https://sputnik.tj/20250526/shahboz-sharif-tojikiston-meoyad-1067470693.html
Шаҳбоз Шариф ба Тоҷикистон меояд
Шаҳбоз Шариф ба Тоҷикистон меояд
Sputnik Тоҷикистон
Нахуствазири Покистон бо сафари расмӣ вориди пойтахти Тоҷикистон мешавад ва бо мақомоти олии кишвар дидору гуфтугӯ мекунад
2025-05-26T13:03+0500
2025-05-26T13:03+0500
2025-05-26T13:18+0500
дар тоҷикистон
покистон
сарвазир
ҳамкорӣ
сиёсат
равобит
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/0b/1063489848_224:68:2047:1093_1920x0_80_0_0_d29909c08d6f1fb2f97e519d0b7cc6e8.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Шаҳбоз Шариф, сарвазири Покистон рӯзи 29 май бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд.Шаҳбоз Шариф, сарвазири Покистон рӯзи 25-уми май сафари кории шашрӯзаро ба кишварҳои Туркия, Озарбойҷон, Эрон ва Тоҷикистон оғоз кард.Дафтари матбуоти сарвазири Покистон эълон кардааст, ки ин сафар ба мақсади анҷом додани тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва баррасии масъалаҳои минтақавӣ сурат мегирад.Шаҳбоз Шариф сафари худро аз кишвари Туркия оғоз кард.Сипас сарвазири Покистон ба Озарбойҷон ва Эрон сафар хоҳад кард ва рӯзи 29-уми май вориди Тоҷикистон мешавад.Қарор аст, сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф дар конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ширкат ва сунханронӣ мекунад.Дар ин сафаррҳояш Шаҳбоз Шариф бо роҳбарони кишварҳои зикршуда дидору гуфтугӯ хоҳад кард.Дар ҷараёни мулоқот бо роҳбарони кишварҳо масоили минтақавӣ, транзит, иртибототи нақлиётӣ ва дигар масъалаҳои байналмилалӣ баррасӣ хоҳад шуд.Ёдовар мешавем, ки сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф рӯзи 2-юми июли соли 2024 бо сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуда буд.Шаҳбоз Шариф дар доираи ин сафар бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтугӯ карда буд.Ёдоварӣ мекунем, ки Шаҳбоз Шариф, ки ҳукумати Покистонро аз апрели соли 2022 то августи 2023 роҳбарӣ мекард, дар моҳи марти соли 2024 дигарбора ба вазифаи сарвазир интихоб шуд.
https://sputnik.tj/20250503/tojikiston-bandarhoi-bahri-pokiston-istifoda-1067209101.html
покистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/07/0b/1063489848_340:0:2047:1280_1920x0_80_0_0_7b7b8abd27cedf7633f93d7eb340e119.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, покистон, шаҳбоз шҳариф, сафар, сарвазир, душанбе
тоҷикистон, покистон, шаҳбоз шҳариф, сафар, сарвазир, душанбе
Шаҳбоз Шариф ба Тоҷикистон меояд
13:03 26.05.2025 (Навсозишуда: 13:18 26.05.2025) Эксклюзив
Нахуствазири Покистон бо сафари расмӣ вориди пойтахти Тоҷикистон мешавад ва бо мақомоти олии кишвар дидору гуфтугӯ мекунад
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Шаҳбоз Шариф, сарвазири Покистон рӯзи 29 май бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Шаҳбоз Шариф, сарвазири Покистон рӯзи 25-уми май сафари кории шашрӯзаро ба кишварҳои Туркия, Озарбойҷон, Эрон ва Тоҷикистон оғоз кард.
Дафтари матбуоти сарвазири Покистон эълон кардааст, ки ин сафар ба мақсади анҷом додани тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва баррасии масъалаҳои минтақавӣ сурат мегирад.
Шаҳбоз Шариф сафари худро аз кишвари Туркия оғоз кард.
Сипас сарвазири Покистон ба Озарбойҷон ва Эрон сафар хоҳад кард ва рӯзи 29-уми май вориди Тоҷикистон мешавад.
Қарор аст, сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф дар конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ширкат ва сунханронӣ мекунад.
Дар ин сафаррҳояш Шаҳбоз Шариф бо роҳбарони кишварҳои зикршуда дидору гуфтугӯ хоҳад кард.
Дар ҷараёни мулоқот бо роҳбарони кишварҳо масоили минтақавӣ, транзит, иртибототи нақлиётӣ ва дигар масъалаҳои байналмилалӣ баррасӣ хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф рӯзи 2-юми июли соли 2024 бо сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуда буд.
Шаҳбоз Шариф дар доираи ин сафар бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтугӯ карда буд.
Ёдоварӣ мекунем, ки Шаҳбоз Шариф, ки ҳукумати Покистонро аз апрели соли 2022 то августи 2023 роҳбарӣ мекард, дар моҳи марти соли 2024 дигарбора ба вазифаи сарвазир интихоб шуд.