Вазъи обрасонӣ дар Хуҷанд: назари сокинону шарҳи масъулин– видео

Обуна шудан
Сокинони чандин маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд ба Sputnik Тоҷикистон оиди вазъи обрасонӣ сӯҳбат карданд
Зимни сӯҳбат баъзе аз сокинони маҳаллаҳои шаҳр, ки дар шароити биноҳои ошёнадор истиқомат мекунанд, дар бораи мушкили камбуди об изҳор намуданд. Дар ин миён, баъзе сокинони дигар дар бораи беҳбудёбии реҷаи обрасонӣ дар фаслигармо таъкид карданд.
Марҳамат Норматова, сокини маҳаллаи 13 - и шаҳри Хуҷанд гуфт, бо зиёд шудани шумори биноҳои навсохти истиқоматӣ дар маҳаллаи онҳо, фишори обрасонӣ паст шудааст.
Нигора Наҷмиддинова, аз сокинони микроноҳияи 28 - уми шаҳри Хуҷанд изҳор намуд, ки вазъи обрасонӣ дар ин маҳаллаи шаҳр беҳбудиро тақозо мекунад. Багуфтаи ӯ, дар биное, ки онҳо иқомат мекунанд, шабонарӯз ҳамагӣ ду се соат об интиқол дода мешавад.
Шарҳи коршиноси тоҷик дар бораи таъсири тағйирёбии иқлим ва роҳи мутобиқшавӣ ба он – видео
Дар ҳамин ҳол, Хайрулло Бобоев, директори генералии КВДК “Хуҷандобуканал” дар шаҳри Хуҷанд ба Sputnik Тоҷикистон вазъи обрасонӣ дар маҳаллаҳои шаҳри Хуҷандро шарҳ дод.
Ӯ, гуфт, назорати фишори обрасонӣ дар маҳаллаҳои Хуҷанд тариқи барномаи компютерӣ ба роҳ монда шуда ва дар сурати рухдоди мушкил, саривақт бартарафкарда мешавад.
Ин масъули идораи “Хуҷандобуканал” аз сокинон даъват кард, ки дар вақти мушкили интиқоли обрасонӣ дар биноҳои ошёнадор дар маҳаллаҳо ба бахши навбатдорӣ муроҷиат кунанд.
Лентаи хабарҳо
0