https://sputnik.tj/20250518/raf-sabab-buhron-putin-zarurati-natoij-amaliyot-vizha-rusiya-1067369810.html
Рафъи сабаби буҳрон: Путин гуфт, натоиҷи амалиёти вижа чӣ бояд бошад
Рафъи сабаби буҳрон: Путин гуфт, натоиҷи амалиёти вижа чӣ бояд бошад
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи раисҷумҳури Русия натиҷаи амалиёти вижа низ бояд аз байн бурдани сабабҳое бошад, ки боиси буҳрон шуданд
2025-05-18T14:55+0500
2025-05-18T14:55+0500
2025-05-18T14:59+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
владимир путин
амалиёти вижа
дар русия
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/1a/1066376750_105:0:2949:1600_1920x0_80_0_0_0ca2935f62e216a1221fabd65f03d69e.jpg
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Натиҷаи амалиёти вижаи низомӣ бояд рафъи сабабҳое, ки боиси буҳрон шуданд, фароҳам овардани шароит барои сулҳи дарозмуддат ва таъмини амнияти Русия бошад.Дар бораи натоиҷи амалиёти вижа Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар наворҳое, ки дар филми ҳуҷҷатии Саида Медведева ва Павел Зарубин "Русия. Кремл. Путин. 25 сол" барои шабакаи телевизионии "Россия" изҳор дошт.Нахустнамоиши филми мустанад дар шабакаи телевизионии "Россия" рӯзи 4 май баргузор шуд. Порчаҳои нави ин филмро Павел Зарубин нашр кардааст.Қаблан сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков гуфт, ҳама ташаббусҳои президенти Русия Владимир Путин дар робита ба Украина рад карда шуданд, ки боиси оғози амалиёти вижаи низомӣ шуд."Президент дар ибтидо кӯшиш кард, ки ба ин ҳадафҳо бо роҳи осоишта ноил шавад. Мо лоиҳаи аснодеро медонем, ки ӯ қабл аз оғози амалиёти вижаи низомӣ ба аврупоиҳо ва амрикоиҳо барои баррасӣ пешниҳод карда буд. Мо ҳама дар ёд дорем, ки чӣ гуна ҳама ташаббусҳои президент рад шуданд ва пас аз ин, воқеан, ба ҷуз аз роҳи низомӣ, тавассути як амалиёти вижаи низомӣ ҳалли ин мушкилот роҳи дигаре набуд", - гуфт ӯ.Вай қайд кард, ки Путин ҳамчунон ба усулҳои сиёсӣ ва дипломатии ҳалли низоъ дар Украина боз аст."Президент дар ҳоли ҳозир ба шеваҳои сиёсӣ ва дипломатии ҳалли ин низоъ боз аст. Вазъият ҳамон аст. Мо аз Киев вокуниш намешунавем. Раванд идома дорад", - гуфт Песков ба хабарнигорон.Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд”.Ба гуфтаи ӯ, барои ноил шудан ба ин ҳадаф "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс пешбинӣ шудааст. Дар посух кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳои густурда ҷорӣ карданд.
https://sputnik.tj/20250328/putin-roh-khatm-nizo-ukraina-guft-1066751521.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/02/1a/1066376750_197:0:2928:2048_1920x0_80_0_0_5249cf1cc8827852c847899392e145ae.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
владимир путин, амалиёти вижа, дар русия, амният ва мудофиа
владимир путин, амалиёти вижа, дар русия, амният ва мудофиа
Рафъи сабаби буҳрон: Путин гуфт, натоиҷи амалиёти вижа чӣ бояд бошад
14:55 18.05.2025 (Навсозишуда: 14:59 18.05.2025) Ба гуфтаи раисҷумҳури Русия натиҷаи амалиёти вижа низ бояд аз байн бурдани сабабҳое бошад, ки боиси буҳрон шуданд
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Натиҷаи амалиёти вижаи низомӣ бояд рафъи сабабҳое, ки боиси буҳрон шуданд, фароҳам овардани шароит барои сулҳи дарозмуддат ва таъмини амнияти Русия бошад.
Дар бораи натоиҷи амалиёти вижа Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар наворҳое, ки дар филми ҳуҷҷатии Саида Медведева ва Павел Зарубин "Русия. Кремл. Путин. 25 сол" барои шабакаи телевизионии "Россия" изҳор дошт.
"Ин рафъи сабабҳое, ки ин бӯҳронро ба вуҷуд овардаанд, фароҳам овардани шароит барои сулҳи пойдори дарозмуддат ва таъмини амнияти давлати Русия аст", - гуфт ӯ.
Нахустнамоиши филми мустанад дар шабакаи телевизионии "Россия" рӯзи 4 май баргузор шуд. Порчаҳои нави ин филмро Павел Зарубин нашр кардааст.
Қаблан сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков гуфт, ҳама ташаббусҳои президенти Русия Владимир Путин дар робита ба Украина рад карда шуданд, ки боиси оғози амалиёти вижаи низомӣ шуд.
"Президент дар ибтидо кӯшиш кард, ки ба ин ҳадафҳо бо роҳи осоишта ноил шавад. Мо лоиҳаи аснодеро медонем, ки ӯ қабл аз оғози амалиёти вижаи низомӣ ба аврупоиҳо ва амрикоиҳо барои баррасӣ пешниҳод карда буд. Мо ҳама дар ёд дорем, ки чӣ гуна ҳама ташаббусҳои президент рад шуданд ва пас аз ин, воқеан, ба ҷуз аз роҳи низомӣ, тавассути як амалиёти вижаи низомӣ ҳалли ин мушкилот роҳи дигаре набуд", - гуфт ӯ.
Вай қайд кард, ки Путин ҳамчунон ба усулҳои сиёсӣ ва дипломатии ҳалли низоъ дар Украина боз аст.
"Президент дар ҳоли ҳозир ба шеваҳои сиёсӣ ва дипломатии ҳалли ин низоъ боз аст. Вазъият ҳамон аст. Мо аз Киев вокуниш намешунавем. Раванд идома дорад", - гуфт Песков ба хабарнигорон.
Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд”.
Ба гуфтаи ӯ, барои ноил шудан ба ин ҳадаф "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс пешбинӣ шудааст. Дар посух кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳои густурда ҷорӣ карданд.