Группа воздушного прикрытия группировки войск Центр на Красноармейском направлении СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Вазорати дифоъ: Русия ба ҳамлаҳои террористии Киев посух хоҳад дод

© Sputnik / Станислав Красильников / Гузариш ба медиабонкБоевая работа РСЗО "Град" группировки "Центр" на Красноармейском направлении СВО
Боевая работа РСЗО Град группировки Центр на Красноармейском направлении СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2025
Обуна шудан
Вазорати дифои Русия таъкид кард, ҳадафҳои мушакҳо ва ҳавопаймоҳои низомии Русия дар қаламрави Украина танҳо иншооти низомӣ мебошанд
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Артиши Русия ба ҳамагуна ҳамлаҳои террористӣ ва иғвогариҳои режими Киев посух дода ҳамлаҳои густарда ва гурӯҳӣ анҷом медиҳад.
Дар ин бора вазорати дифои Русия хабар додааст.
"Артиши Русия дар вокуниш ба ҳама гуна ҳамлаҳои террористӣ ва иғвогариҳои режими Киев зарбаҳои густурда ва гурӯҳӣ анҷом хоҳанд дод. Зарбаҳо танҳо ба иншоотҳои низомӣ ва корхонаҳои маҷмааи саноатии Украина анҷом дода мешаванд", - омадааст дар баёния.
Ҳамин тариқ, рӯзи 25 май артиши Русия ба иншооти низомӣ саноатии Украина, ки аз ҷумла таҷҳизоти мушакӣ, электроника, маводи тарканда, сӯзишвории мушакӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишини истеҳсол мекунанд, ҳамлаи густурда анҷом дод.
Инчунин ба марказҳои иттилоотии радио ва радиотехникӣ дар вилояти Киев, корхонаи тавлидии ҳавопаймоҳои бесарнишин, маводи тарканда ва лавозимоти ҷангӣ, ҳамчунин ба вилоятҳои Сума, Николаев, Чернигов, Харков ва Киев зарба заданд.
Здание Министерства обороны РФ   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2025
Вазорати дифоъ: Зарбаҳои Русия ба ҳадафҳои низомии Украина ин посух ба ҳамлаҳои паҳподист
Бо ибтикори раисиҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 16 май дар Истамбул музокироти мустақими Маскав ва Киев баргузор шуд.
Ҷониби Русия, чунон ки раҳбари ҳайат Владимир Мединский қайд кард, аз мулоқот бо музокиракунандагони украинӣ қаноатманд аст.
Ҳар ду тараф ба давом додани гуфтушунид, аз ҷумла омодагии худро барои маннъ низоъ баён карданд.
Лентаи хабарҳо
0