https://sputnik.tj/20240713/sharhi-korshinos-tojik-tasiri-taghyiryobii-iqlim-video-1063513715.html
Шарҳи коршиноси тоҷик дар бораи таъсири тағйирёбии иқлим ва роҳи мутобиқшавӣ ба он – видео
Шарҳи коршиноси тоҷик дар бораи таъсири тағйирёбии иқлим ва роҳи мутобиқшавӣ ба он – видео
Sputnik Тоҷикистон
Коршмноси тоҷик дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон аз паёмади эҳтимолии тағйирёбии ҳарорат ба хоҷагии халқ ва роҳҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро шарҳ дод
2024-07-13T11:39+0500
2024-07-13T11:39+0500
2024-07-13T12:51+0500
видео
суғд
гармшавии иқлим
тағйирёбии ҳаво
кишоварзӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/0c/1063514980_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_486d989c8237ec7d900a67fe903589c8.jpg
Муҳаққиқони умури обуҳавосанҷӣ дар шимоли Тоҷикистон дар оғози фасли тобистони тағйирёбии ҳароратеро мушоҳида кардаанд, ки чанд даҳсола ба ин тараф бесобиқа баланд будааст.Абдувалӣ Ҳомидов, директори “Маркази обуҳавосанҷии Суғд” мегуяд, гармшавии ҳарорат ҳамасола аз 5 уми июл то 15 уми август, ки ин вақтро чиллаи тобистон ва ё тамус меноманд, мушоҳида мешуд, вале ҳарорате, ки дар моҳи июн дар навоҳии кишвар ба вуҷуд омад, ғайриинтизор ҳам гарми гарму ҳам сарди сард будааст.“Гармии ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 31 дараҷа ва рӯзона то 40 - 42 дараҷа мушоҳида шуд. Лекин дар шароити кӯҳистонҳо бошад баръакс ҳарорат шабона то 12 дараҷа ва рӯзона ҳамагӣ 26-28 дараҷа гармиро ташкил менамуд. Чунин тағйирёбии ҳарорат ба меъёр ва ё нормаи 60 – 70 соли пеш мувофиқат намекард, балки тафовут дошт” – таъкид намуд, Ҳомидов.Воридот бештар аз содирот: Мақомоти Суғд гуфт бо хориҷ чӣ қадар савдо кардаастИн коршинос мушоҳидашавии ин вазъи боду ҳаворо як навъ тағйирёбии иқлим арзёбӣ кард. Бино ба гуфтаи манбаъ, чунин ҳолат бар асоси мушоҳидаҳои метрологӣ умдатан аз ҳисоби коҳишёбии ҳаҷми намнокӣ дар ҳавои атмосфера рух медиҳад, ки онро дипрессияи атмосферӣ меноманд.Вай гуфт, дигаргуншавии доманадори ҳарорати ҳаво эҳтимол ба тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишварҳои Осиёи Миёна, ки тақрибан иқлими яксон доранд, таъсир амиқ боқӣ гузорад.Ин мусоҳиби мо аз ҷумла кондиссионерҳои салқинкунандаро мисол овард, ки дар натиҷаи гармии тоқатфарсо истифодаи онҳо аз ҷониби сокинон дар хонаву коргоҳҳо меафзояд ва дар натиҷа масрафи қувваи барқ зиёд мешавад.Деҳаи хурд бо ҳосили фаровон: Дар Зарзамини Суғд чӣ гуна помидор мепарваранд - видеоВа ё дар соҳаи кишоварзӣ, ки дар сурати гармшавии ҳарорат талаботи кишти зироатҳо ба оббонӣ дучанд бештар мешавад. Дар ҳоле, ки обрасонӣ дар кишварҳои Осиёи Миёна яке аз мушкили мубрам маҳсуб мешавад.Ин коршинос зимни суҳбат роҳҳи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро шарҳ дод.Ӯ, шинонидани ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда ва сарсабз намудани дашту теппаҳо яке аз роҳҳои муассири мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим арзёбӣ кард.“Snickers - и тоҷикӣ”: Зардолуҳои хушки Суғд чӣ тавр ба Русия ва Аврупо содирот мешаванд?“Релефи кишвари моро 93 % кӯҳистон ташкил медиҳад. Вақте мушкили камобӣ бештар ру мезанад кӯҳҳо зери хатар (угроза для гор) қарор мегиранд. Мо бояд намнокиро дар хок ҳамеша устувор нигоҳ дорем, зеро он чун ширеш (клей) кӯҳу теппаҳоро аз поёнфароӣ нигоҳ медорад. Бинобар ин мо чӣ қадаре, ки сабзазоркуниро бештар кунем ҳамон қадар сатҳи намнокии хок бештар мешавад ва ниҳолшинониро бояд тарғиб кард”- таъкид намуд, Абдувалӣ Ҳомидов.
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/0c/1063514980_0:0:1440:1080_1920x0_80_0_0_3df4d37e1aacbc79e61f5a34e364f292.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, суғд, тағйирёбии иқлим, шарҳ, коршинос, кишоварзӣ
видео, суғд, тағйирёбии иқлим, шарҳ, коршинос, кишоварзӣ
Шарҳи коршиноси тоҷик дар бораи таъсири тағйирёбии иқлим ва роҳи мутобиқшавӣ ба он – видео
11:39 13.07.2024 (Навсозишуда: 12:51 13.07.2024) Эксклюзив
Коршиноси тоҷик дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон аз паёмади эҳтимолии тағйирёбии ҳарорат ба хоҷагии халқ ва роҳҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро шарҳ дод
Муҳаққиқони умури обуҳавосанҷӣ дар шимоли Тоҷикистон дар оғози фасли тобистони тағйирёбии ҳароратеро мушоҳида кардаанд, ки чанд даҳсола ба ин тараф бесобиқа баланд будааст.
Абдувалӣ Ҳомидов, директори “Маркази обуҳавосанҷии Суғд” мегуяд, гармшавии ҳарорат ҳамасола аз 5 уми июл то 15 уми август, ки ин вақтро чиллаи тобистон ва ё тамус меноманд, мушоҳида мешуд, вале ҳарорате, ки дар моҳи июн дар навоҳии кишвар ба вуҷуд омад, ғайриинтизор ҳам гарми гарму ҳам сарди сард будааст.
“Гармии ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 31 дараҷа ва рӯзона то 40 - 42 дараҷа мушоҳида шуд. Лекин дар шароити кӯҳистонҳо бошад баръакс ҳарорат шабона то 12 дараҷа ва рӯзона ҳамагӣ 26-28 дараҷа гармиро ташкил менамуд. Чунин тағйирёбии ҳарорат ба меъёр ва ё нормаи 60 – 70 соли пеш мувофиқат намекард, балки тафовут дошт” – таъкид намуд, Ҳомидов.
Ин коршинос мушоҳидашавии ин вазъи боду ҳаворо як навъ тағйирёбии иқлим арзёбӣ кард. Бино ба гуфтаи манбаъ, чунин ҳолат бар асоси мушоҳидаҳои метрологӣ умдатан аз ҳисоби коҳишёбии ҳаҷми намнокӣ дар ҳавои атмосфера рух медиҳад, ки онро дипрессияи атмосферӣ меноманд.
Вай гуфт, дигаргуншавии доманадори ҳарорати ҳаво эҳтимол ба тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишварҳои Осиёи Миёна, ки тақрибан иқлими яксон доранд, таъсир амиқ боқӣ гузорад.
Ин мусоҳиби мо аз ҷумла кондиссионерҳои салқинкунандаро мисол овард, ки дар натиҷаи гармии тоқатфарсо истифодаи онҳо аз ҷониби сокинон дар хонаву коргоҳҳо меафзояд ва дар натиҷа масрафи қувваи барқ зиёд мешавад.
Ва ё дар соҳаи кишоварзӣ, ки дар сурати гармшавии ҳарорат талаботи кишти зироатҳо ба оббонӣ дучанд бештар мешавад. Дар ҳоле, ки обрасонӣ дар кишварҳои Осиёи Миёна яке аз мушкили мубрам маҳсуб мешавад.
Ин коршинос зимни суҳбат роҳҳи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро шарҳ дод.
Ӯ, шинонидани ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда ва сарсабз намудани дашту теппаҳо яке аз роҳҳои муассири мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим арзёбӣ кард.
“Релефи кишвари моро 93 % кӯҳистон ташкил медиҳад. Вақте мушкили камобӣ бештар ру мезанад кӯҳҳо зери хатар (угроза для гор) қарор мегиранд. Мо бояд намнокиро дар хок ҳамеша устувор нигоҳ дорем, зеро он чун ширеш (клей) кӯҳу теппаҳоро аз поёнфароӣ нигоҳ медорад. Бинобар ин мо чӣ қадаре, ки сабзазоркуниро бештар кунем ҳамон қадар сатҳи намнокии хок бештар мешавад ва ниҳолшинониро бояд тарғиб кард”- таъкид намуд, Абдувалӣ Ҳомидов.