Тоҷикистон мехоҳад аз бандарҳои баҳрии Покистон истифода намояд

© Foto / Вазорати нақлиёти ТоҷикистонВазири нақлиёти Тоҷикистон ва Сафири Покистон масъалаҳои ҳамкориро дар соҳаи ҳамлу нақл муҳокима карданд
Вазири нақлиёти Тоҷикистон ва Сафири Покистон масъалаҳои ҳамкориро дар соҳаи ҳамлу нақл муҳокима карданд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2025
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон ва Покистон бунёди долонҳои нави минтақавӣ барои ворид шудан ба бандарҳои баҳриро таъкид намуданд
ДУШАНБЕ, 3 мая — Sputnik. Масъалаҳои татбиқи амалии созишномаҳо ва тавофуқномаҳои байнидавлатии соҳавӣ дар мулоқоти Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим бо Сафири Покистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Саид Сарвар баррасӣ гардиданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар додааст.
Вазири нақлиёти кишвар ва Сафири Покистон дар Тоҷикистон масъалаи суръат бахшидан ба татбиқи созишномаҳои соҳавиро муҳокима ва аҳамияти вуруди Тоҷикистон ба долонҳои байналмилалии нақлиётӣ тавассути бандарҳои баҳрии Покистон, татбиқи лоиҳаҳои нақлиётӣ, ки ду кишварро, ки бо ҳам мепайванданд баррасӣ намуданд.
Инчунин тарафҳо дар бораи бунёди долонҳои нави минтақавӣ барои ворид шудан ба бандарҳои баҳриро таъкид намуданд.
Вазорат қайд кардааст, ки дар мулоқот доир ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳои табодули афкори судманд анҷом дода шуд.
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Покистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.07.2024
Имзои созишномаи шарикии стратегӣ ва чанд санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Покистон
Манбаъ ёдовар шудааст, ки моҳи июни соли 2021 дар ҷараёни сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Покистон байни Ҳукумати ду кишвар Созишнома "Дар бораи ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ" ба имзо расида буд.
Моҳи декабри соли 2022 дар натиҷаи гуфтушунидҳо ҳангоми сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Покистон тарафҳо Созишномаро байни ҳукуматҳои ду кишвар "Дар бораи савдои транзитӣ" имзо карданд.
"Дар соҳаи нақлиёт мо бори дигар омодагии худро барои густариши ҳамкориҳо, аз ҷумла ҷиҳати вуруди Тоҷикистон ба бандарҳои баҳрии Қарочӣ ва Гвадар дар Покистон таъкид кардем", - изҳор дошта буданд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар Исломобод.
Лентаи хабарҳо
0