шудааст, ки аз 20 май инҷониб режими Киев шумори ҳамлаҳоро бо истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин ва мушакҳои сохти ғарбӣ алайҳи ҳадафҳои ғайринизомӣ дар қаламрави Русия ба таври назаррас афзоиш додааст.
“Ин ҳамлаҳо боиси талафоти ғайринизомиён, аз ҷумла занон ва кӯдакон гардид”, - қайд кардааст вазорати дифоъ.
Вазорат таъкид кардааст, ки аз 20 май то 27 май системаҳои падофанди ҳавоӣ 2331 ҳавопаймои бесарнишини ҳамлагар, аз ҷумла 1465 адад берун аз минтақаи амалиёти вижаи низомӣ, нобуд ва ҷилавгирӣ карданд".
Дар посух, артиши Русия бо силоҳҳои дақиқи ҳавоӣ, дарёӣ ва заминӣ, инчунин ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин танҳо ба иншооти низомӣ ва корхонаҳои маҷмааи низомӣ-саноатии Украина зарбаҳо заданд.
"Артиши Русия дар посух ба ҳама гуна ҳамлаҳои террористӣ ва иғвогариҳои режими Киев зарбаҳои густарда ва гурӯҳӣ анҷом хоҳанд дод. Зарбаҳо танҳо ба иншоотҳои низомӣ ва корхонаҳои низомии Украина анҷом дода мешаванд", - зикр кардааст вазорати дифои Русия.