https://sputnik.tj/20250106/vaziri-hukumati-tolibon-khohon-ravobiti-dustona-tojikiston-1065774719.html
Боз як вазири ҳукумати Толибон* хоҳони равобити дӯстона бо Тоҷикистон шуд
Боз як вазири ҳукумати Толибон* хоҳони равобити дӯстона бо Тоҷикистон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири ақвому қабоили толибон*, дар сафараш ба вилоят Тахор хостори ҳамкорӣ ва робитаи дӯстона бо Тоҷикистон шудааст
2025-01-06T19:02+0500
2025-01-06T19:02+0500
2025-01-06T19:02+0500
дар тоҷикистон
толибон
афғонистон
равобит
сиёсат
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/0e/1063945268_0:33:3072:1760_1920x0_80_0_0_b5f08e91f0b0d28b14f057a44c96bbdd.jpg
ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Манобеи маҳаллии хабар додааст, ки ахиран Нуруллоҳ Нурӣ вазири ақвому қабоили толибон*, зимни боздид аз нуқтаи марзии вулусволии Дашти Қалъа бо Тоҷикистон эълон кардааст, ки хостори ҳамкорӣ варобитаи дӯстона бо Тоҷикистон аст.Ба гуфта ин манобеъ, ин мақоми Толибон* хоҳони равобити нек бо тамоми кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, аз ҷумлаи Тоҷикистон, шудааст.Манобеъ тасреҳ мекунанд, ки вазири ақвому қабоили Толибон* гуфтааст, ки пас аз сафари ҳайати дипломотики Тоҷикистон ба Кобул, равобити сиёсии ин гурӯҳ дар ҳол беҳбудӣ аст ва ба зудӣ Тоҷикистон раванди ирояи хадамоти қонсулиашро дар Кобул оғоз мекунад.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Абдулкабир, муовини сиёсии раисулвузрои Толибон* гуфта буд, ки равобити сиёсии ин гуруҳ бо Тоҷикистони нисбат ба гузашта дар ҳол пешрафт аст.Мақомдори ҳукумати феълии Афғонистон гуфт, ки бо он ки Тоҷикистон ҳануз сифорати Афғонистонро ба Толибон* вогузор накардааст, аммо равобити тиҷории густардае миёни ду кишвар ҷараён дорад.Муовини сиёсии раисулвузарои Толибон* гуфт, ки сифорати Афғонистон дар Душанбе токунун таҳти мудирияти ин гурӯҳ нест, аммо гузаргоҳи Шерхон Бандар ба рӯй тоҷирони ду кишвар боз аст.Ин мақоми Толибон* ҳамчунон аз кишварҳои мизбони муҳоҷирони афғон хост, ки аз ихроҷи иҷбории афғонҳо даст бикашанд ва иҷоза диҳанд афғонҳо довталабона ба кишваршон баргарданд.* - ин гурӯҳ барои амалҳои терроритиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
https://sputnik.tj/20250104/tolibon-ravobiti-siyosi-guruh-tojikiston-gustarish-1065757797.html
толибон
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/0e/1063945268_116:0:2847:2048_1920x0_80_0_0_a43ce6694895d5651a0ceac021e85909.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, толибон, равобит, дӯстона, афғонистон, ҳамкорӣ, сиёсат
тоҷикистон, толибон, равобит, дӯстона, афғонистон, ҳамкорӣ, сиёсат
Боз як вазири ҳукумати Толибон* хоҳони равобити дӯстона бо Тоҷикистон шуд
Вазири ақвому қабоили Толибон*, дар сафараш ба вилоят Тахор хостори ҳамкорӣ ва робитаи дӯстона бо Тоҷикистон шудааст
ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Манобеи маҳаллии хабар додааст, ки ахиран Нуруллоҳ Нурӣ вазири ақвому қабоили толибон*, зимни боздид аз нуқтаи марзии вулусволии Дашти Қалъа бо Тоҷикистон эълон кардааст, ки хостори ҳамкорӣ варобитаи дӯстона бо Тоҷикистон аст.
Ба гуфта ин манобеъ, ин мақоми Толибон* хоҳони равобити нек бо тамоми кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, аз ҷумлаи Тоҷикистон, шудааст.
Манобеъ тасреҳ мекунанд, ки вазири ақвому қабоили Толибон* гуфтааст, ки пас аз сафари ҳайати дипломотики Тоҷикистон ба Кобул, равобити сиёсии ин гурӯҳ дар ҳол беҳбудӣ аст ва ба зудӣ Тоҷикистон раванди ирояи хадамоти қонсулиашро дар Кобул оғоз мекунад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Абдулкабир, муовини сиёсии раисулвузрои Толибон* гуфта буд, ки равобити сиёсии ин гуруҳ бо Тоҷикистони нисбат ба гузашта дар ҳол пешрафт аст.
Мақомдори ҳукумати феълии Афғонистон гуфт, ки бо он ки Тоҷикистон ҳануз сифорати Афғонистонро ба Толибон* вогузор накардааст, аммо равобити тиҷории густардае миёни ду кишвар ҷараён дорад.
Муовини сиёсии раисулвузарои Толибон* гуфт, ки сифорати Афғонистон дар Душанбе токунун таҳти мудирияти ин гурӯҳ нест, аммо гузаргоҳи Шерхон Бандар ба рӯй тоҷирони ду кишвар боз аст.
Ин мақоми Толибон* ҳамчунон аз кишварҳои мизбони муҳоҷирони афғон хост, ки аз ихроҷи иҷбории афғонҳо даст бикашанд ва иҷоза диҳанд афғонҳо довталабона ба кишваршон баргарданд.
* - ин гурӯҳ барои амалҳои терроритиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.