Тавофуқи Тоҷикистону Афғонистон барои густариши ҳамкориҳо дар бахши фанноварӣ

© AP / Gene J. PuskarВышка сотовой связи
Вышка сотовой связи  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2025
Обуна шудан
Тоҷикистон, Афғонистон ва Узбекистон дар як мулоқоти сеҷониба барои густариши ҳамкориҳо дар башхши фоноварӣ ба тавофуқ расиданд
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Вазорати мухобироту фанноварии иттилооти ҳукумати сарпарасти Толибон* эълом кард, сарпарасти ин вазорат дар дидории се ҷониба бо вузарои фанноварии Узбекистону Тоҷикистон дар бораи густариши ҳамкориҳои минтақаӣ дар заминаи фанноварӣ, мухобироту хадамоти пастӣ ба тавофуқ даст ёфтааст.
Ба гузориши хабаргузории садои афғон (ово), Наҷибуллоҳ Ҳаётӣ Ҳаққонӣ, сарпарасти вазорати мухобирот ва фанноварии иттилоот, дар дидории се ҷониба бо вазири фанновариҳои диҷитали Узбекистон ва раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, дар бораи роҳҳои тақвияти ҳамкориҳои минтақаӣ дар заминаи фанноварӣ, мухобирот ва хадамот пастӣ гуфтугӯ кардааст.
© Foto / IRNA Афганистан, Узбекистан и Таджикистан договорились о расширении сотрудничества в сфере технологий
Афганистан, Узбекистан и Таджикистан договорились о расширении сотрудничества в сфере технологий - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2025
Дар ин нишасти се ҷониба, се тараф тавофуқ карданд барои иртиқои сатҳи ҳамкориҳои муштарак дар ҳавзаи фанноварии иттилоот, иртиботот ва хадамоти пастӣ, барномарезиҳои дақиқе анҷом диҳанд.
Талибы празднуют третью годовщину вывода американских войск из Афганистана, в Лашкаргахе, провинция Гильменд, юго-западный Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.01.2025
Боз як вазири ҳукумати Толибон* хоҳони равобити дӯстона бо Тоҷикистон шуд
Вазорати мухобироти ҳукумати сарпарасти Толибон* дар Афғонистон эълом кард, ки ин нишаст дар ростои афзоиши таъомули минтақаӣ ва баҳрагирӣ аз зарфиятҳои муштарак дар ҳавзаи фанноварии сурат гирифтааст.
Бар асоси ин гузориш, сарпарасти вазорати мухобирот ва фанноварии иттилооти Толибон* ҳам акнун дар Тоҷикистон ба сар мебарад.
*- ин гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0